Хиёнаткор набояд бахшида шавад
Ба ҳама маълум аст, ки барои расидан ба чунин дастовардҳо дар даврони истиқлолият ҳалқи тоҷикбаъд аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ чунин азобу мушкилиҳоро паси сар намуд, ки он дар саҳифаҳои таърих абадӣ хоҳад монд. Дар ин давра нафароне пайдо шуданд, ки аз ҳисоби надонистанитаърихи миллату сарзамини худ, дину оин ва расму русуми худ ба душманони халқи тоҷик ҳамроҳ шуданду ниятҳои разилонаву нопоки худро нисбати Ватану миллати тоҷик амали сохтанд. Дар натиҷаи чунин амал ин афрод ҷавонмардони зиёдро бероҳа намуд, мардуми бегуноҳ кушта шуду кӯдакони зиёд бе волидайну саргардон ва бепарастор монд, дили модаронро аз ашк пур кард. Наворҳое, ки дар филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» овардашудаанд ин далели гуфтаҳои болост. Ин филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» доир ба амалу кирдорҳои нангини хоинони миллат, бахусус роҳбарият ва аъзои ташкилоти террористию экстремистии дар Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ), ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ба хотири дастрасӣ ба манфиатҳои шахсии гурӯҳӣ , бо дастгирии хоҷагони хориҷӣ, бар зидди давлату миллати тоҷик анҷом додаанд, маълумот медиҳад. Наворҳои мазкур ба кирдорҳои разилонаи аз тарафи роҳбарият ва аъзои ТТЭ ҲНИ анҷомшуда бахшида мешавад. Ташвиқоти ҷангҷўёнаи сарварони ин ҳизб сабаб гардид, ки садҳо ҷавонон гумроҳ шуда, «ба хотири ислом» ба сафи неруҳои хунхори (ҲНИ) пайваст шуда нобуд шуданд. Онҳо тавассути роҳандозии ақидаҳои диниву сиёсии ҳизби худ, зидди давлату миллати тоҷик баромад карданд, яъне нисбати ба Ватани худ хиёнат карда, марзу буми онро ноором сохтаанд. Натиҷаи чунин амалҳо ҳамин шуд, ки дар Тоҷикистон мазҳабу ҳаракатҳои ба мардуми мо бегонаи экстремистӣ ва террористӣ пайдо шуда буданд. Хушбахтона давлати соҳибистиқлоли мо тавонист, ки пеши роҳи чунин ҳаракатҳои носолимро бандад ва оромии ҷомеаро таъмин намояд. Бо чунин идеологияи худ онҳо мақсади истисмори омма, суиистифода аз боварии мардум ва пора пора кардани давлати ягонаи соҳибистиқлол буд. Мо омӯзгорон дар навбати худ дар муассисаҳои таълимӣ бо ташвиқоту тарғибот доими байни ҷавонон бояд ҳамаи қувваи худро ба он равона созем, то ки ин ҳолат дигар такрор наёбад. Барои ноил шудан ба чунин ҳадаф бояд ҳамаи ҷомеаи кишвари мо бетараф набошанд, корҳои фаҳмондадиҳӣ ҳам дар мактабу китобхонаҳо, ҳам дар оила аз тарафи волидайн ва ҳам дар муассисаҳои таълимии оли касбӣ бояд ба роҳ монда шавад. Бояд гуфт ки таълиму тарбияи кӯдак аз сатҳи дониши волидайни онҳо вобаста аст. Чӣ қадаре ки волидони сатҳи дониши зиёд дошта бошанд ҳамон қадар таваҷҷӯҳи онҳо ба таълиму тарбияи фарзандашон зиёд аст, яъне назоратӣ онҳо зиёд аст, ки сарчашмаи омили асосии он аз сатҳи саводнокии онҳо вобаста аст. Ба фикри мо агар ҳар як аъзои ҷомеъа бо донишандӯзи ва тарбияи фарзандони худ диққати ҷидди диҳад, онгоҳ дигар ҷомеаи мо ба чунин ҳолат гирифтор нахоҳад шуд. То ки ҷавонони мо ватандӯст, ватанпарвар тарбия ёбанд ва дар ободии кишвари маҳбубу зебоӣхуд саҳмгузор бошанд.
Сармуаллими кафедраи кори бонкӣ Азизбоев Р.А.