​Тараннумгари Наврӯзи ҷаҳонӣ

Дар ҳақ, ҷаҳонишавии Наврӯз воқеияти таърихии ба асолати худ баргаштану эътироф шудани ин суннати аҷдодиро барқарор менамояд. Эҳёгари ин асолат, тараннумгари он дар миқёси ҷаҳон, воридгардидани ин ҷашни миллӣ ба созмони муътабари сатҳи байналмиллалӣ – Созмони миллалӣ мутаҳҳид аз иқдомҳои наҷиби Садри муаззами тоҷикон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбад. Зеро бо манзури ин иқдом Пешвои фардоназари миллат, аз як ҷиҳат таъриху тамаддуни қадима доштани халқи тоҷикро исбот намуда бошанд, аз ҷониби дигар миллатро баҳри риояи суннатҳои неки ниёгонамон роҳандозӣ намудаанд. Ҳақиқатан ҳам фалсафаи Наврӯз мардумони оламро ба некию накукорӣ, хайру саховат, заҳмати созанда ва таҳаммулгароиву ҳамдигарфаҳмӣ даъват менамояд. Ин фалсафа дар тамоми нуктаҳои пайвастаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инъикос мегарданд. Яъне, Садри халқпарвари миллат халқи худро бар арҷгузорӣ ба таъриху тамаддун ва риояи анъанаҳои неки ниёгон даъват намуда, миллатро ба хештаншиносиву меҳанпарастӣ равона месозанд, ки аз олитарин рукни тарбия маҳсуб меёбад.

Дар қатъномаи СММ доир ба «Рӯзибайналмилалии Наврӯз» омадааст, ки давлатҳои узви ин созмони муътабар бояд сатҳи огоҳиашонро дар бораи Наврӯз баланд бардошта, бо мақсади интишорва тарғиби донишҳои марбут ба таъриху суннатҳои наврӯзӣ ҳамасола чорабиниҳо баргузор намоянд. Дар ин росто, ҳамасола дар миқёси ҷаҳон таърихи бисту якуми моҳи март - баробаршавии рӯзу шаб ва Наврӯзи Аҷам ҷашн гирифта мешавад, ки боиси ифтихору сарфарозии ҳар як сокини кишвар аст, зеро Иди миллии халқи тоҷик аз Осиё то Амрико ҷашн мегиранду мардуми тоҷик бо сарбаландӣ зери лаб сурудаи “Наврӯз бувад аз мо, Мо ҷумла зи Наврӯзем” зам-зама мекунанд. Наврӯзгоҳи кишвар ба як идгоҳи пуршукуҳе мубаддал мегардад, ки дар он рангорангии ҳаёти осоиштаи халқ таҷассум меёбаду касро бар пешвози баҳори нозанин вуруд месозад.

Таърих гувоҳ аст, ки ба таври зайл ҷашнгирии Наврӯз аз аҳди Ҷамшед бар мо расидаву эҳё гардидани он дар замони муосир аз иқдоми неки Садри муаззами миллати тоҷик аст. Пас бо сарфарозиву ифтихор бар ҷаҳониён месароем, ки “Дар кишвари саодат меҳру вафо расида, эҳёи иди миллат, аз Пешво расидааст!”. Ҳаққо, ки милодгоҳи ин ҷашни миллӣ, сарзамини гулбасари тоҷик асту тараннумгари он, Пешвои муаззами миллати тоҷик, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шинохта шудаанд, ки боиси фахру сарфарозиҳост.

Мо зиёиёни кишвар, аз иқдомҳои наҷиби Садри ваҳдатсарои худ нерӯи тоза мегирем ва баҳри сарсабзиву ободии кишвари худ, арҷгузори ба суннатҳои неки ниёгони хеш, баланд бардоштани ҳисси хештаншиносии халқ, ҳамдиливу ҳамбастагии мардум, ки ин ҳама аз рукнҳои ҷашни миллии Наврӯз аст, кӯшиш ба харҷ хоҳем дод!

Шарифиён М.Х. – декани факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ