Нақши родмардони далеру шуҷоъ дар рушди Артиши миллӣ

Родмардону шаҳидони роҳи озодӣ ва ҳомиёни Ватан ҳаргиз намемиранд, зеро ҳифзу ҳимояи Ватан нахуст фарзи динӣ ва сипас қарзи шаҳрвандӣ аст. Ҳар миллат фарзандони далеру шуҷоашро, ки дар роҳи ҳифзу ҳимояи истиқлол ва озодии миллат ҷоннисорӣ мекунад, ҳамеша дар ёд дорад. Азбаски миллати тоҷик мусалмон асту ангезаи динӣ дар тинати ӯ қавист, набояд, ки шаҳидони марзро кушташудагон гуфт, зеро кушташудаҳо зиёданд, аммо шаҳид касест, ки дар майдони ҷанг, барои ҳифзи марзу бум ва дар роҳи хидмат ба Ватан ва мардумаш кушта мешавад. Мо мафҳуми “шаҳид”-ро аз “кушташуда” бояд фарқ кунем. “Шаҳид” дар ҷилди дуюми “Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ” – кушташуда дар роҳи дин, умуман, кушташуда дар роҳи кори ҳақ, кушташудаи бегуноҳ маънидод карда шудааст. “Кушташуда” бошад, дар ҷилди якуми “Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ” ба маънии мақтул, сарбуридашуда омадааст.

Тоҷикистон давоми 30 сол марҳилаи вазнину ҳассосро аз сар гузаронидааст, ки дар роҳи ҳимояи марзу бум родмардони зиёд шаҳид шудаанд. Чун Рӯзи Артиши милли Ҷумҳурии Тоҷикистон фаро мерасад, бевосита ҷонбозиҳои қаҳрамононаи шаҳидонро ёд мекунем.

Артиш худ маҷмӯъи нерӯҳои низомии як кишвар мебошад, ки аз як ситод, ду ё чанд сипоҳ ва нерӯҳои ёрирасон ташкил шуда ва қодир ба амалиёти размии мустақил аст.

Ҳар як давлат артиши худро дорад, аммо Артиши миллии Тоҷикистон замоне таъсис дода шуд, ки вазъи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар дар ҳолати ноором қарор дошт ва низомиёни касбӣ ҳам дар кишвар кам буданд.

Таърих гувоҳ аст, ки ташкили Артиши миллии мо дар шароити мушкил ва ҳассос таъсис ёфта, марҳилаҳои ниҳоят вазнинро тай кардааст. Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ сарфи назар аз он, ки кишварро вазъи печидаи ҳарбӣ-сиёсӣ ё худ муноқишаҳои дохилӣ фарогир буд, Тоҷикистони тозаистиқлол ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи худ шурӯъ намуд. 18-уми декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расида, 23-юми феврали соли 1993 расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд.

Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», 23 феврал ҳамчун ҷашни Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид”аз 3 ноябри соли 1995, № 98).

Ин дастоварди бузург осон ба даст наомад. Маҳз сиёсати хирадмандонаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон буд, ки марҳила ба марҳила рушд намуд. Дар ҳамон давра баъзе гурӯҳе пайдо мешуданд, ки барои муваффақ шудани Артиши миллӣ бо чашми шубҳа менигаристанд, вале ҷавонони далеру шуҷои кишвар омода буданд, то барои дифои ҳар як ваҷаби ватан ҷоннисорӣ намоянд.

Заҳматҳои шабонарӯзии фидоиён сабаб гардид, ки Қӯшунҳои дохилӣ то соли 1995 — 10 қисми ҳарбии алоҳидаро бо теъдоди умумии зиёда аз 10 000 нафар ҳайати шахсӣ дар бар мегирифт.

Бо шомил шудан ба Вазорати корҳои дохилӣ Қушунҳои дохилӣ ба қувваи муқтадири давлатӣ, зарбазан, зудамал ва ҳалкунанда табдил ёфтанд, ки минбаъд саҳми муҳимро дар ором сохтани вазъи дохилии ҷумҳурӣ гузоштанд (Вазорати корҳои дохилӣ — такягоҳи боэътимоди истиқлолият. Душанбе. -2011. С. 96).

Аслан, таҷрибаи лашкардорӣ дар низоми давлатдории миллати мо аз умқи таърих сарчашма мегирад. Ғояҳои баландмазмуне, ки эҳсоси ватандорӣ ва ҳифзи марзу бумро дорад яке аз меҳвари асосии низоми ҳарбии моро ташкил медод. Мафҳумҳои ҳарбиву меҳанпарастона дар дастхатҳои замони Ҳахоманишиҳо, замони Сосониён дар асари “Гуштоспнома” ва бахусус дар аҳди Сомониён дар “Шоҳнома” ва “Қобуснома” инъикос ёфта, дар замони муосир ба рӯҳияи ҳарбии афсарону аскарони тоҷик таъсири амиқ мегузоранд.

Дар замони давлатдории миллии тоҷикон Сомониён бошад, таъмини гвардияи подшоҳӣ ва ташкили ҳамаи корҳои ҳарбӣ бар ихтиёри девони «Соҳиб-ушрот» вогузор шуда буд (Б. Ғафуров. Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим ва асрҳои миённа. Ҷилди якум. -Душанбе. 1998. С. 455).

Масъалаи дигаре, ки далели таҷрибаи артишдорӣ ва роҳнамоии насли ин миллат барои ҳифзи арзишҳои милливу давлатӣ баромад менамояд, ҳамосаи (эпоси) сатҳи ҷаҳонии мо тоҷикон — «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ мебошад. “Шоҳнома”­ро беҳуда “Ҷангнома” низ намегӯянд зеро асари мазкур саропо ифодагари далерии мардуми тавонманди Мовароуннаҳру Хуросон буда, аз онҳо даъват шудааст, ки бар зидди душманон дар мавқеи мубориза қарор дошта бошанд. Тасвири набард дар корзори Абудқосими Фирдавсӣ чунон моҳирона суханварӣ шудааст, ки ин далели огаҳии шоир атрофи масъалаҳои низомист.

Сюжети асосии «Шоҳнома» аз оғоз то анҷом фарогири сулҳу оштӣ, ҷангу ҷидол ва аз нозукиҳои ҳарбӣ сухан мекунад. Маҳз омӯзиши ин шоҳасар аз тарафи ҷавонон алалхусус артишдории ниёгонамон буданд, ки бо истифода аз онҳо тавонистем артиши миллии Тоҷикистонро дар шароитҳои душвортарин таъсис дода, имрӯз бо сарбаландӣ онро дар сатҳи баланди омодагии касбӣ таҷлил намоем.

Новобаста аз мушкилоти ҷойдошта, Артиши миллии Тоҷикистон дар муборизаҳои вазнини барқарор намудани сулҳ дар минтақаҳои кишвар баҳри ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ талошу ҷонбозиҳои шоистаро анҷом дода тавонист.

Баъди таъсисёбӣ, вазифаи дигар эҷоди қонунҳо ва санадҳои дахлдори ҳуқуқӣ барои ташаккул, танзим ва ҷо ба ҷогузории Қувваҳои мусаллаҳ ва сохтору воҳидҳои он ба шумор мерафт.

Дар ин замина 25 июни соли 1993 Қонун “Дар бораи мудофиа” (дар таҳрири нав аз 4 ноябри соли 1995), 13 декабри соли 1996 Қонун “Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, 1 августи соли 1997 Қонун “Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” (дар таҳрири нав аз 29 ноябри соли 2000) қабул гардиданд, ки на танҳо асосҳои ҳуқуқии фаъолияти қувваҳои мусаллаҳ, балки таъмину нигоҳдорӣ ва ҳаҷми маблағҷудокунии буҷетиро муайян намуд.

Дар роҳи таъмини нерӯи мудофиавии Тоҷикистон муҳимтарин қонунҳои танзимкунандаи фаъолияти системаи амнияти миллӣ, ба монанди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Қӯшунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи амният”, “Дар бораи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ” ва “ Дар бораи таъсиси Қушунҳои сарҳадии Вазорати амният” ба тавсиб расиданд, ки қадами устуворе ба ҳисоб мерафт.

Артиши миллии Тоҷикистон яке аз муҳимтарин ниҳоди муташаккил буда, асоситарин пояи нигоҳдории давлату миллати тоҷикон ба ҳисоб меравад. Маҳз Артиш аз замони таъсис то ин ҷониб собит намудааст, ки дар иҷрои вазифаҳои муқаддасу пуршарафи худ устувор аст.

Маҳз садоқат ва хизматҳои софдилонаи ҳомиёни кишвар аст, ки имрӯз мо сокинон ва шаҳрвандон дар фазои ором, тинҷӣ, амну осоишта зиндагӣ дорем. Мустаҳкамии аркони давлат, поси сулҳу амнияти ҷомеа, яке аз вазифаҳои аслии Артиш ба ҳисоб меравад, ки аз ҷониби сарбозони далеру шуҷоъ ва ватандӯсти кишвар сарбаландона иҷро мешаванд.

Махсусан, муноқишаҳои наздисарҳадӣ собит сохт, ки хидмати шабонарӯзӣ ва содиқонаи хидматчиёни ҳарбии сохторҳои низомӣ дар ҳифзи марзу бум назаррас аст.

Моҳи июли соли 2014 дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон муноқишае ба амал омада буд, ки дар пайи он 1 нафар низомӣ кушта шуд. Ҷавони кушташуда Сафолиддин Шаропови 35 сола мебошад, ки имрӯз мо ҳамчун родмарди шуҷоъёд мекунем. Моҳи августи ҳамин сол капитан Азамат Азимов дар роҳи ҳифзи Ватан дар марзи Овчиқалъача шаҳид гашт ва баъди маргаш аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ордени “Шараф” мукофотонида шуд.

Сентябри соли 2019 бошад, муноқишаи навбатӣ рух дод, ки 3 нафар: подполковник Рустам Убайдуллоев, Рамазон Исломов ва Ғиёсиддин Суванов ҷоннисорӣ карданд.

Охири апрел ва аввали майи соли 2021 бошад, дар натиҷаи задухӯрди шадид, 19 нафар шаҳид шуданд, ки Аслиддин Абдузамонов, Абдуллоҳ Саидов, Салоҳиддин Гадоев, Ҷасурҷон Суярқулов аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Ёд меорем, муноқишаҳои охирони соли гузаштаро, ки банда низ ин манзараҳои даҳшатнокро дидаам. Таърихи 14­17 уми сентябри соли 2022 дар минтақаҳои сарҳадии Овчиқалъача, Хистеварз, Ворух, Чоркӯҳ, Сомониён ҷанги пуршиддат ба вуқуъ пайваст, ки дар натиҷа нафарони зиёде қурбон ва захмӣгардиданд. Ҳатто баъди эълони оташбас, қирғиз аҳдшиканона аз техникаи вазнини ҷангӣ ва ҳавопаймоҳои бесарнишини ҷангии “Байрақдор” истифода бурда, мактабу масҷид ва иншооти шаҳравандиро тирборон кард, ки дар натиҷа мардуми бегуноҳ ва чандин сарбозе, ки дар артиш хизмат мекарданд, шаҳид гаштанд. Маҳз набарди родмардон буд, ки оташи ҷанг хомӯш гардид ва мардуми осоишта ба манзилашон баргашта зиндагиро идома дода истодаанд. Мутаассифона дар муноқишаи охирон шумораи қурбониён зиёда аз 50 нафар мебошад, ки барои дифои Ватан шаҳид шуданд. Шуҳрат Наҷмиддинзода, Сафаралӣ Ҳасан, Нусратуллои Фатҳулло, Олимназар Холиқназаров, Хирадманд Усмонзода, Ғолиб Абдунабиев, Салоҳиддин Муъминов ва дигарон бо ҷонфидоии худ марзи Ватанро ҳимоя карда, барои сокинон зиндагии осоиштаро таъмин карданд ва то абад ҳамчун қаҳрамон дар таърих боқӣ хоҳанд монд.

Ин гуна ҷоннисориву қаҳрамониҳои ҳомиёни Ватанро ба назар гирифта, соли 1995 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд” қабул гардид, ки барои пос доштани хотираи шаҳидон равона карда шудааст.

Пешвои миллат пайваста таъкид менамоянд, ки: «Мо на танҳо дар рӯзҳои ҷашн, балки ҳамеша хотираи ҷавонмардонеро, ки барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, пойдории сулҳу субот, ҳимояи марзу буми Ватан ва ҳифзи зиндагии орому осудаи сокинони мамлакат ҷони худро нисор кардаанд, пос медорем ва номи неку корномаҳои ватандӯстонаи онҳоро ҳаргиз фаромӯш намекунем”.

Воқеан, ҳазорҳо нафар ҳомиёни содиқи Ватан ҷонашонро аз даст доданд, садҳо нафари дигар маъюбу маҷрӯҳ гардиданд, ки мо корнамоиҳои онҳоро ҳамеша бо ифтихор ба забон мегирем ва хотираи неки онҳоро пос медорем.

Дар боби 1, моддаи 1­и Қонуни мазкур чунин омадааст: Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд, ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистононҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад. (https://parlament.tj/news/560--onuni-um-urii-to-ikiston-dar-borai-ovidon-sohtani-hotirai-sha-rvandone-ki-angomi-mu-ofizati-vatan-alok-gardidaand. Душанбе. ­ 1995).

Моддаи 11­ибоби 2 бошад, оид ба эҳтиёт кардани мазорҳои ҳарбиён ҳушдор медиҳад. Бо мақсади эҳтиёт кардани мазорҳои ҳарбиён мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар маҳалли воқеъ гардидани онҳо бо тартиби муайянкардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон минтақаҳои посбонишаванда муқаррар менамоянд. (https://parlament.tj/news/560--onuni-um-urii-to-ikiston-dar-borai-ovidon-sohtani-hotirai-sha-rvandone-ki-angomi-mu-ofizati-vatan-alok-gardidaand. Душанбе. ­ 1995).

Ҳамин тавр, “Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст. (Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Моддаи 43. Душанбе. -2016).

Аҳамияти сулҳу субот дар ҷаҳони муосир, нақши ҷавонон дар ҳифзи амнияти давлатию якпорчагии Тоҷикистон, моҳияти хизмат дар сафи Артиши миллӣ ва риояи қонунгузорӣ хеле назаррас аст. Ҳар як давлати соҳибистиқлол дар ҳифзи суботу амнияти худ ба сохторҳои қудратӣ, аз ҷумла, ба Артиши миллӣ такя мекунад. Ва танҳо якдиливу якпорчагии хизматчиёни ҳарбӣ ва ҷавонон барои рушди Артиши миллӣ сабаб мегардад.

Дар робита ба таъкидҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз мо – тоҷикон, хоса ҷавонон бояд ба қадри Ватан ва ҳар лаҳзаи суботу оромӣ бирасем ва бо дасту дили пок, нияти нек, садоқат ба давлату миллати худ, нангу номуси ватандорӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ кору фаъолият намоем. Ҳифзи Ватан, сулҳу субот ва осоиштагии миллат ҷавҳари асосии ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошад.

Давоми 30 сол Артиш воқеан рушд намуд ва собит кард, ки ҷавононе, ки хизмати ҳарбиро адо намуда истодаанд, насли воқеан далеру шуҷоъ ва аз лиҳози сиёсӣ бисёр закӣ мебошанд. Сокинони мамлакат низ аз будани чунин родмардони Ватан ифтихор намуда, хотирҷамъ зиндагиашонро пеш мебаранд ва осуда хоб мераванд.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр мекунанд: «Хизмат ба Ватан аслан хизмат кардан ба падару модар ва бародарону хоҳарони машғули меҳнати осоишта аст. Зеро Ватан ва миллат ду рукни муқаддасест, ки бидуни онҳо ҳеҷ фард сари баланду ифтихори инсонӣ дошта наметавонад».

Хушҳолкунанда аст, ки насли имрӯз ватандӯст ба воя расида истодааст. Барои афзудани сафи чунин родмардони далер, дар баробари мақомот насли калонсоли ҷомеа ҳам дар ин самт ҳамчун омили аслӣ дар шакл гирифтани шахсияти фарзанд муносибат намоянд. Калонсолонро мебояд, аз уқубати солҳои ҷанги шаҳрвандӣ қисса кунанд, то ҷавонон ҳис намоянд, ки маҳз онҳо сипару ҳимояткунанда ҳастанд. Волидайн бояд ангеза диҳанд, то фарзандаш ихтиёрӣ роҳи хизмат ба Қувваҳои Мусаллаҳро интихоб намояд. Бояд ба шуури ҷавонон ҷой дод, ки 2 соли хизмати онҳо роҳати якумра гардида, мактаби мардонагӣ боиси ҷасорату сарбаландии онҳост. Мо модарон низ бояд кӯшиш ба харҷ диҳем, то қишреро ба воя расонем, ки тафаккури солиму созанда дошта бошанд ва арзишҳои миллиро воло гузоранд. Ҷавононро дар рӯҳияе тарбия бояд кард, ки барояшон таърих, забону фарҳанг, расму ойинҳои миллӣ ва ҳар як пораи хоки Тоҷикистон азизу муқаддас бошад ва ҳифз кардани онҳоро барои худ қарзи фарзанд ва шарафи бузург донанд.

Тӯхтаева Маҳноза - докторанти PhD, МДТ «ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ