Ҷилваҳои минбариву амалҳои бесарӣ
Намоиши филми мустанади “Бешарафӣ” аз тариқи шабакаҳои телевизионӣ парда аз рўи шахсияти як нафари гумроҳ, ки дар асл ҳақиқати зотии фаромўш, ё балки қурбони кадоми дасисаву ҳадафҳои нопок намуда даст ба ҳамагуна амалҳои нангин задааст, фош намуд. Бо тамошои ин филми ҳуҷҷатӣ бешарафии яке аз чеҳраҳои марказии ташкилоти террористӣ- экстемистии ҲНИ Муҳаммадиқболи Садриддин ошкор гардид, ки пайваста мисли воизони мунофиқ аз минбар худро чун мусичаи бегуноҳ нишон дода, ҳамеша кораш туҳмат задан нисбати дигарон, ҳатто сангандозӣ ба сўи Ватану миллати тоҷик аст. Воқеан, таҳиягарони филм тавонистаанд, ки дар натиҷаи ҷустуҷў, ковишҳо ва кашфи асрори зиндагонӣ ва амалҳои пасипардагии ин шахси гумроҳ чеҳра аз симои аслии ў бардоранд ва нишон диҳанд, ки дар асл ин воизи гўё “покбоз” кист? Агарчӣ ў худ бо сохтакорӣ нисбати нафарони зиёде маводу матолиб пахш кардаву туҳматҳо мебофт, то бо ин роҳ бешарафиҳояшро пинҳон созад, аммо ҳақиқати зиндагониашро бори дигар ин филм дар чашми мардум кушод. Филми “Бешарафӣ” чеҳраи оне ошкор намуд, ки худро гўё инсони содиқ ба ормонҳои исломӣ гирифта, аз минбари шабакаҳои худ фарёд мезанад, дар асл кӣ будааст ва достони фурухташудагии ў аз куҷо оғоз меёбад.Тавассути намоиши ин филми мустанад ҷомеаи кишвари мо огоҳ гардид, ки дар баробари гумроҳ кардани нафарони зиёде, фиреб кардани онҳо Муҳаммадиқболи Садриддин ҳамчун намояндаи ҳизби экстремистӣ-террористии наҳзати исломӣ даст ба амалҳои номатлубе мезанад, ки на танҳо ба номи инсон, балки мусалмонӣ иснод меоваранд. Дар филм нафарони мушаххас ва дақиқу аниқ вақте аз ин амалҳои бад ва рафтори хилофи меъёрҳои ахлоқи инсонии ў сухан мекунанд, кас дар ҳайрат меафтанд, ки чӣ тавр чунин инсон дидаву дониста ва бешармона дар баробари чунин амалҳои нопок бо забони дароз аз минбарҳои баланд сухан мегўяд. Хосатан,инсоне, ки Ба гуфтаи коршиносони филм танҳо нафарони аз ҳадди инсонии хеш берун баромада ё дорои бемориҳои равонӣ чунин ҳарф мезананд.
Шарҳи муфассали кирдорҳои зишти Муҳаммадиқболи Садриддин ва бешарафиҳои ў бори дигар собит мекунанд, ки ҳамон воизони мавриди интиқоди Ҳофизи Шерозӣ дар ҳама давру замон будаанд:
Воизон к-ин ҷилва дар меҳробу минбар мекунанд,
Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд.
Ҳанўз рафтори воизоне чун Муҳаммадиқболи Садриддин шоири бузург Ҳофизи Шерозиро низ дар ҳайрат гузошта буд, ки пеши худ суол гузорад:
Мушкиле дорам зи донишманди маҷлис боз пурс,
Тавбафармоён чаро худ тавба камтар мекунанд.
Ҳадафи ин гурўҳҳои бадхоҳ маълум аст ва инсоне, ки худ рафтору кирдори бад дорад, ҳеҷ гоҳ мақсади пок наметавонад дошта бошад. Имрўз ҳамаи ободиву пешрафтҳои назарраси кишвари азизи моро нодида гирифтан ё аниқтараш аз сари бемории равонии бадманишӣ ҳамеша бад гуфтан ба ин гурўҳ чун як дарди бедаво шудааст, чун тамоми нерўи чашму дили покбин дар вуҷудашон ба поён расидааст. Барои чашми некбин доштан, ниятҳои хайру покро соҳиб шудан лозим аст. Бухлу ҳасад ба дараҷае вуҷудашонро фаро гирифтааст, ки дигар барои хайру эҳсони андешаву рафтори нек дар он ҷойе намондааст.
Албатта, далелҳои қотеъи ин филм бори дигар дар баробари гуфтаҳои боло собит намудан, моро бар ин бовар мерасонад, ки Муҳаммадиқболи Садриддин ва ҳаммаслакони ў барои ҷавоб додан дар назди хоҷагони хеш ба чунин корҳои пасту амалҳои номатлуб қодир ҳастанд. Муҳим он аст, ки намоишифилми мазкур, махсусан суханони нафарони гумроҳшуда аз дасти амалҳои ў ва муроҷиатҳояшон чашми мардумро бори дигар барои шинохти ҳақиқати чунин инсонҳои ватанбезор ва ватанфурўш боз намуд, то чеҳраи аслиашро шиносанд. Баробари ин, ба ҷомеа ва мардум, хоса ҷавонон як бори дигар ин филм ҳушдоре дод, ки ба ҳарзаву гуфторҳои туҳматолуд, бадандешиву бадгўиҳои ин гурўҳҳо дода нашуда, дарки ҳақиқати ин нукта бирасанд, ки дар асл ин ватанбезорони бешараф кистанд? Онҳо бо чунин амалҳои нангинашон ҳеҷ гоҳ ҳуқуқи аз номи Ватани азизи мо сухан карданро надоранд.
Дар ҳошияи талқин ва маърифати ғояҳои ин филм имрўз мардуми мо, хоса ҷавононро зарур аст, ки ба дарки зарурати маҷмўи ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди аз даст надодани зиракии сиёсӣ, ҳифзи якпорчагии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва таҳкими ваҳдати миллӣ бирасанд ва барои муҳофизати арзишҳои бузурге чун Истиқлол, Ваҳдати миллӣ, оромиши Тоҷикистон ва таъмини амнияти ҷомеа тамоми талошу кўшишҳои хешро харҷ намоянд. Хушбахтона, имрўз мардуми тоҷик ба қадри ин неъматҳо, хоса ваҳдату муттаҳидӣ мерасанд ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз мекунанд, чун ин гавҳари ноёб маҳсули ҷонбозиву талошҳои Асосгузори ин сулҳу ваҳлат, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарҷамъии мардум дар атрофи меъмори кохи ваҳдати халқ мебошад.
Маҷмўи ин ибтикори ватандўстона метавонад ҷомеаро ба роҳе ҳидоят намояд, ки дигар чунин қувваҳои ғаразноку бадкор, душманони миллат ба ин рўзу рўзгори хушу хурсанд, фазои орому осудаи кишвари азизи мо наметавонанд таъсир гузоранд, зеро ғояу ормонҳои Пешвои миллати мо маҳз барои таъмини фардои рўшану чароғон, таъмини зиндагонии шоистаи мардуми Тоҷикистони азиз ва расидан ба ормонҳои бузурги миллӣ равона шудаанд. Вақте аз ҷониби Пешвои миллат, кафолати чунин рўзҳои пурнишоту зиндагонии орому осуда ва даврони шукуфову нусратёр дода шудааст, масъули таъмини ба амал пайвастани ин ормонҳои наҷиб ва беназир пеш аз ҳама ҳар яки ҳастем, зеро ба таъбири Пешвои миллат “Ватанамонро ба ҷуз худи мо каси дигар обод намекунад. Бинобар, ин мо агар Ватанро дӯст дорем, бояд аз таҳти дил барои ободии он кӯшиш намоем”.
Нуралӣ Нурзод - муовини директори институти илмӣ- тадқиқотии илмҳои ҷомеашиносии МДТ “ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров, номзади илмҳои филологӣ