​Бори каҷ бар манзил нахоҳад расид...

Маълуми ҳамагон аст, ки яке аз муҳимтарин омилҳои таҳкими ваҳдати миллӣ худро ба сифати як ҷузъи миллат амиқан дарк кардан, манфиатҳои олии давлатӣ ва миллиро аз манфиатҳои шахсӣ боло гузоштан, таъмини ягонагии миллиро вазифаи шахсии ҷонии худ ва тамоми ҷомеа дониста дар роҳи ҳимояи манфиатҳои умумимиллӣ сайъу кӯшиши пайваста нишон додан аст. Мутассифона, ҳоло ҳам ин сифатҳо дар шуури баъзе аъзоёни ҷомеаамон ба қадри зарурӣ мавҷуд набуда, қатъи назар аз он ки ақидаҳои носолими чунин шахсонро ҷомеа қабул надорад, вале онҳо бо сӯистифода аз фазои озоди демократии дар мамлакатамон ба вуҷуд омада, ба амалҳои зидди қонунӣ даст мезананд. Аз ҷумла, амалҳои муғризонаи М.Кабирӣ ва ҳаммаслакони онҳо, ки саропо бо дурӯғу фаҳшу бӯҳтон олуда асту мақсади асосии онҳо яке – нопок намудани сохти давлатдории тоҷикон аст! Ҳар ҳилаву найрангҳое, ки ин нохалафон бар ҷониби тоҷикону тоҷикистониён раво мебинанд, аз хиёнате беше нест! Ҳар амали онҳо ранги аз паси инсон истода тир бар пушт задан аст. Боз бонги “хайрхоҳӣ” мезананду “ватандорем” мегӯянд....

Ҳар гуна сомонаҳо боз намудаву бо маводҳои фаҳшу буҳтони худ мардумро ба гумроҳӣ мебаранду агар рафту дар ин самт монеае пайдо шуд ва ё сомонаҳояшон камхонандатар гардад, боз ба сари мақомотҳои давлатии тоҷик мезананду сомонаҳоро қатъ гардонида, “бо тарҳи нав, бо маводҳои нав, бо идеяҳои хубтаре меоем” гуфта таҳдид ҳам карда мемонанд. Ҳайфи шумо! Ҳайфи номи одамиву ҳайфи тоҷик буданатон!!! Шояд тоҷик ҳам набошед, зеро тоҷик аз азал сулҳдӯсту ваҳдатофарин буду ҳаст! Шумо бошед бар акси ин сифатҳои олии миллати тоҷик ҳастед!

Бидонед!!! Бо ин кирдор ва бо ин хиёнат ҳаргиз ба ҳадаф намерасед, зеро бори каҷ бар манзил нахоҳад расид!!! Мо намемонем! Намегузорем, ки нохалафе санге сӯи мо занаду хоине хиёнатро бар сари давлату миллат раво бинед!!!

Шарифзода М.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ