Бадхоҳон ҳеҷ ба мақсад намерасанд
Вақтҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ иғвогариву дасисабозиҳои сиёсии беасосу бемояи бадхоҳону хоинони миллат-роҳбарони гуруҳҳои тундрав, ба монанди ТЭТ ҲНИ пахш мегарданд, ки ақидаҳои дурӯғини худро ба сари мардуми Тоҷик таҳмил кардан мехоҳанд. Бо истифода аз вожаи муқаддаси «ислом» бо роҳи фишор овардан ба ирода ва зеҳни мардум ҳадаф доранд, ки нисбат ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохти конститутсионии давлат ва арзишҳои миллӣ эҳсоси нобовариро ба вуҷуд оранд. Давлатҳои абарқудрат аз нигоҳи ҷуғрофиёи сиёсӣ бо ҳадафҳои худхоҳона ва дурнамои хеш лоиҳаҳои зиёдеро тарҳрезӣ намудаанд, ки барои аз байн бурдани аксари миллату халқиятҳои дунё аз ҳар восита кор мегиранд, бахусус тавассути мухолифини ин давлатҳо. Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслакани ӯ низ аз он ҷумлаанд, ки бо супориши чунин хоҷагони хориҷиашон аз тамоми усулу васоит истифода бурдан доранд, то байни мардум иғво ангехта, вазъи сиёсии Тоҷикистонро ноором ва худро чун «мусалмонони боадлу инсоф» ҳомиёни адолати иҷтимоӣ ангоранд. Шояд онҳо дарк нанамоянд, ки ҳадафи аслии ин «хоҷаҳо» чист. Ин тоифаҳо аз куҷо медонанд, ки сулҳу ваҳдати Тоҷикистон бо чӣ уқубатҳо ба даст омадааст? Аз масофаи ҳазорҳо километр дур тариқи садову симо иғво ангехтану сабукфикронро ба доми найранги худ афкандан кори саҳл аст. Вале кишвареро, ки душманонаш мехост онро ба арсаи муноқишаҳои миллию мазҳабӣ ва нажодӣ табдил дода, валангор созад, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист бо иродаи мустаҳками сиёсӣ ва тинати ватандӯстона ҷиҳати таҳкиму таъмини сулҳу субот дар як минтақаи ҷангдидаву харобшуда созишу ризоияти тоҷиконро фароҳам оварад. Бо шарофати ӯ сулҳу истиқрор дар Тоҷикистон пойдор гардид ва тоҷикон соҳиби ғояи миллӣ гардиданд, ки онро «Ваҳдат» унвон аст. Мардуми шарифи Тоҷикистон дар марҳилаи осоишу амният ва созандагию бунёдкорӣ ба сар мебаранду ин нохалафон теша ба ин реша задан доранд!
Аскар Акобиров