​Файзу баракоти Пешво!

Мардуми заҳматқарини сарзамини биҳиштосои Тоҷикистон аз қадимулайём зебопарасту ободкоранд. Тозаю сарсабз нигоҳ доштани хонаю дари макони зист, кӯчаю маҳалла русуми қадима аст, ки новобаста аз парастишу оташу Офаридгори ягона дар тинату хуни токи аҷдодонаш ниҳон аст. Алалхусус, тозаю озода, ободу зебо нигоҳ доштани хона ҳангоми интизорӣ аз омадани меҳмони олиқадр нишонаи самимияти афзун ва қалби поки миллати тамаддунсозу фарҳангсолору тоҷик мебошад. Зеро, анъанае шудааст, ки бо баҳонаи истиқболи меҳмон ҳамаи аҳли хонавода, кӯчаю маҳаллаҳо якдилона ва сарҷамъона, кинаю озор аз қалб нобуд гардонида ба заҳмати созандаю бунёдкорӣ машғул мешаванд, ки амали хайру савоб аст.

Падидаи неки даврони соҳибистиқлолии кишвари зебоманзарамон дар вусъати корҳои созандагиву бунёдкорӣ пеш аз сафарҳои кори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин ё он минтақаи мамлакате мебошад. Ҳамаи қишрҳои ҷомеа, аз кӯдакон то калонсолон, тоҷирону соҳибкорон ва ғайра кӯшиш менамоянд, ки дар ободии диёр саҳми муносиб гузоранд. Ташкили ҳашарҳои дастҷамъона, хусусан дар оғози фасли баҳор тавъам ба таҷлили Наврӯзи аҷам шаҳодати фарҳанги қадимаи мардуми кишвари биҳиштосоямон мебошад.

Бунёди муассисаҳои таълимӣ, ҳифзи сиҳатии омма, иншоотҳои истеҳсолӣ, варзишӣ, фароғатӣ, марказҳои савдою хизматрасонӣ ва амсоли онҳо аз ҷониби соҳибкорони муваффақи кишвар аз ҷонибе ишора ба ҳаёти осудаю ороми имрӯза бошад, аз тарафи дигар умедвории устувор ба ояндаи неки босуботи Ватани азизамон маҳсуб меёбад.

Мумфарш гаштани роҳҳои дохилӣ, гулгашту сарсабз гардонидани маҳал, бунёди хатҳои обҳои ошомидани ва полезӣ, гузоштани санги асоси биноҳои муассисаҳои фарҳангу маориф, бунёди боғу токзорҳои нави замонавӣ ва садҳо амалҳои дигари созандаю ободкорӣ ба хотири истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон авҷ гирифтаву муҳаррики тавонои ин омилҳо дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки бо суботмандӣ, дурандешӣ, сабуриву таҳаммулпазирӣ ва некбинии хирадмандона соҳибобрӯи аҳли заҳмати кишвар, ҳатто олам шудаанд. Ифтитоҳи корхонаҳои нави саноатӣ бевосита бо иштирок ва дастгирии ин абармарди таърихӣ ҳамаи соҳибдилони ватандӯстро рӯҳбаланд менамояду корҳои созандагиро вусъат мебахшад.

Сафари кории Пешвои муаззамамон ба вилояти овозадори Суғд дар рӯзҳои Наврӯзи ҳуҷастапай ва таҷлили бошукӯҳи иди аҷдодиамон заминаи устувори пешравиҳои нав ба нав гардида тамоми ҷомеаи заҳматқарини кишварро ба сӯи созандагии ояндаи дурахшон ҳидоят намуд. Бо қаноатмандию фараҳ изҳор менамоям, ки қадами мубораки Пешвои маҳбубамон ба диёрамон файзу баракоти нав овард ва бо сипосгузорӣ мегӯем.

Ба қадамҳоятон ҳасанот Падари миллат!

Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ