Тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба инсон ва табиат

Об неъмати бебаҳо ва ганҷи ройгон аст. Аз ин рӯ, обро манбаи ҳаёт мегӯянд ва ҳар ҷое, ки об ҳаст, он ҷо ободиву осудагӣ аст. Об ҳаёт аст, ҳаёт бошад, ин маҷрои об аст. Аз ин лиҳоз, хостам оиди дуруст истифода бурдани об ва дигаргун шудани иқлим ва таъсири он ба об шудани пиряхҳо навиштаҷоте дар мақолаи хеш оварда бошам.

Чунончӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як чорабинии таърихие, ки ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмиллалии амал “ Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028”, санаи 22 – юми марти соли 2018 дар Иёлоти Муттаҳидаи Америка баргузор гардида буд, чунин иброз намуда буданд: “ Имрӯз дар ҷаҳон минтақае нест, ки дар масъалаи захираҳои об мушкилот надошта бошад ва ба нақши ин неъмати бебаҳо дар рушди устувор аҳамияти махсус надиҳад. Зеро тамоми самтҳо ва соҳаҳои фаъолияти инсонӣ бо захираҳои об алоқаи зич доранд.

Аз ин лиҳоз, метавон гуфт, ки захираҳои об на танҳо неъмати бебаҳо, балки меҳвари асосии рушди устувор мебошанд ва ин амр фаъолияти дастаҷамъона ва муносибати ҷиддиро ба истифода ва ҳифзи ин захираҳо ба хотири наслҳои оянда тақозо дорад”.

Албатта, ҳифзи об ва истифодаи дурусти он аз худи инсон вобастагӣ дорад. Худ, ки чун зодаи деҳаи дурдасти Тоҷикистон, яъне деҳаи Ворухи шаҳри Исфара ҳастам, аз обҳои ширину мусаффои дарёҳои Карафшину Кишамбиш истеъмол кардаам ва ҳамеша ба худ суол медодам, ки оё обҳои дарёҳои ҷумҳуриамон тамом мешуда бошанд?, ин қадар оби зиёд аз куҷо ҷорист?, оё тағйирёбии иқлим низ ба каму зиёд шудани об рабте дорад ё не? Ингуна суолҳо ҳамеша дар андешаи ман давр мезаданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз захираҳои об бой буда, зиёда 155 кули гуногунҳаҷм ва ҳазорҳо чашмаоби одию маъданиро дорад, ки сарчашмаи ҳамаи дарёву дарёчаҳои мо маҳз аз пиряхҳои гуногун мебошад. Нисфи аҳолии ҷаҳон аз нарасидани оби нӯшокӣ танқисӣ мекашанд ва ҳар яки мо бояд фахр аз он намоем, ки дар чунин ватани озоду сероб умр ба сар мебарем.

Пирях – яке аз бойигарии асосӣ ва манбаи асосии оби ширину мусаффо маҳсуб меёбад. Сарчашмаи ҳамаи дарёҳои калонтарини Сир, Панҷу Зарафшон аз пиряхҳост. Тайи чанд соли охир тағйирёбии иқлим ба назар мерасад ва ин боиси об шудани пиряхҳо мегардад. Қариб 6 фисади масоҳати ҷумҳуриамон пиряхҳо буда, майдони умумии он 8476,2 километри мураббаъ аст. Пиряхҳо асосан дар Помири Шимолию Ғарбӣ ва кӯҳистони Ҳисору Олой воқеъ гардидаанд. Дар қаторкӯҳҳои Помир якчанд пиряхҳои калон ба монанди қуллаи Инқилоб, Исмоили Сомонӣ, Истиқлол, Абӯалӣ ибни Сино ва ғайраро вохӯрдан мумкин аст, ки миқдори умумиашон ба 3000 адад мерасад ва 7 - тои он зиёда аз 21 километр дарозӣ дорад. Шумораи умумии пиряхҳо мувофиқи маълумоти имрӯза дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 8492 адад пиряхҳо мебошад, ки 60 фисади пиряхҳои Осиёи Миёнаро ташкил медиҳад. Айни замон масоҳати умумии пиряхҳои Осиёи Миёна 17000 – 18000 километри мураббаъро дар бар мегирад. Аҳамияти пирях барои бо об таъмин намудани соҳаҳои гуногуни ҷамъият хеле бузург аст. Вале тағйирёбии иқлим тайи чанд соли охир боиси кам шудани пиряхҳо гашта истодааст. Барои он ки зимистонҳои мо бештар сарду тӯлонӣ ва фасли тобистон гарму хушк гардида истодаанд. Дар мамлакати офтобии мо низ пиряхҳои бузургтарин ба монанди, Федченко, Грумм Гржимайло, Бивачний, Гармо, Савуқдараи Калон, Ҷамъияти Географӣ, Гандо, Зарафшон ва садҳо намудҳои дигари пирях мавҷуд аст. Захираи умумии ях дар пиряхҳои кишвар ба 845 км3 баробар буда, пиряхҳои хурд бо масоҳати 1 км2 танҳо 20 фисади шумораи умумии пиряхҳои кишвар аст, вале 85 фисади ҳаҷми ях мутамарказ гардидааст.

Айни замон дар сатҳи кураи Замин пиряхҳо дар ҳаҷми зиёда аз 30 млн км3 мавҷуданд, ки ин 2/3 ҳиссаи захираи оби нӯшокиро ташкил медиҳад. Ба гуфти коршиносон, чунин миқдори пиряхҳо қодиранд, ки то 700 сол дарёҳои кураи Заминро бо об таъмин намоянд. Ҳисоб карда шудааст, ки майдони пиряхҳои тамоми сатҳи сайёраи мо ба 72,4 км2 мерасад, ки 14,2 фисади масоҳати Замин мебошад. Тақсимоти пиряхҳо дар сатҳи кураи Замин вобаста ба омилҳои иқлимӣ нобаробаранд. Масоҳати пиряхҳо дар материку қитъаҳои олам гуногун мебошанд:

1. Масоҳати пиряхҳо дар Антарктида 13 979 006 км2 ва ҳаҷми онҳо 23 295 750 км3 мебошад.

2. Масоҳати пиряхҳо дар Америкаи Шимолӣ ва Греландия 2 076 550 км2 ва ҳаҷми онҳо 2 431 770 км3 мебошад.

3. Масоҳати пиряхҳо дар Аврупо 92 140 км2 ва ҳаҷми онҳо 21 028 км3 – аст.

4. Масоҳати пиряхҳо дар Осиё 1 369 760 км2 ва ҳаҷми онҳо 16 355 км3 мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи марти соли 2021 дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим, ки дар сиғаи видеоконференсия баргузор гардида буд, иштирок ва оид ба масъалаҳои об ва иқлим суханронӣ намуданд. Президенти мамлакат сабаби асосии тағйирёбии иқлимро дар обшавии босуръати пиряхҳо дар натиҷаи гармшавии глобалӣ маънидод карданд. Мутаасифона, имрӯзҳо мо босуръат об шудани яхро дар Антарктида, Арктика ва Гренландия мушоҳида менамоем. Инчунин Сарвари давлат оид ба вазъи имрӯзаи пиряхҳои Тоҷикистон андешаронӣ карда, чунин таъкид доштанд, ки вазъи ба ин монанд дар пиряхҳои Помир низ ба вуҷуд омада истодааст. Обшавии бузургтарин пиряхи воқеъ дар хушкӣ – пиряхи Федченко, ки зиёда аз 75 километр дарозӣ дорад, намунаи возеҳи ин гуфтаҳост. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар тӯли 70 – 80 соли охир пиряхи Федченко зиёда аз як километр ақиб рафта, майдони он то 44 километри мураббаъ кам шудааст.

Сарвари давлат пиряхҳоро захираи асосии оби соф арзёбӣ карда, изҳор доштанд, ки обшавии босуръати онҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки бо афзоиши аҳолӣ ва рушди иҷтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои бағоят манфӣ оварда расонад.

Албатта, маҳз чунин мушкилиҳо аз ҷумла тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои он ба амнияту оромӣ ва суботи сиёсиву иқтисодии кишварҳои дунё хатар эҷод менамояд.

Беҳуда нест, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, санаи 29 – уми ноябри соли 2000 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар бораи қабули Кодекси оби Ҳукумати Тоҷикистон” қабул гардид. Кодекси мазкур аз 5 фасл, 24 боб ва 146 модда иборат буда, дар он тарзи дурусти истеъмоли об ва муҳофизати об оварда шудааст. Инчунин аз ҷониби Пешвои миллат баҳри муҳофизати об ва пешгирии обшавии пиряхҳо якчанд санадҳои муҳим қабул карда шуданд, ки бар нафъи умум аст. Соли 2003- соли байналмилалии оби тоза , солҳои 2005-2015 Даҳсолаи байналмилалии амал “ Об барои ҳаёт ”, Соли 2013 соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, солҳои 2018-2028 Даҳсолаи байналмилалии амал “ Об барои рушди устувор ” , санаи 14- уми декабри соли 2022 аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи “ Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо" эълон кардани соли 2025 ва 21 – уми март ҳамчун “ Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо" аз иқдомҳои некбинона ва ташаббусҳои созанда буда, барои дарки дурусту амиқи истифодабарандагони об саҳми арзанда гузоштааст ва хоҳад гузошт.

Нушервон Ашӯров - донишҷӯи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ