​Шукӯҳу шаҳомати Наврӯзи ҷаҳонӣ!

Пайки Наврӯзи оламафрӯзи хуҷастапай ба диёри бостониамон файзу иқболи наву тоза овардааст, ки фахру фараҳи ҳамаи фардҳои ватандӯсту солимандешии кишварро дучанд менамоянд. Тантанаи таърихи куҳанбунёди Наврӯзи аҷам дар ҳошияи Конференсияи сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид зери унвони “Об ва Наврӯз” дар шаҳри Ню-йорки Иолоти Муттаҳидаи Амрико барои миллати тамаддунофару фарҳангсолори қадимаи тоҷик воқеан таърихӣ гардид, ки шаҳодати эътироф ва обрӯву нуфузи кишварамон дар байни оламиён маҳсуб меёбад. Таҷлили бошукӯҳи иди Наврӯзи ҷумҳуриявӣ бо иштироку муборакбодии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази маъмурии вилояти Суғд - шаҳри бостонии Хуҷанд дар фазои сулҳу амонӣ, сарсабзу хуррамӣ, ваҳдати милливу якдилӣ, сарҷамъии воқеии ҳамаи қишрҳои ҷомеаи ваҳдатсарои кишварамон шукӯҳу шаҳомати эҳёи анъанаҳои аҷдодиамонро ҳувайдо намуд.

Ифтитоҳи расмиву ба фаъолият оғоз бахшидани даҳҳо иншоотҳои соҳаҳои хизматрасонӣ, маориф, тандурустӣ, саноатӣ ва ғайра аз ҷониби Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷомеаи заҳматпешаи кишварро боз ҳам барои расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат наздиктар менамояд. Муассисаҳои нави таълимӣ, табобатӣ, корхонаҳои саноатӣ, иншоотҳои дигар ба фаъолият шурӯъ намудаанд ки дар қавӣ ва устувортар гардонидани соҳибистиқлолии ҷумҳуриямон нақши босазо мегузоранд. Руҳияи болидаи мардум омодагии пайвастаи онҳоро баҳри созандагиву бунёдкорӣ, шукуфоии Ватани азизамон густариш медиҳаду ҳиссиёти садоқату вафодорӣ ба Ватанро меафзояд.

Таваҷҷуҳи хосаву такяи Пешвои муаззами миллат ба наслу ҷавони кишвар фараҳу илҳоми тоза мебахшаду ононро масъул менамояд, ки кӯшишу ғайрат, зеҳну заковат ва нерӯи ҷавониро барои ободии Ватан равона намоянд. Дар ин ҷода насли калонсоли ҷомеа ӯҳдадоранд, ки ҷавонони кишварро аз ҳар гуна хатару таҳдидҳои замони муосир, ба мисли терроризму ифротгароӣ эмин нигоҳ доранд, ҳушёр созанд ва дар интихоби роҳи дурусти зиндагӣ намунаи ибрат бошанд. Дар ин замина аз насли калонсолу ботаҷриба даъват менамоем, ки аз пешина бештар фаъол бошанду мавқеи устувори сиёсӣ-иҷтимоиро ишғол намоянд. Месазад, ки дастовардҳои давраи соҳибистиқлолии кишварамонро бештар ва пайваста ба ҷавонон фаҳмонанду роҳи расидан ба комёбиҳои навро нишон диҳанд. Ҳамеша талқин намоянд, ки ҷомеаи солим аз меҳанпарастиву ватандӯстӣ, хештаншиносиву худогоҳӣ, ҳушёриву зиракии ҳар фарди алоҳида маншаъ мегирад. Танҳо бо василаи чунин фаъолияти густурда метавон сулҳу амонӣ, ваҳдату миллӣ, амну оромии ҷомеаро ҳифз намуд.

Даъват менамоем, ки ҳамагон ҳамеша пайрави пайкори арзандаи абармарди хирадманду оқил, раиятпарвару дурандеш, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошанду аз самими қалб вафодорию садоқати худ ба Ватани маҳбубамонро исбот созанд.

Наврӯзатон фирӯз бод!

Ҳар рӯзатон Наврӯз бод!

Собиров М.С. – дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

Абдухолиқзода М.А - декани факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ