Сафари кории пешвои миллат ба вилояти Суғд

Санаи 29 марти соли равон сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд оғоз гардид.

Баъди истиқболи расмӣ дар фурудгоҳи байналмилалӣ санаи 29 март нахуст Пешвои миллат ба шаҳриҚайроққум ташриф оварда, якчанд корхонаҳои нави саноатӣ, биноҳои нав ва кӯдакистонро ифтитоҳ намуданд. Аз ҷумла, дар назди ширкати “Қолинҳои Қайроққум” корхонаи нав, бинои нави нозироти андоз, кӯдакистони “Баҳор”-ро ифтитоҳ бахшданд.

Санаи 29 марти соли равон сафари кории Пешвои миллат дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров идома ёфта, дар “Боғи миллии Ваҳдат” аз ниҳолҳои нави токзор дидан намуданд.

Санаи 30 март сафари кории Пешвои миллат ба шаҳри Истиқлол идома ёфт. Пешвои миллат нахуст дар шаҳри Истиқлол ба марҳилаи дуюми бинои Корхонаи металургии истеҳсоли сурб, нуқра ва мис санги асосгузоштанд. Сипас дар шаҳри Истиқлол Пешвои миллат барои 150 гектар заминҳо барои бунёди боғи хуч хати оби полезиро кушода, ҳамзамон аз маҳсулоти хоҷагииҷангали вилояти Суғд дидан намуданд.

Дар шаҳри Истиқлол Пешвои миллат бинои барои кормандони ВКД пас аз тармиму азнавсозӣ дар ин шаҳрро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.Ҳамчунин Пешвои миллат дар шаҳри Истиқлол аз коргоҳи нонпазӣ ва қанодӣ боздид ба амал оварда, аз намоиши маҳсулотҳои ин коргоҳ дидан намуданд. Дар шаҳри Истиқлол Пешвои миллат коргоҳи дузандагию қолинбофии “Нури Ховар”-ро, ки бо таҷҳизоти нави дузандагию қолинбофӣ машғуланд, ифтитоҳ намуданд.

Пешвои миллат дар шаҳри Истиқлол дар санаи мазкур хати оби нӯшокиро барои 18 ҳазор нафар аҳолии шаҳр бунёд шудааст, ифтитоҳ намуданд. Дар баробари ин Пешвои миллат дар шаҳри Истиқлол бо Барномаи махсусгардонидашудаи безараргардонии партовҳои радиоактивӣтаҳрезӣ шудааст, шиносоӣ пайдо намуданд. Сипас Пешвои миллат дар шаҳри Истиқлол аз намоиши наврӯзӣ ва ҳунарҳои мардумии шаҳр боздид ба амал оварданд.

Яке аз анъанаҳои хуби сафарҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама шаҳру навоҳӣ вохӯрӣ бо ятимони кул буда, ин навбат бо 100 нафар чунин наврасону ҷавонони шаҳри Истиқлол вохӯрӣ намуда, ба онҳо тӯҳфаҳо тақдим намуданд. Ҳамчунин Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истиқлол кӯдакистони “Дӯстӣ”-ро ифтитоҳ намуданд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон санаи 30 март дар доираи сафари худ дар шаҳри Хуҷанд дар тантанаҳои ҷашни наврӯзӣ, ки дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолият” баргузор гардид, иштирок намуда, аз омодагии барномаи консертӣ дидан намуда, онро беҳтарин барномаи идона номиданд.

Санаи 31 марти соли равон Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари худ ба ноҳияи Зафаробод ташриф оварда, як қатор корхонаву иншоотҳоро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Нахуст Пешвои миллат хати оби полезиро ифтитоҳ бахшида, аз боғҳои нави интенсивию суперинтенсивӣ дар Кооперативи боғпарварии “Саховати Куруш” боздид намуданд.

Дар доираи сафари худ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Зарафшони ноҳияи Зафаробод Маркази саломатиро ифтитоҳ бахшиданд. Дар баробари ин Пешвои миллат дар деҳаи Зарафшони ноҳия хати оби нӯшокиро барои 1800 нафар аҳолӣ ба истифода доданд. Дар ноҳияи Зафаробод Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 3 ноҳияи Зафаробод ба номи Лоиқ Шералиро иборат аз 2 ошёна, 14 синфхона, 4 озмоишгоҳ, ошхона, толори варзиш, маҷлисгоҳ дорои 250ҷои нишаст иборатбударо ба истифода доданд. Дар баробари ин Пешвои миллат дар ноҳияи Зафаробод коргоҳи дузандагӣ ва қолинбофиро, ки барои 20 нафар занону духтарони маҳаллӣ ҷои корӣ буд, ифтитоҳ намуданд. Аз ҷониби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Зафаробод корхонаи коркарди пахта ва истеҳсоли равғани растанӣ дар ҶДММ “Кони Ганҷ”-ро ба истифода доданд.

Санаи 31 марти соли равон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо кормандон ва фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуда, аз дастовардҳои вилоят маълумот гирифтанд.

Санаи 1 апрели соли равон сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғфуров идома ёфта, корхонаи ҶДММ “Озода Косметикс”, ки барои истеҳсоли собунҳои хушбӯй ва хокаҳои ҷомашӯйӣ бо технологияи Ҳиндустон васлу насб шудааст, ифтитоҳ намуданд. Дар деҳти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Пешвои миллат майдончаи Парчами давлатиро ба истифода доданд. Дар деҳаи Овчиқалача инчунин коргоҳи дӯзандагӣ, қолинбофӣ ва коркарди меваро ифтитоҳ бахшиданд. Инчунин дар деҳоти Овчиқалача маркази ташхисию табобатии “Тибби Равшан” ба истифода дода шуд.

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кормандони бахши минтақавӣ бинои дуошёнаро барои кормадони ВКД дар ноҳияро ифтитоҳ намуданд.

Баъдан Пешвои миллат дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба кишти пунбадона оғоз бахшида, аз намоиши кишоварзони ноҳия боздид ба амал оварданд. Дар баробари ин дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи парандапарварии ҶДММ “Анко-Инвест” ифтитоҳ бахшида, аз маҳсулотҳои истеҳсолшавандаи он боздид ба амал оварданд.

Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов аз ҷониби Пешвои миллат санаи 1 апрели соли равон марҳилаи дуюми ҳавзҳои парвариши гулмоҳӣ ифтитоҳ дода шуд.

Санаи 1 апрели соли равон аз ҷониби Пешвои миллат дар Минтақаи озоди иқтисодии вилояти Суғд корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропилении ҶДММ “Азияполитекс” ифтитоҳ дода шуд.

Дар шаҳри Хуҷанд санаи 1 апрел бо иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон мактаби махсуси варзишӣ оид ба камонварӣ ба истифода дода шуд. Ҳамчунин дар шаҳри Хуҷанд Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави таълимии Коллеҷии тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Юсуф Исҳоқӣро ифтитоҳ намуданд.

Бо иштироки Пешвои миллат дар шаҳри Хуҷанд Маҷмааи савдою хизматрасонӣ ва истиқоматии “Сомон плаза”-ро ифтитоҳ намуданд.

Дар шаҳри Хуҷанд ҳамчунин вохӯрии Пешвои миллат бо 10 нафар ятимони наврасу ҷавон баргузор гардида, тӯҳфаи хотиравии Сарвари давлат супорида шуд.

Сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон боз ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров идома ёфта, бо парвариши сабзавот шиносоӣ пайдо намуданд.

Ҳамин тариқ, сафари мазкури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд отирмон суръат гирифта, ба таври хулосавӣ чунин нуктаҳоро баён намудан мумкин аст:

  • Дар натиҷаи сафари Пешвои миллат ҳафт корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ититоҳ карда шуда, чандин нафар оила бо ҷои кори доимӣ таъмин карда шуда, ҳатто духтарону занони хонашин бо ҷои кору маош таъмин гардиданд.
  • Бо иштироки Пешвои миллатдар кишоварзӣ саҳифаҳои нав оғоз гардида, кишти пунбадона,оғози кишту кишоварзӣ,ниҳолу боғҳои нав ба истифода дода шуд.
  • Дар шаҳри Истиқлолу ноҳияи Зафаробод яктогӣ хати нӯшокии об кашида шуд, дар шаҳри Истиқлол бошадбарои 150 гекрат замин хати оби полезӣ.
  • Ҳангоми сафари кории Пешвои миллат чор биноҳои таълимӣ, кӯдакистон, мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ ва бинои нави таълимии Коллеҷи тиббӣ ифтитоҳ ёфта,барои таълиму тадрис ва тарбияи насли наврас шароити мусоид фароҳам оварда шуд.
  • Барои кормандони ВКД бо иштироки Пешвои миллат ду бинои истиқоматӣазнавсозӣ ва бунёд карда шуд, ки кормандони ҷавонимақомоти ҳифзи ҳуқуқ соҳиби хонаи истиқоматӣ гардиданд.
  • Пешвои миллат ӣамчун сарпарастони фарзандони ятиму бепарастор дар ҳама шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳангоми ташриф овардан сӯҳбатҳо ташкил менамоянд, ки ин дафъа бо сад нафарнаврасу ҷавони шаҳри Истиқлол ва сад нафар шаҳри Хуҷандба роҳ монда шуда, ба онҳо тӯҳфаҳои хотирмон супорида шуд.
  • Бо иштироки Пешвои миллат дар ноҳияи Зафарободваноҳияи Бобоҷон Ғафуровмарказҳои ташхисию табобатӣ ва марказҳои тиббӣ ифтитоҳ дода шуд.
  • Барои худшиносӣ ва баланд бардоштани ифтихори миллӣ дар деҳоти Овчиқалъача майдони Парчами давлатӣ бунёд гардид.
  • Дар шаҳри Хуҷанд як маркази хизматрасонии иқтисодӣ, истиқоматӣ ба истифода дода шуд, ки ҳам ба зебогии шаҳр ва ҳам чун маркази замонавии иқтисодӣ хизмат мерасонад.
  • Дар ноҳияҳои Ҷаббор Расулов ва Зафаробод ду ҳавзҳои парвариши моҳӣ бунёд гардид, ки барои ах хориҷи кишвар ворид шудан ин намуди маҳсулоти гӯштиро коҳиш медиҳад.


Саидқул Маҳкамов, муаллими калони кафедраи таърихи халқи тоҷики ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ