​Рӯзи Президент - рамзи эҳтиром ба заҳматҳои Пешвои миллат аст

Ба хотири арҷгузорӣ ва эҳтиром ба мансаби олии давлатӣ – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи садоқат ба Ватан, Президент ва миллат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти таҷрибаи байналмилалӣ ва воқеияти ҳаёти ҳуқуқии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд, дар заминаи ҳамин санадҳои ҳуқуқӣ аз ҷониби мақоми олии қонунбарор шурӯъ аз соли 2016 рӯзи 16-уми ноябр дар кишвар ҳамчун Рӯзи Президент таҷлил карда мешавад. Мақсад аз рӯзи ид муайян кардани рузи 16 ноябр дар он ифода меёбад, ки ибтидо аз ҳамин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими давлатӣ, яъне тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шурӯъ намудааст. Мавриди зикр аст, ки дар роҳи расидан ба сулҳу ризоияти миллӣ нақши фарзонафарзанди миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо бузург аст.Хушбахтона, зери Сарварии ин абармарди майдони сиёсат на танҳо боиси наҷоти давлату миллат, балки омили рушди устувори тамоми соҳаҳои идораи давлатӣ, аз ҷумла иқтисодиёт, сиёсат, фарҳанг, маориф ва дигар соҳаҳо гардид. Дастовардҳои Президенти Тоҷикистон, аз он иборат аст, ки зарфи 32 соли соҳибистиқлолӣ дар низоми маориф 32 муассисаи таҳсилоти олӣ, 41 муассисаи таҳсилоти ибтидоиву миёнаи касбӣ ва 3246 мактаб, аз ҷумла 156 муассисаи таълимии намуди нав, яъне гимназия, литсей, мактабҳои байналмилалӣ ва 300 муассисаи томактабӣ бунёд ёфт, ки далели возеҳи иқдомоти созандаи Ҳукумати мамлакат мебошад. Зикр намудан ҷоиз аст, ки барои таъмин намудани рушди соҳаи маориф даҳҳо барномаи давлатӣ қабул ва амалӣ карда шуда, зарфи 32 сол барои соҳиби саводу маърифат ва илму дониш гардонидани наслҳои наврас ба маблағи 434 миллион сомонӣ зиёда аз 735 номгӯи китобҳои дарсӣ бо шумораи умумии 50 миллион нусха нашр гардид.

Ҳамчунин бо мақсади кашфи истеъдодҳо ва тарбияи онҳо, баланд бардоштани сатҳи худшиносиву худогоҳӣ ва саводнокиву маърифатнокии мардум, қабл аз ҳама, наврасону ҷавонон ва тақвияти завқи зебоипарастии онҳо мо баргузор намудани озмунҳои «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат», «Тоҷикон – оинаи таърихи миллат» ва дигар чорабиниҳо аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба роҳ монда шуд, ки ин омил боиси рӯҳбаландии аҳли маориф ва ҷавонону хонандагон гардид. Ҳадаф аз иқдомоти зикршуда ин аст, ки ҳар фарди тоҷик таърихи пурифтихори гузаштаи худ, мероси ғановатманди фарҳангӣ ва дигар арзишҳои неки миллати бостониву тамаддунсози хешро хуб донад, ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарастӣ дошта бошад. Илова бар ин, барои барномаҳои давлатии соҳа, хусусан, дар самти таҳсилоти томактабӣ, дарёфт ва рушди истеъдодҳо, такмили таълими забонҳои русӣ ва англисӣ, таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳаз, инчунин, рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ аввалин маротиба ба таври мутамарказ 32 миллион сомонӣ ҷудо карда шуд, дигар кишварҳо дар ҳаллу фасли мушкилоти сиёсиву амниятӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷаҳон нақш мегузорад; ба зиёда аз 350 санади байналмилалӣ, ба мисли конвенсияҳо, ва эъломияҳои байналмилалӣ ҳамроҳ шуда, уҳдадориҳои худро дар самти расидан ба ҳадафҳои ҷаҳонӣ, аз қабили рушди иҷтимоӣ, беҳбуди вазъи иқтисодӣ, ҳифзи муҳити зист ва амсоли онҳо иҷро менамояд; бо давлатҳои мухталифи ҷаҳон санадҳои муҳими ҳуқуқиро ба имзо расонида, мавриди иҷро қарор додааст; се ташаббуси бузург дар соҳаи об дар сатҳи ҷаҳонӣ амалӣ шудаанд, аз ҷумла эълон кардани соли 2003 ҳамчун “Соли байналмилалии оби тоза”, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” барои солҳои 2005-2015 ва соли 2013 ба ҳайси “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об”; инчунин соли 2016 ба узвияти Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид (ЭКОСОК) интихоб гардидааст ва мавқеъ ва дидгоҳи худро дар амалияи сиёсӣ борҳо намоиш додааст, даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 ба ин раванд такони ҷиддӣ ва нерӯи тоза мебахшад.

Бо назардошти далелҳои баёнгардида бояд таъкид намуд, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро месазад ҳамасола бошукӯҳ таҷлил намоем, чунки Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон ҳамчун шахсияти барҷастаи миллат, ки дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузошта, тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 дар асоси овоздиҳии умумихалқӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузургу тақдирсоз намудааст.

Азимова Машҳурахон Ҳоҷиевна – мудири кафедраи назария ва методикаи тарбияи томактабии факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ