Кафолати озодиҳои инсон ва шаҳрванд

Мақола ба Озмуни “Ҳуқуқдони беҳтарин” бахшида ба “Соли 2024-соли маърифати ҳуқуқӣ”

Озодии инсон худмуайянкунии шахсият, имконияти бе ягон маҷбурсозӣ, мувофиқи иродаи худ амал кардан аст. Агар ҳуқуқи инсон имконияти ба ҷо овардани амалҳои муайян бошад, пас, озодиҳои инсон чунин соҳаҳои фаъолияти шахс мебошад, ки онро давлат амалӣ мегардонад. Давлат на танҳо ба соҳаи озодиҳои фардии шахсият бояд дахолат накунад, балки инчунин бояд ҳимояи ӯро аз дахолати одамони дигар таъмин намояд. Масалан дар давлати демократӣ муҳим будани ҳамаи динҳои ҷаҳонӣва эътиқоди динӣ пазируфта мешавад. Ин кори шахсӣ ва интихоби шахсии ҳар одам аст ва давлат набояд ба мансубияти одам ба ин ё он эътиқоди динӣ таъсир расонад. Инчунин пайравони динҳои гуногун бояд қонунгузории давлатро роия намуда, ба корҳои давлатӣ дахолат накунанд.

Бо вуҷуди тафовутҳои зикргардидаи байни ҳуқуқ ва озодиҳои инсон онҳо ба ҳамдигар тавъам буда, якдигарро пурра месозанд, инчунин, ба дараҷаи баробар аз ҷониби давлат кафолат дода ва ҳимоя карда мешаванд.

Ҳуқуқ ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсият аз қабили ҳуқуқҳоишахсии инсон буда, аз табиати ў бармеояд. Ин ҳаққи азалии инсон буда, ў ҳамеша хостааст, ки аз ин неъмат баҳраманд бошад. Вале, на дар ҳар давру ва на дар ҳар макон инсон тавонист аз он бархўрдор бошад. Дар ҷой ва ё дар замоне агар озодӣ ва дахлнопазирии шахс эътироф, риоя, ҳурмату эҳтиром мешуд, дар дигар ҷой ва ё замони дигар он поймол карда шудааст.

Давлат ба воситаи Конститутсия, қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз тариқи фаъолияти мақомоти давлатӣ бояд чунин шароитеро фароҳам оварад, ки инсон дар љомеа худро озод ҳис намояд, имконият доштабошад, ки тамоми нерўи зеҳнӣ, ақлӣ ваљисмонии худро пурра истифода бурда тавонад.

Дар моддаҳои 24, 26, 28, 30, 33, 35, 40-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озодиҳои инсон ва шаҳрванд муқаррар ва ҳифзи онҳо кафолат дода шудаанд. Мувофиқи моддаи 24 шаҳрванд ба мусофират, озодона интихоб кардани маҳалли зист, тарки ҷумҳурӣ ҳуқуқ дорад. Дар моддаи 26 озодии виҷдон, яъне худ ва якҷоя бо дигарондинеро пайравӣ намудан ва дар маросиму расму оинҳои динӣ иштирок кардан ё накарданро дорад. Моддаи 28 ба шаҳрванд ҳуқуқи ташкил ва аъзогӣ ба ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба ва иттиҳодияҳои ҷамъиятиро додааст, ӯ метавонад ихтиёран ба онҳо дохил ва аз ҳайъати хориҷ гардад. Дар моддаи 30 озодии сухан нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода шудааст. Мувофиқи моддаи 33 ҳар кас ҳуқуқи озодона бастани ақди никоҳро дорад. Моддаи 35-и Конститутсия ба ҳар кас ҳуқуқи интихоби касбу корро додааст. Дар асоси моддаи 40 бошад шахс метавонад озодона дар ҳаёти фарҳангии ҷомеа эъҷоди бадеӣ, илмӣ ва техникӣ ширкат варзад, аз дастовардаҳои онҳо истифода кунад.

Ҳамаи озодиҳои инсон, ки Коститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, азЭъломияи умумии ҳуқуқи башар сарчашма гирифта, аз лиҳози пурра дарбар гирифтани ҳуқуқу озодиҳои фитрии инсон ва шаҳрванд имрӯз Конститутсияи кишвари мо дар ҷаҳон яке аз беҳтарин қонунҳои асосӣ ба шумор меравад.

Боиси ифтихори мо тоҷикон аст, ки нахустин санади ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои фитрӣ ё табиии инсон бахшидашуда дар Шарқ эъҷод шудааст. Он Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир мебошад, ки таърихи 2500-сола дорад. Маҳз дар ҳамин санади қадимаи ҳуқуқӣ, ки бо забони тоҷикӣ-форсӣ навишта шуда буд, бори нахуст арзишҳои башарӣ аз қабили манъ будани ҷабру ситам, барҳам додани ғуломӣ, бе пардохти арзиши воқеӣ нагирифтани моли каси дигар, озодии интихоб намудани дину мазҳаб, фардияти ҷиноят ва ҷазо, ҳуқуқи озодона интихоб кардани ҷойи зист, хусусияти инфиродӣ доштани амали ҷинояткорона ва сазовори ҷазо эътироф намудани танҳо шахси содирнамудаи ҷиноят ва ғайра инъикос шудаанд, ки то ҳол қимати худро гум накардаанд. Куруш дар эъломияи худ чунин муқаррот овардааст: “Манам Куруш –шоҳи шоҳон, шоҳи бузург, шоҳи нирӯманд, писари Камбуҷия, шоҳи салтанати абадӣ, ки силсилааш мавриди меҳри Худоён ва ҳукуматаш ба дилҳо наздик аст. Фармон додам то ҳамаи мардум дар парастиши Худои худ озод бошанд ва бад-ин сон ононро наозоранд. Фармон додам ҳеҷ як хонаҳои мардум хароб нашавад. Фармон додам, ки ҳеҷ кас аҳолии шаҳрро аз ҳастӣ (зиндагӣ) соқит накунанд.”

Дар Ғарб ҳуқуқ ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсиятро ба гурўҳи насли аввали ҳуқуқи инсон мансуб медонанд. Пайдоиш ва эътирофи расмии онро замони револютсияи франсавиҳо, охири асри XVIII меҳисобанд.

Воқеан 26-уми августи соли 1789 Маҷлиси Миллӣ – мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузории мардуми фаронса ҳуҷҷатеро бо номи Эъломияи ҳуқуқи инсон ва шахрванд қабул намуд, ки дар моддаи якуми он озодии одамон чунин арзёбӣ шуда буд: «Одамон озоду баробарҳуқуқ тавлид шуда, озоду баробарҳуқуқ мемонанд». Дар ин ҳуҷҷати таърихию шўҳрати ҷаҳонӣ дошта, таъмин намудани озодӣ ва баробарҳуқуқии одамон, моликият ва амнияти онҳо - мақсади асосии давлат маҳсуб дониста шуда, онҳо аз инсон ҷудонопазир, табииву муқаддас эълон шуданд. Ин Эъломия дар натиҷаи револютсия ба даст омада, баҳри ояндаи дурахшони инсоният эълом карда шуда буд, ки то ба имрўз ба мардум хизмат менамояд. Ин ҳама ҷонбозиҳо ҳанўз соли 1789 ба вуқуъ пайваста буд. Қабули Эъломияи Фаронса, гарчанде дар эътироф ва пайдоиши хуқуқи инсон қадами хеле бузург буд, вале бархе аз ҳукуматдорон аз он фаромўш намуда, онро поймол менамуданд. Шаҳодати бедодгарии азим дар поймол намудани хуқуқи инсон ҷанги хонумонсўзи Гитлери фашистӣ буд. Ин ҷанг миллионҳо нафар одамро аз ҳаққи хаёт маҳрум намуд.

Баъди дарку эҳсоси оқибатҳои мудҳиши Ҷанги дуюми Ҷахонӣ (соли 1948) Ассамблеяи Генералии СММ бо дарназардошти ин, ки ҳуқуқи баробар ва дахлнопазири аҳли башар асоси озодӣ, адолат ва сулҳи умум аст, бо мақсади эҷоди чунин дунёе, ки дар он одамон дар сухан ва ақида озод ва аз тарсу эҳтиёҷ фориѓ бошанд, бо мақсади бо ҳукми қонун ҳимоя намудани хуқуқи башар, - Эъломияи умумии ҳукуқи башарро хамчун вазифаи тамоми халқҳо ва тамоми давлатҳоқабул намуд.

Дар Эъломияи умумии хукуқи башар хуқуқ ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ дар моддаи 3–ум чунин зикр карда шуд: «Ҳар як инсон ба ҳаёт, озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ ҳақ дорад». Ин меъёри хуқуқӣ баъдтар соли 1966 дар Паймони байналмиллалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шахрвандӣ ва сиёсӣ ( м.9. 1) чунин ифода карда шуд: «Ҳар як инсон ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ хақ дорад. Ҳеҷ кас наметавонад худсарона ба ҳабс гирифта шавад ё дар ҳабс нигоҳ дошта шавад. Ҳеҷ кас набояд аз озодӣ, ѓайр аз асосҳо ва мутобиқи расмиёте, ки тавассути қонун муқаррар карда шудаанд, маҳрум карда шавад». Давлатҳои аъзои ин Паймон ўҳдадор шуданд, ки ҳамаи хуқуқҳои дар Паймон омадаро эҳтиром намуда, ҳуқуқи ҳамаи шахсони дар қаламрави онҳо зиндагӣ менамударо, новобаста аз фарқиятҳои миллию нажодӣ, иҷтимоию забонӣ, динию сиёсӣ ва дигарҳо таъмин намоянд. Ҳамчунин давлатҳои иштирокчии Паймон ўҳдадор шуданд, ки ҳуқуқҳоро тавассути қонунгузории миллӣ мустаҳкам намоянд.

Аввал, Конститутсияи Тоҷикистони шўравӣ ва баъдтар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳуқуқ ва озодии инсону шаҳрвандро дар шаклу мазмуни гуногун мустаҳкам намуданд. Дар Конститутсияи амалкунандаи Ҷумхурии Тоҷикистон ҳуқуқ ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсият дар меъёрҳои алоҳидаи конститутсионӣ инъикос карда шуда, аз рўи мазмун бомуқаррароти санадҳои дар боло зикршуда айнияте доранд. Мисол, дар қисми 3-ми моддаи 5-уми Конститутсия чунин омадааст: «Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд». Яъне аз тарафи давлат ҳамагуна озодии фитрии инсон, ки ба манфиати дигарон зарар надорад, эътироф, риоя ва ҳифз карда мешавад. Ё дар моддаи 17-и Конститусия таъкид карда шудааст, ки давлат озодии ҳар касро кафолат медиҳад. Дар ин меъёрҳои конститутсионӣ истилоҳи озодӣ мазмуни васеъ дошта, зери он озодии шахс, озодии афкор ва сухан, озодии ахбор, озодии виҷдон ва эътиқоди динӣ, озодии интихоби маҳалли зист, озодии ҷинсӣ, озодии ширкат дар маҷлисҳо ва намоишҳо, озодии эҷодиёт ва дигар озодиҳо фаҳмида мешавад.

Дахлнопазирии шахс тавассути Конститутсия ба сифати ҳукуқ ва манфиати қонунии шахс аз тарафи давлат кафолат дода шудааст (м. 18).

Таҳлили муқаррароти м. 3–и Эъломияи умумии ҳукуқи башар, м. 9 (1)-и Паймони байналмиллалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шахрвандӣ ва сиёсӣ ва м. 5, 17 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки дар санади якум ва дуюмозодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ чун ҳуқуқи инсон муайян шуда, дар м.5, 17 – и Конститутсия чун озодӣ омада, дар м. 18-ум дахлнопазирии шахс боз чун ҳуқуқ ва манфиати қонунии инсон кафолат дода шудааст. Дар ҳамин асос, дар ҳар ду маврид хулоса намудан дуруст аст, ки табиат ва мазмуни ҳуқуқии истилоҳи «озодӣ» ва «ҳуқуқ» ягона мебошад. Ҳам «ҳуқуқ» ва ҳам «озодӣ» доираи манфиат ва талаботи ҷонию маънавии одамон, ҳаракат ва талаботҳои қобили қабули ҷамъияти инсониро ифода менамоянд. Бо вуҷуди ин монандӣ, миёни онҳо тафовуте дида мешавад. Агар «озодӣ» имкониятҳои васеи интихоби фардро дар қонеъ намудани талаботи шахсиаш нишон диҳад ва оқибати онро талаб нанамояд, «ҳуқуқ» имконият ва талаботи нисбатан аниқи одамонро доир ба қонеъ намудани манфиатҳои ҷузъиашон ифода менамояд.

Ҳуқуқ ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсият, ки дар м. 3–и Эъломияи умумии ҳукуқи башар ва м. 9 (1)-и Паймони байналмиллалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ мустаҳкам карда шудааст, аз лиҳози мазмун аз ҳуқуқу озодиҳое, ки дар м. 5, 17 – и Конститутсия аниқ шуданд, маҳдуд буда, он танҳо оид ба ҳабс ва маҳдуд намудани доираи ҳаракати инсон нисбат дода шудааст. Азбаски ин нуқта дар м. 5 (1)-и Паймони Аврупо дар бораи ҳимояи ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосӣ (1950) низ зикр карда шудааст, Суди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон чунин тарзи маҳдуди маънидод намудани «озодӣ» ва «дахлнопазирӣ»-ро нокифоя донистааст. Албатта м. 9 (1) - и Паймони байналмиллалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, м. 5 (1)-и Паймони Аврупоро маънидод намуда, дар бораи озодии умуми (озодиҳо дар ҳаёти шахсӣ, озодиҳои иҷтимоию-иқтисодӣ, сиёсӣ) сухан гуфтан каме нодуруст аст. Вале бояд дар назар дошт, ки маҳдуд намудани озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ на танҳо ҳангоми дастгир намудан ва ҳабс кардан ба вуқўъ мепайвандад. Дар ҳаёт ҳолатҳое ба вуқўъ мепайвандад, ки дастгиркунӣ ва ҳабс намудан татбиқ нашуда, аммо озодӣ маҳдуд карда шуда, ба шахсияти ў дахолат карда мешавад. Мисол, маҷбуран урён намудани шахс ҳангоми гузаронидани шаҳодаткунонӣ дар тафтиши ҷиноят ё маҷбуран табобат намудани шахсоне, ки ба касалии рўҳӣ гирифтор шудаанд.

А. Холиқзода дар асари худ Холиқзода А.Ғ. “Мафкураи миллӣ ва ҳуқуқ”. (-Душанбе, 2021) қайд менамояд, ки “Озодии аз ҳад зиёди ташкили идора (як навъи либерализатсияи сиёсӣ) дар ҳамбастагӣ бо ҳуқуқҳои бесарҳади шахсӣ дар кишварҳои рӯ ба рушд, бидуни ба инобатгирии таърихи чандҳазорсолаи фарҳангии халқу миллатҳо ва махсусияти соҳибихтиёрии давлатии онҳо тимсоли модели ғарбӣ, бо иҷборӣ ба ҷуз ҳолати ноамнӣ ва фитнаю ҷангҳои шаҳрвандӣ, ки саодати мардумро хору залилӣ намудааст, дигар ҳеҷ оромие барои онҳо намеорад, дар бораи намунаи муваффақ, ҳарф задан дигар маънӣ надорад”.

Аз ин ҳолат бар меояд, ки озодии шарқиёнаи мо бояд аз муқаррароти дин, ахлоқу одоб, урфу одати аҷдодиамон ва таъриху тамаддуни миллиамон дур наравад ва боиси нооромиву носуботиҳо дар қишрҳои алоҳидаи ҷомеа нагардад. Озодӣ аз назари иҷтимоӣ сарҳади худро дорост, ки онро қонун, ахлоқ, эътиқод ва тамаддун ташкил менамояд. Мувофиқи муқаррароти Конситутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қимати арзиши озодиро моддаи 5, доираи амалаи онро моддаи 14 ва масъулияти озодиро моддаи 42 муқаррар менамояд. Яъне озодии мо то ҷое ҳудуд дорад, ки ҳуқуқу озодиҳои дигарон ва манфиатҳои давлату ҷомеа сар мешавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд ба шумор меравад ва демократия ифодагари озодӣ ва соҳибихтиёрии халқ маҳсуб меёбад. Демократи асил танҳо шахси боадаб, дар оилаи хуб тарбия ёфта, байни мардум шӯҳратёфта, садоқат ва муҳаббат ба Ватан дошта, ба хизмати мардум гузашта, хирадманд, меҳнатпараст ва донишманд шуда метавонад. Яъне шахси озодихоҳ ва демократи асил бояд дар ҳолатҳои зарурӣ ҷони худро барои ҳимояи Ватан, ҳифзу ободии он ва ҷонибдори. тарғиби сиёсати пешгирифтаи давлат ва Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дареғ надорад.

Ҳамин тариқ, озодии инсонро ба озодии сухан, виҷдон, иштирок дар роҳпаймоиҳои қонунӣ, аъзои ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ шудан, ҳаракат, озодона муайян кардани маҳалли зист, фаъолияти касбӣ ва ғайра ҷудо намудан мумкин аст. Бо назардошти он ки инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ў арзиши олӣ мебошад, ҳаёт қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд, озодиҳои инсон аз тарафи давлат эътирофу тавассути қонуну санадҳои байналмиллалӣ ҳифз карда мешавад, қатъиян хулоса намудан дуруст аст, ки ҳуқуқ ба озодӣ ва дахлнопазирии шахс дар ҳамин шаклу ибора дар Тоҷикистон эътироф шуда, риояи он дар Конститутсия ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат дода мешавад.

Ҷабборова Ирода Иброҳимовна донишҷӯи курси 2-юми факултети таърих ва ҳуқуқи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ