​Ҳифзи пиряхҳо – ояндаи наҷоти инсон

Санаи 15.12.2022 дар Паёми шодбошии худ Пешвои муаззами миллат, Президанти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки «Санаи 14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси панҷуми моро дар соҳаи об якдилона бо қабули қатъномаи махсуси худ тасдиқ намуд. Тибқи ин қатънома, аввалан, соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон карда шуд. Дуввум ин, ки аз оғози соли 2025 минбаъд ҳар сол рӯзи 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо таҷлил карда мешавад».

Дар ин асно бояд қайд намуд, ки ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат аз он дарак медиҳад, ки чунин ташаббусҳо на танҳо дар рушди иқтисодиву иҷтимоии давлатҳо балки ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо ва истифодаи захираҳои обӣ, инчунин, роҳандозӣ гардидани ислоҳоти дурусти муҳофизати пиряхҳо нақши муҳиму созанда ва бунёдӣ доранд. Зеро дар заминаи ташаббусҳои байналмилалии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари пешрафти соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ вазъи ҷомеа низ тағйир ёфта, барои ба танзим даровардани муносибатҳои муҳими ҳифзи пиряхҳо зарурати қабули санадҳои нав ва ё ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда пеш омаданд.

Вобаста ба ин талаботҳои пешниҳодҳои мазкурро Тоҷикистон фаъолона пеш мебарад ва дар ҳаёти мардуми кишвар ва башарият татбиқ менамояд. Дар қатъномаи мазкур таъкид гардидааст, ки аҳамияти пиряхҳо ҳамчун ҷузъи таркибии даври гидрологӣ ва таъсири ҷиддии обшавии босуръати онҳоро ба иқлим, муҳити зист, саломатии инсон ва рушди устувор зикр гардидааст. Инчунин, дар ин санад таъкид шудааст, ки таъсири гармшавии глобалӣ боиси коҳиши густурдаи криосфера шудааст, ки дар натиҷа устуворӣ дар минтақаҳои баландкӯҳҳо кам шуда, миқдору мавсими маҷрои об ва захираҳои онро дар ҳавзаҳои барфдор, пиряхдор ва дарёдорҳо тағйир ёфтааст.

Қобили зикри аст, ки олимони соҳа чунин мешуморанд, ки сабаби асосии тағйирёбии илқлим ин зиёдшавии консентрасияи газҳо дар таркиби атмосфера мебошанд. Аз ин сабаб хатар то андозае бузург буда, аз ифлосшавии ҳавои атмосфера ҳамасола баландшавии ҳарорати ҳаво мушоҳида шуда, дар қутбҳо пиряхҳо ба обшавӣ шурӯъ намуда истодаанд, ки дар натиҷа сатҳи оби баҳрҳо баланд шуда, шаҳрҳои калонтарин ва нуқтаҳои аҳолинишини назди соҳилҳо зери об мемонанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 10 ҳазор пиряхи хурду бузург мавҷуд буда, масоҳати онҳо ба 11146 км2 баробар аст ва ин нишондиҳанда 8 дарсади ҳудуди кишварро дар бар мегирад. Пиряхҳо асосан дар Помири Шимолию Ғарбӣ ва кӯҳистони Ҳисору Олой воқеъ мебошанд. Бештари пиряхҳо дар баландиҳои 3000-5300 метр ҷой гирифтаанд.

Тибқи расонаҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои таъмини об ва беҳтар намудани шароити санитарии аҳолӣ аҳамияти махсус медиҳад. Мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 – юми декабри с. 2006, №514 «Барнома оид ба беҳтар намудани таъминоти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тоза барои солҳои 2008-2020» қабул карда шудааст.

Аз ин рӯ қабули қатънома саривақтӣ буда, бояд ҳар як шахси ватандӯсту ватанпарвар ва фикркунандаи ояндаи худ ва давлати худ, бояд обро сарфакорона истифода барад; барои нигоҳ доштани ифлосшавии ҳаво бояд боғҳо, махсусан ҷангалзорҳо бунёд намояд ва баҳри амалисозии қатънома чораҳои зарурӣ андешад.

Ризоев Э.С. - дотсенти кафедраи алгебра ва геометрияи факултети математикаи МДТ «ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров»

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ