Маориф - таҳкимбахши амнияти миллӣ

Сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди илму маориф тибқи меъёрҳои аз ҷониби ҷомеаи башарӣ пазируфташуда таҳия ва амалӣ карда шуда, маориф бо назардошти вазъи имрўзаи ҷаҳони муосир яке аз омилҳои муҳимтарини амнияти миллӣ маҳсуб меёбад. Дар ҷаҳонипуртазоди зудтаѓйирёбандаи имрӯза фақат насли навраси соҳибмаърифату соҳибкасбу соҳибҳунар, ки донандаи ду – се забон мебошанд, метавонанд, рушди босуботи кишварро таъмин намуда бошанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои солона ва суханрониҳои худ, аз ҷумла санаи 01.09.2023 (Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон), ки ба таҷлили Рӯзи дониш бахшида шуда буд, таъкид доштанд, ки дар меҳвари сиёсати иҷтимоии кишвар соҳаи илму маориф яке аз самтҳои калидӣ боқӣ монда, омӯзгор ҳамчун як қувваи таҳкимбахши рушд ва пешрафти он маҳсуб меёбад. Нақш ва мақоми омӯзгор дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати дониш, соҳибмаърифат кунонидани насли наврас, ташаккули тафаккури фарҳангӣ ва техникиву эҷодкории онҳо, таҳким бахшидани соҳаҳои гуногуни ҷомеа хеле назаррас мебошад. Тарбияи дурусти шогирдон маҳз ба донишу таҷриба, малакаву маҳорати касбӣ, истифодаи усулҳои инноватсионӣ ва фаъоли таълим ва дигар паҳлӯҳои фаъолияти шахсии омӯзгор алоқаи ногусастанӣ дорад. Бинобар ин, ба таври мунтазам аз курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаштан, дониш ва касбияти худро такмил додан, технологияи муосири таълимро омӯхтан, аз воситаҳои навини технологӣ самаранок истифода бурда тавонистан бояд асосифаъолияти омўзгорроташкил намояд.Баробари вусъат бахшидан ба раванди таълим дар муассисаҳои таълимӣ(таҳсилотитомактабӣ, таҳсилоти миёнаиумумӣ, таҳсилоти олии касбӣ) дар роҳи таҳким бахшидан ва дуруст ба роҳ мондани масъалаҳои тарбия, бахусус, дар рӯҳияиватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондўстӣ, худогоҳӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ дар байни ҷавонон саҳми назаррас гузорад.

Дар масъалаи ба роҳ мондани робитаи байни оила ва муассисаҳои таълимӣ ва амалӣ намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» низ омӯзгор нақши созанда дорад. Аз ин рӯ, тибқи тақозои замон омӯзгорону олимон ва муҳаққиқон бояд ҳамқадами замон бошанду, барои пешрафти илми тоҷик мусоидат намуда, мутахассисони ба талаботи бозори умумиҷаҳонии меҳнат рақобатпазирро ба воя расонанд.

Аз нуктаҳои меҳварии суханронии Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон метавон чунин хулосагузорӣ намуд, ки мутахассисони ҷавон вобаста ба талаботи ҷомеаи техногенӣ ва фазои ҷаҳонии таҳсилот бояд

дар рӯҳияи худогоҳию худшиносӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, таҳкиму пойдории забони давлатӣ, эҳтироми муқаддасоти миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ таълиму тарбия гиранд. Танҳо дар ҳолати татбиқу амалинамоии ин «модел» - таълим метавонем Тоҷикистонро ба як кишвари дар самти рушди технологияи инноватсионӣ пешрафта, табдил диҳем.Дар шароити мураккаби сиёсиву иқтисодии ҷаҳони муосир миллати тоҷик бояд мустақилона барои пешрафту ободии Тоҷикистон талош намояд, ба рушди мактабу маориф рӯ оварад, ба қадри заҳмати омӯзгор расад ва шароити хуби таҳсили фарзандони хешро таъмин намояд. Нуктаи дигари муҳиме, ки дар Суханронии Пешвои миллат ироа гардид ва барои кулли омўзгоронро хуш омад, ин буд, ки бояд дар замони рушди босуръати техникаву технологияҳои муосир, ҷаҳонишавии низоми маориф, омезиш ва ба ҳам омадани фарҳангу тамаддунҳотамоми қишри ҷомеа,бахусус кормандини соҳаи маориф зимни татбиқи ислоҳоти соҳаи маориф ҷиҳати ворид гардидан ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ хеле эҳтиёткор бошанд. Бояд беҳтарин унсурҳои низоми маорифи ҷаҳони мутамаддинро интихоб намуда, пас аз таҳлилу омӯзиши дақиқ аз ҷониби олимону муҳаққиқони соҳаи омӯзгорӣ, мутахассисони мактабшинос ва бо ҷалби дигар мақомоти масъул онҳоро дар мувофиқа бо арзишҳои миллии соҳаи маорифи мамлакат ва пас аз гузаронидани озмоишҳои ҳамаҷониба дар амал татбиқ созанд.

Мо, омўзгорони факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус дастуру супоришоти Пешвоимиллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонрочун раҳнамои фаъолияти хеш қабул намуда, дар таълиму тарбияи насли ҷавон, дар таҳкими сулҳу суботи кишвар, амалӣ сохтани ислоҳоти низоми маориф, роҳандозиву татбиқи лоиҳаву барномаҳо барои ворид шудан ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ ҳамарўза кўшиш ба ҳарҷ медиҳем. Зеро, ҳамагон хеле хуб дарк намудаанд, кибарои ташаккули ҷомеаи мутамаддин ва рушдёфта низомимактабу маориф, илму фарҳанг нақши калидиву созанда дорад. Рушди соҳаи маориф, татбиқи усулҳои муосири таълиму тарбия, баланд шудани дараҷаи нерӯи зеҳнию ақлонии шаҳрвандони ҳар як кишвар аз таҳкими пояҳои маорифи миллӣ вобастагӣ дорад ва маҳз мактабу маориф, мутахассисони баландихтисос метавонанд рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангии кишварамонро таъмин намоянд. Аз вазъи мактабу маориф, илму донишу саводи мардум на танҳо ташаккули мутаххасисони аз лиҳози сиёсӣ зираку босавод, худшиносу худогоҳ, балки сарнавишти сиёсӣ ва инкишофи иҷтимоиву иқтисодии мамлакат ва ояндаи дурахшони он вобастагии калон. дорад.

Қодирова М.А. – сармуаллимаи кафедраи назария ваметодикаи таълими ибтидоӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ