​Эътимод ва боварии ҷавонон ба Артиши миллӣ

Санаи 18-уми декабри соли 1992 аз тарафи Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор ба имзо расида, Артиши миллӣ таъсис дода шуд. 23 – юми феврали соли 1993 бори аввал дар пойтахти ватани азизамон – шаҳри Душанбе паради ҳарбӣ баргузор гардид ва ин санаи муҳим, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат рӯзи расмии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд.Боиси хушнудист, ки мо - миллати сарбаланди тоҷик имсол 30-юмин солгарди Қувваҳои мусаллаҳро ҷашн мегирем. Ҳарчанд ки Артиши миллии мо дар як вазъияти бисёр ҳам вазнин таъсис дода шуда бошад ҳам, бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, лаҳза ба лаҳза пурқудратгардида истода, бо техникаву таҷҳизотҳои ҳозиразамон таъмин мебошад.

Дар моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин оварда шудааст: «Ҳифзи Ватан, ҳимояти манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд мебошад».

Бешубҳа, ҳар яки мо медонем, ки хизмат ба Ватан ҳам қарз асту ҳам фарз аст. Ҳар як ҷавони бедордили миллат, бояд хоки муқаддаси ватани хешро эҳтиром кунад ва пос дорад. Нагузорад, ки қадами зиёнзадаи душман вориди ин хоки муқаддаси Тоҷикистон шавад. Ба мо маълум аст, ки ҳар як сарбозе, ки адои хизмат намуда истодааст, барои амну осоишта зиндагӣ кардани мову шумо ҷони худро дареғ намедорад. Ҳар ҷавони саодатманди миллати тоҷик, бояд нисбати ватани хеш меҳру муҳаббати зиёд дошта бошад. Куҷое, ки набошад, хоҳ дар Ватан, хоҳ берун аз Ватан, доимо дар ёди Ватан бошад. Чи тавре ки шоири зиндаёд Мастон Шералӣ гуфта буд:

Беватан нест, ғарибе, ки кунад ёди Ватан,

Дар ватанбудаи бе ёди Ватан беватан аст.

Ба Ватан хизмат кардан, ифтихори ҳар як ҷавонмарди бедордил мебошад, зеро ҳар ҷавонмарди равшанзамир баъди адои хизмати Модар-Ватан дар назди ҷомеа обрую нуфуз пайдо мекунад. Мо -ҷавонписаронро зарур аст, ки барои ҳимояи марзу буми кишвари муқаддасамон ҳисси баланди ватандӯстиро дар қалбамон бедор намуда, барои шабҳо орому осуда хобидани ҷомеа, хотирҷамъ ва ҳаёти осоишта доштани миллат ба ватани хеш содиқона хизмат кунем.

То бихобад миллате осуда андар хоби ноз,

Аскаре бояд, ки санги хораро бистар кунад.

Имрӯз шукргузор аз он ҳастем, ки мо миллати ифтихорманди тоҷик дар як замоне зиндагӣ карда истодаем, ки сарбозони далеру шуҷоатманд, қавиирода, ҳушёру зирак ва боматонат Тоҷикистони азизи моро ҳифз намуда, осудагиро дар Ватан кафолат медиҳанд. Рушди иқтисодиву иҷтимоӣва сиёсии ватанамонро бе иштироки фаъолонаи ҷавонони кишвар, тасаввур кардан ғайриимкон аст. Аз нуқтаи назари оморӣ, чи хеле ки ба момаълум аст, 70 %-и аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Аз ин лиҳоз,мо ҷавонон, ки неруи пешбарандаи ҷомеа ҳастем, бояд сазовори боварии боэътимоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошем.Бояд шукргузор аз он бошем, ки имрӯз сарвари давлат барои мо ҷавонон, дарҚувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ беҳтарин шароитҳоро фароҳам овардаанд. Ҳар яки мо бояд, хизматҳои шоистаи Пешвои миллатро қадр карда, пайравӣ ба Пешвоираиятпарвар намоем.

Пешвои ҷавонпарвари мо дар яке аз паёмашон гуфта буданд:“Ман борҳо таъкид кардаам ва имрӯз бори дигар бо ифтихор иброз медорам, ки ҷавонони мо дорои ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарварӣ буда, дар мубориза бо ҳама гуна хавфу хатарҳое, ки зидди давлату миллатанд, омода мебошанд ва манфиатҳои миллиро аз ҳар манфиати дигар боло медонанд. Мо бо ҷавонони бонангу номуси худ ифтихор мекунем ва барои ҳалли масъалаҳои онҳо минбаъд низ тамоми тадбирҳоро амалӣ мегардонем”. Солҳои охир теъдоди ҷавонписароне, ки бо хоҳиши худ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат номнавис шудаанд кам нестанд. Ин шаҳодатдиҳандаи он аст, ки дар Тоҷикистони азизи мо сафи ҷавонони ватандӯсту дилогоҳ хеле зиёданд.

Беҳуда мафҳуми Ватанро ба калимаи модар шабеҳ накардаанд. Чи хеле ки модарро интихоб карда намешавад, Ватан ҳам интихобнашаванда аст. Дӯстдории Ватан аз меҳру муҳаббати модар сарчашма мегирад, яъне ҳар фарде, ки модари хешро азиз медораду эҳтиром мекунад, бояд нисбати ватанаш низ эҳтирому арҷи хоса дошта бошад. Ҳар як ҷавони бедордилро зарур аст, ки барои сарҷамъу муттаҳид будани миллаташ, алалхусус барои ин меҳани ободаш, бояд қарзи шаҳрвандии хешро ба ҷо орад.

Мо - ҷавонони даврони истиқлолият хушбахт аз он ҳастем, ки родмардони баору номуси Ватан шабу рӯз нагуфта Ватанро ҳимоят мекунанд. Моро зарур аст, ки ба қатори ин родмардони бонангу номус ҳамсаф истода, хоки ин меҳани муқаддасамонро ҳифз кунем. Имрӯз афсарону сарбозони қавиирода ва боматонати Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ вазифаи худро дар назди Ватан аз рӯи ростию дурустӣ, вафодорона, бо садоқат ва бо самимият ба ҷо оварда, содиқона хизмат намуда истодаанд.

Ҳисси ватандӯстива хештаншиносӣ, паёму дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллатмаро водор намуд, то қарзи фарзандии хешро ба ҷо орам,тасмим гирифтаам, ки баъди хатми донишгоҳ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардида, бо шараф ваҷасорати беш, зарраи хоку хасу хори Ватанро мисли гавҳараки чашм ҳифозат намоям. Барои тинҷиву осоиштагии Ватан, барои оромии халқам, барои осудагии модару хоҳарсофдилона хизмат хоҳам кард.

Чи хеле ки ба мо маълум аст, Созмони Милали Муттаҳид Ҷумҳурии Тоҷикистонро яке аз давлатҳои амнтарин дар байни давлатҳои бузурги дунё эълон намуд. Зеро имрӯз сарбозони баландҳиммату ҷавонмарди миллати тоҷик бо иродаи мустаҳкам ва азми қавӣ аз таҳти дил ин сарзамини моро ҳимоят мекунанд.

Артиши пуриқтидорат мо Ватан,

Ҷон ба ҷон ҳифзат кунему тан ба тан.

Бо садоқат, бо матонат бар дифо

Саф кашад зери Ливоят марду зан.

Хулоса, биёед, дӯстон, бародарони шуҷою далерҳама якҷоя Ватанро сипаргардем , чунки ҳар як фарди ватандӯсту худогоҳ бояд доимо ба хизмати Ватан омода бошад. Хизмат ба Ватан қарзи фарзандии ҳар яки мо ҷавонмардон аст.

Дил ба ғами Ватан фигор мо накунем, кӣ мекунад?

Ҷон ба раҳи Ватан нисор мо накунем , кӣ мекунад?

Дар баду неки ӯ шарик мо нашавем, кӣ мешавад?

Ҳифзу вафои ӯ шиор мо накунем, кӣ мекунад?

Усмонов Муслиҳиддин - донишҷӯи курси 4- уми факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ