Соли 2025-соли байналмиллалии ҳифзи пиряхҳо

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон доимо ояндаи миллат ва инсониятро фикр карда масъалаҳои зиёдеро ба миён гузошта барои ҳалли онҳо чораҳои зиёдеро андешидаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон то соли 2021 муаллифи 4 ташаббуси ҷаҳонӣ буданд: "Соли байналмиллалии оби тоза 2003”,”Соли байналмиллалии ҳамкорӣ дар соҳаи об 2013”,” даҳсолаи байналмиллалии амалиёти об барои ҳаёт 2005-2015”,” Даҳсолаи байналмиллалии амал “Об барои рушди устувор 2018-2028”.

3 марти соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон дар видеоконференсия мулоқоти якумро бо иштироки Дабири тамоми Созмони байналмилалии обуҳавошиносӣ Петери Таалас ва боз президентҳои якчанд давлатҳои дигар, гузарониданд. Пешвои миллат таъкид намуданд, ки дар натиҷаи гармшавии иқлим обшавии пиряхҳо ба назар расида истодааст. Обшавии пиряхҳо ҳатто дар Антарктида ва Арктика ба қайд гирифта шудааст. Инчунин пиряхҳое, ки дар хушки ҷойгир шудаанд ба обшави дучор шуда истодаанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон барои мисол пиряхи калонтарин дар Тоҷикистон-Федченкоро гуфта баромаданд. Дарозии он зиёда ба 75 километр мерасад.Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки дар давоми 70-80 соли охир пиряхи Федченко 1 км пушт рафтааст ва майдони он ба 44 километри мураббаъ кам шудааст. Инчунин Пешвои миллат иброз намуданд, ки дар натиҷаи обшавии пиряхҳои Арктика ва Антарктида баландшавии сатҳи уқёнуси ҷаҳонӣ ба назар расида истодааст, ки ба кишварҳои хурди ҷазиранишин хатари ҷиддӣ таҳдид менамояд.

Ҳамин тавр Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пирях эълон гардида, санаи он маълум карда шавад.Бо ҳамин 14 декабри соли 2022 пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуда аз соли 2025 санаи 21 март ҳамасола ҳамчун рузи байналмилалии ҳифзи пирях таҷлил карда мешавад. Ин иқдоми навбатии Пешвои миллат аз тарафи 153 кишвари узви Созмони Миллали Муттаҳид ҷонибдорӣ карда шуд.

Бояд гуфт ки сабаби гармшавии иқлим ва дигаргуншавии обу ҳаво дар натиҷаи зиёд шудани истеҳсол ва партовҳои пластикӣ мебошад. Пластик маҳсулоте мебошад, ки метавонад дар давоми аз 500 то 5000 сол боқӣ монад.Инчунин дар натиҷаи сӯхтани пластик гази зараровартарине, ки Диоксид ном дорад, ҳосил мешавад ки ҳам ба саломатии инсон ва ҳам ба табиат хатари ҷиддӣ мерасонад. Яъне дар натиҷаи таъсири он дар пардаи муҳофизатии Озон сӯрохӣ пайдо мешавад ва дар натиҷа нурҳои ултрабунафш зиёдтар ба атмосфераи Замин ворид мешавад ва ин сабаби асосии гарм шудани иқлим мебошад. Ба ин газҳои зараровар инчунин партов ва дудҳои завод,дуди мошин дохил мешавад.

Инсоният натиҷаи даҳшатноки ин вазъиятро фаҳмида бояд пеши роҳи ин ҳолатро гирад. Бояд партовҳои чунин маҳсулотҳои зарароварро кам намуд ва барои тоза нигоҳ доштани ҳаво шумораи дарахтонро дар ҷойҳое, ки мошинҳо ва заводҳо ҳастанд бояд зиёдтар намуд.

Мо ҷавонон, ки пайравони пешвои миллатем бояд ба ташаббусҳои пешвои миллат пайрави намуда барои ҳифзи табиат саҳми худро гузорем. Мо миллати тоҷик шукрона аз он дорем ки чунин Сарвари одилу оқил дорем ва доимо тарафдор ва пайрави Пешвои миллати худ хоҳем буд.

Саидова Ҷонбибӣ-донишҷӯи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ