Шаҳомати наврӯз бо қудуми Пешвои миллат

Наврӯз иди мардумии тоҷикон буда, нишоне аз фарҳанг ва тамаддуни қадима доштани тоҷикон маҳсуб меёбад. Мардуми тоҷик бо шукргузори аз соҳибдавлативу соҳибистиқлолӣ ин ҷашнро бо як шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил менамоянд.

Таҷлили ҷашни наврӯз дар вилояти Суғд бо ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рост омад.

Шурӯъ аз 29 марти соли равон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти суғд ташриф оварданд. Меҳмонони олиқадрро мардуми вилоят таҳти сарварии Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода дар фурудгоҳи байналмилалӣ бо як меҳмоннавозии хаса пешвоз гирифтанд.

Баъди ташриф ба вилоят Пешвои миллат дар шаҳри Гулистон ба фаъолияти фабрикаи паррандапарварии “Мурғи бебаҳо” ва ҳамчунин “Ганҷи Сомон” ҳусни оғоз бахшиданд. Инчунин дар шаҳри Гулистон бо ятимону бепарасторон вохурӣ анҷом дода, ҳамчунин дар ин шаҳр ба фаъолияти кӯдакистони “Баҳор” ва бинои нави коргоҳи истеҳсолии қолинҳои Қайроққум ифтитоҳ намуданд.

Санаи 30 март сафари Пешвои миллат ба шаҳри Истиқлол суръат гирифта, дар ин шаҳр ба фаъолияти якчанд коргоҳҳои нав ҳусни оғоз бахшиданд. Шоми 30 март Пешвои миллат дар тантанаҳои наврӯзи байналмилалӣ дар маркази вилоят шаҳри Хуҷанд идома ёфт.

Дар оғози чорабинии фарҳангӣ Пешвои миллат доир ба аҳамияти ҷашни байналмилалии наврӯз суханронӣ намуда, ин ҷашнро яке аз оинҳои қадимаи мардуми тоҷик муаррифӣ намуданд. Ҳамчунин зимни суханронии хеш Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки Наврӯз таърихи беш аз 6 ҳазор сола дошта то имрӯз чун иди миллии мардуми тоҷик аҳамият ва арзиши худро нигоҳ медорад.

Сипас чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ доир гардид, ки дар он ҳофизони маъруфи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин ҳофизи шинохтаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Оғабек Собиров бо сурудҳои худ таъби иштирокчиёнро болида гардониданд. Баъди анҷоми чорабинии фарҳангӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иштирокчиёни чорабинӣ ва тамоми ҳозиринро ба меҳнатдӯстию ватандӯстӣ ва ободкориву бунёдкорӣ даъват намуданд.

Ҳамин тавр, сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ раҳмон дар вилояти Суғд барои мардуми сарбаланди вилоят хеле хотирмон сурат гирифт. Мардуми вилоят минбаъд низ таҳти сарпарастии Роҳбари давлат барои боз ҳам шукуфон гаштани ватанамон бо меҳнати содиқона саъю талош менамоянд.

Муҳамадизода М.-омӯзгори кафедраи таърихи халқи тоҷик

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ