​Дастурамал барои тараққиёт дар ҳама самтҳо

Вазияти ҷаҳони имрўза моро водор месозад, ки дастовардҳои солҳои истиқлолиятро ҳимоя намуда, боз мустаҳкам кардани ваҳдати миллӣ, рушди иқтисодиёт, беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардумро вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳисоб намуда, дар ҷаҳонбинии ҳар як шаҳрванд руҳияти ватандўстӣ ва ватанпарвариро боз инкишоф диҳем. Дар Паёми имсола ин ғояҳо вазифаҳои муҳим арзёбӣ гардид.

Дар Паёми Сарвари давлат масъалаи рушди иқтисодиёт ҳамчун қисми муҳими сиёсати давлат ва Ҳукумат инъикос гардид. Дар Паём оварда мешавад, ки «дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд.

Дар ин давра даромади пулии аҳолӣ 3,3 баробар афзоиш ёфта, аз 37,2 миллиард сомонии соли 2017 ба 112,7 миллиард сомонӣ дар соли 2023 расид.

Музди миёнаи меҳнат беш аз 2 баробар ва андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,9 баробар зиёд гардид.

Бо вуҷуди болоравии нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ, солҳои охир дар кишвар сатҳи таваррум муътадил нигоҳ дошта шуда, соли 2023-юм 3,8 фоизро ташкил намуд.

Дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои зикргардида сатҳи камбизоатӣ аз 29,5 фоизи соли 2017 то 21,2 фоиз дар соли 2023 коҳиш дода шуд».

Дар Паём муҳайё намудани шароити ҳарчи беҳтари зиндагӣ барои сокинони кишвар ҳадафи олитарин ҳисобида шуд ва барои ба ин мақсадҳо ноил гардидан, бемайлон рушди иқтисодиётро таъмин кардан зарур аст, ки дар ин бора ба мақомотҳои дахлдор вазифагузориҳо карда шуд.

Дар Паёми Президенти мамлакат рушди соҳаи энергетика, барои истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда, таҷдид ва барқарорсозӣ ва сохтмони иншооти соҳаи энергетика, ба фароҳамсозии шароити мусоид барои рушди энергетикаи сабз таъкид карда, супоришҳои амиқ дода шуд. Дар Паём дар ин бора таъкид гардид: «Бо мақсади идома додани ин раванд ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки ҷиҳати дар ҳафт соли минбаъда то ба 10 фоиз паст кардани сатҳи камбизоатӣ чораҳои мушаххасро амалӣ намояд.

Вобаста ба ин, зарур аст, ки дар соли 2024 тавассути татбиқи самараноки барномаву нақшаҳои қабулгардида суръати рушди иқтисоди миллӣ дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин карда шавад».

Дар буҷети давлатӣ вазифаҳои иҷтимоии он ба инобат гирифта шуда, Ҳукумати кишвар барои баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум пайваста чораҷӯӣ менамояд. «Бо фароҳам омадани имконият хусусияти иҷтимоии буҷети давлатӣ тақвият дода шуда, хароҷот барои илму маориф, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ аз 9,6 миллиард сомонии соли 2017 ба 18,5 миллиард сомонӣ дар соли 2023 расонида шуд, яъне 1,9 баробар зиёд гардид.

Дар ҳафт соли охир аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои дастгирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ тавассути пардохти нафақа, кумакпулӣ ва ҷубронпулиҳо, нигоҳдории муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва уҳдадориҳои дигар зиёда аз 21,9 миллиард сомонӣ, аз ҷумла танҳо дар соли 2023-юм 4 миллиард сомонӣ равона карда шуд.

Дар ин давра танҳо ҷиҳати пардохти кумаки унвонии иҷтимоӣ барои оилаҳои камбизоат ва кӯдакони маъюб, инчунин, ҷубронпулии яквақта ба шаҳрвандони аз фалокатҳо зарардида 2 милларду 70 миллион сомонӣ равона карда шудааст”.

Инчунин, дар Паём таъкид мегардад, ки боз ҳам зиёдтар заҳмат кашида, ба масъалаи таълиму тарбия афзалияти бештар диҳем, сатҳу сифати таълимро дар ҳамаи зинаҳо беҳтар кунем, барои таҳсилоти босифат аз тамоми имконот истифода карда, заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимиро таҳким бахшем ва самарабахшии фаъолияти онҳоро таъмин намоем.

Иқтибосҳои муҳим аз Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон:

  • Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд;
  • Дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои зикргардида сатҳи камбизоатӣ аз 29,5 фоизи соли 2017 то 21,2 фоиз дар соли 2023 коҳиш дода шуд;
  • Дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои зикргардида сатҳи камбизоатӣ аз 29,5 фоизи соли 2017 то 21,2 фоиз дар соли 2023 коҳиш дода шуд;
  • Дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои зикргардида сатҳи камбизоатӣ аз 29,5 фоизи соли 2017 то 21,2 фоиз дар соли 2023 коҳиш дода шуд;
  • Танҳо дар соли 2023 соҳибкорони мамлакат 715 корхонаи нави истеҳсолӣ бо 5 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода супориданд;
  • Дар зарфи солҳои истиқлоли давлатӣ амалисозии нақшаву барномаҳои рушди соҳаи саноат имкон дод, ки дар кишвар беш аз 3 ҳазор корхонаи саноатӣ бо 54 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шавад;
  • Танҳо аз ҳисоби зиёд шудани иқтидорҳои саноатӣ дар замони истиқлол талабот ба неруи барқ беш аз 800 мегаватт зиёд гардид;
  • Дар 75 соли замони гузашта (то соли 1991) дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ бо 33 ҳазор ҷойи корӣ фаъолият дошт;
  • Мо ба рушди иқтисодии мамлакат аз соли 2000-ум – ҳамагӣ 23 сол пеш шурӯъ кардем;
  • Бо дарназардошти аҳаммияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, мо солҳои 2022 – 2026-ро «Солҳои рушди саноат» эълон намудем;
  • Низоме, ки дар 75 соли замони гузашта муҳлати истифодаи аксари таҷҳизоти он қариб ки ба анҷом расида буд, таҷдиду навсозӣ карда шуд;
  • Агар мо ин корро намекардем, шояд имрӯз умуман бе барқ мемондем;
  • Мо тасмим гирифтаем, ки соли 2025 агрегати сеюми неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро ба истифода диҳем;
  • Фаромӯш набояд кард, ки дар се даҳсолаи гузашта аҳолии Тоҷикистон аз 5 миллион ба 10 миллион расид, яъне талабот ба маводи ғизоӣ ду баробар афзоиш ёф;
  • Соли 2023-юм 15 ёдгории таърихиву фарҳангии тоҷикон ба Феҳристи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО ворид карда шуд, ки боиси эътибори бештар пайдо кардани фарҳанги бостонии миллати тоҷик дар байни ҷомеаи башарӣ гардид;
  • Рушди сармояи инсонӣ омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан, маорифу тандурустӣ, илму инноватсия, инчунин, фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ мебошад;
  • Дар навбати худ, рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад;
  • Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон тибқи таҳлилҳои ЮНЕСКО ва Бонки Ҷаҳонӣ ба гурӯҳи кишварҳое дохил шудааст, ки ҳаҷми маблағгузории онҳо ба соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлат зиёд мебошад;
  • Дар ин раддабандӣ мамлакати мо аз 183 кишвари таҳти омӯзиш қарордошта ҷойи 21-умро ишғол менамояд;
  • Дар чунин шароит омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад;
  • дар ин давра дарозумрии миёнаи аҳолӣ аз 70 сол ба 76,3 сол расидааст;
  • ҷиҳати идома додани ғамхории давлат ва Ҳукумати мамлакат ба мардуми кишвар, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш медиҳам;
  • – аз 1-уми июли соли 2024 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо дар ҳаҷми 30 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия, яъне зиёд карда шаванд;
  • – аз 1-уми июли соли 2024 маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилотҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 40 фоиз зиёд карда шаванд;
  • – инчунин, аз 1-уми январи соли 2024 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони ин мақомот 40 фоиз зиёд карда шавад;
  • Ҳамзамон бо ин, аз 1-уми июли соли 2024 ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба андозаи 800 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад;
  • Қобили зикр аст, ки танҳо соли 2023 беш аз 3000 нафар ҷавонони мо ғолиби озмуну олимпиадаҳои байналмилаливу ҷумҳуриявӣ гардидаанд;
  • Танҳо соли 2023 варзишгарони Тоҷикистон аз мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ 343 медал, аз ҷумла 108 тилло, 76 нуқра ва 159 биринҷӣ ба даст оварданд, ки нисбат ба соли 2022-юм 226 медал зиёд мебошад;
  • пешниҳод менамоям, ки соли 2024 ба ифтихори ин санаи бисёр муҳимми таърихӣ «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад.

Равшан Усанов, номзади илмҳои фалсафа, дотсент

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ