Дипломатияи истифодабарии об ҳамчун ҳадафи таъмини рушди устувор

Таърихи мавҷудияти инсоният шаҳодат медиҳад, ки об ин захираи нодири табиӣ ба ҳисоб рафта бе мавҷудияти он ҳастии инсон ва дигар ҷонварҳо имконнопазир аст. Фаъолияти хоҷагидории кишварҳои дунё собит менамояд, ки дар шароити муосир вазъи захираҳои об сол то сол аз сабаби афзоишёбии эҳтиёҷот ба он ва тағйирёбии иқлим муташанниҷ гардида истодааст. Аз рӯи маълумотҳои сарчашмаҳои гуногун дар шароити имрӯза эҳтиёҷот ба оби нӯшокӣ дар байни 20% аҳолии шаҳрҳо ва 75% аҳолии деҳоти дунё ба пуррагӣ қонеъ нагрдида истодааст. Бо баробари ин тақрибан 1 млрд. нафар одамон ба оби ошомидании тоза дастрасӣ надошта, 2,6 млрд. нафар дар шароити ногувори санитарӣ қарор доранд.

Бинобар ҳамин ҳамкории ҳамаҷониба барои дастгирии ҳадафҳои байналмилалӣ дар ҷодаи истифодабарии оқилонаи захираҳои об мавриди муҳокимаи сатҳи баланд қарор гирифтааст. Дар ин росто ҳадафҳои рушди устувор то давраи соли 2030 аз тамоми ҷомеъаи ҷаҳонӣ талаб менамояд, ки дар баҳри истифодабарии оқилонаи захираҳои обӣ чораҳои мушаххас андешанд.

Дар чорчӯбаи амалигардонии ҳадафҳои рушди устувор Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Созмони миллали муттаҳид (СММ) ва дигар шарикони рушд мунтазам ҷамъомадҳои муфидро дар доираи татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор барои солҳои 2018-2028” ташкил ва ҷонибдорӣ менамояд. Дар ин росто соли 2022 дар шаҳри Душанбе конфернсияи байналмилалии сатҳи олӣ дар мавзӯи “Ҳавасмандгардонии амал ва ҳамкорӣ дар соҳаи захираҳои обӣ дар сатҳи маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ” гузаронида шуда буд. Баргузории ин конференсия қисмати “Раванди оби Душанбе” ба ҳисоб рафта, барои имкониятҳо ва ташаккули муҳити муосид баҳри васеъ намудани ҳамкориҳои шарикони рушд, мусоҳибаҳои сиёсӣ, татбиқи барномаҳои Даҳсола, инчунин инкишофи ҳамкориҳо дар дигар самтҳо такони мусбат бахшид.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти масъалаҳои истифодабарии оқилонаи захираҳо об дар арсаи ҷаҳон яке аз мамлакатҳои пешқадам маҳсуб меёбад. Зеро бо ибтикори Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои вобаста ба об дар арсаи ҷаҳонӣ дар ҳошияи ҳамкории судманд бо СММ, дар миқёси дунё мавриди баррасӣ дар сатҳи олӣ суръат гирифт.

Доир ба дипломатияи истифодабарии захираҳои об дар ҳошияи ҳадафҳои рушди устувор Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории "Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо", ки дар СММ баргузор гардид, роҳбарӣ ва суханронӣ намуданд. Дар баромади худ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “обро сарчашмаи ҳама мавҷудоти зинда дар олам ва қудрати муттаҳидсозии одамони сайёра номида, таъкид доштанд, ки мо бояд ба кулли тағйир додани тарзи фаҳмиш, арзиш ва идоракунии обро ба хубӣ дарк намоем. Моро зарур аст, ки вобаста ба об дидгоҳи наве дошта бошем, ки дурнамои рушди захираҳои онро инъикос намуда, ҳамзамон ба таҳкими нақши захираҳои оби тоза дар рӯзномаи баъдинаи ҷаҳонӣ мусоидат кунад”. Суханҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи кулли иштирокчиёни ин конференсия ҷонибдорӣ карда шуд.

Аз рафти конференсия маълум буд, ки тамоми кишварҳои аъзои СММ иқдомҳои пешгирифтаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро доир ба масъалаҳои истифодабарии захирҳои об дар ҷаҳон ва мушкилоти обшавии пиряхҳоро ҳамаҷониба дастгирӣ намуданд.

Кӯшишҳо ва иқдомҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мо – мардуми сарбаланди Тоҷик боиси ифтихор гардида, тамоми ҷамъияти ҷаҳониро ба масъалаҳои мубрамтарини ҷаҳони муосир нигарон намуд.

Зеро дар ҷараёни ҷамъбастии конференсияи сатҳи олии дар СММ баргузоргардида Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли чомеъаи ҷаҳониро барои татбиқи ҳадфҳои рушди усутвор даъват намуда, қайд карданд, ки “Рӯзномаи Амал оид ба об бояд дар се ҳамоиши калидии дарпешистодаи Созмони Милали Муттаҳид, яъне Саммити ҳадафҳои рушди устувор-2023, Саммити Оянда-2024 ва Саммити ҷаҳонӣ оид ба масоили иҷтимоӣ-2025 ва тавассути Форумҳои солонаи сиёсии сатҳи баланд оид ба ҳадафҳои рушди устувор, конфронсҳои ҷонибҳои манфиатдор оид ба масоили иқлим, гуногунии биологӣ, инчунин дигар равандҳои Созмони Милали Муттаҳид ва албатта Раванди оби Душанбе ба таври мушаххас пайгирӣ карда шавад”. Ҳамин тавр суханронии хешро ҷамъбаст намуда Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми шароикони рушди, кишварҳои аъзои СММ-ро ба Конференсияи навбатӣ оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии об, ки соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, даъват намуданд.

Бо эҳсоси баланди ватандӯстиву меҳанпарастӣ қайд карданӣ ҳастем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ дар раванди дипломатияи истифодабарии об дар доираи ҳадафҳои таъмини рушди устувор, ҳамчун кишвари боэтимод ва офаранда шинохта шудааст. Бо боварии комил гуфтан мумкин аст, ки саромади дипломатияи истифодаи об ва ҳифзи пиряхҳо дар замони муосир Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб мераванд.

Алиҷонов Ҷ.А. – д.и.и., профессор, мудири кафедраи назарияи иқтисодии МДТ “ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ