​Муҳаммадиқболи Садриддин боз як хиёнаткори миллат

Муҳаммадиқболи Садриддин низ яке аз хиёнаткори миллати тоҷик буда, бо истифода аз шабакаҳои интернетӣ кушиш менамояд иғвоҳои худро нисбати сиёсати имрузаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сарвари давлат иброз намояд.

Дар шабакаҳои интернетии “Фейсбук”, “Ютуб” барномаҳои“Минбари муҳоҷир” ва “Ислоҳ нет”-ро мебарад. Дар ин барномаҳо бо ҳар роҳу усул кушиш мекунад иғвову буҳтонҳои худро нисбати сиёсати имрузаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуда, бад-ин васила оромӣ ва сулҳу суботро дар ҷомеа халалдор созад. Ҳатто пай бурдан мумкин аст, ки барои омода намудани барномаҳои иғвогароёнааш аз ҳаммаслакони худ ва муҳоҷироне, ки дар кишварҳои Аврупо қарор доранд истифода менамояд. Бисёрии барномаҳои омодакардааш тариқи саволу ҷавоб (онлайн) барои ҳаллу фасли ягон масъалаи гуё “баҳснок” сурат мегирад, ки дар онҳо шахсоне, ки фирефтаи суханҳои ӯ гаштаанд пайваст мегарданд. Лекин ҳамаи суханҳояш ягон асосе надоранд. Ҳатто нафароне пайваст мегарданд, ки аз суханҳои пучи ӯ дилгир гардидаанд ва ба ӯ муроҷиат карда хоҳиш менамоянд, ки ин гуна назари бадхоҳонаашро нисбати сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати имрузаиҶумҳурии Тоҷикистон бо Сарварии Эмомалӣ Раҳмон хотима бахшад.

Муҳаммадиқболи Садриддин низ монанди Муҳиддин Кабирӣ фурухташудаи сармоягузорони хориҷии худ гардидааст.Ӯ бояд дарк намояд, ки кушишҳояш ҳама беҳудаанд ва мардуми сулҳпарвару меҳанпарасти тоҷик намегузорад, ки ин гуна нохалафон монанди Муҳаммадиқболи Садриддин ба ҳадафҳои нопоки худ расанд.

Мардуми тоҷик ҳамеша тарафдори сулҳу субот дар кишвар буда, бо Пешвои миллат ҳамеша ба пеш ба суи фатҳи қуллаҳои баланд равонаанд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ