​Артиши миллӣ – таҳкими истиқлоли давлатӣ

Мо бояд Ватанамонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол, мисли гавҳараки чашм нигоҳ дорем. Ватандорӣ аз имондорист, аз ин лиҳоз бояд ҳамеша бо дили пок ба Ватан хизмат намоем ва манфиати миллиро аз манфиатҳои шахсӣ ҳамеша пеш гузорем. Зеро талаботи замон аз мо тақозо мекунад, ки рӯз то рӯз ба дарки оромии кишвар бирасем ва онро ҳамеша арҷ гузорем. Дар ин равандкафили таҳкими истиқлолияти давлатӣ, мактаби бузурги ватандорӣ, пойдевори тарбияи ҳарбӣ – ватандӯстӣ Артиши миллӣ ҳамчун сипари боэътимоди Ватани соҳибистиқлоломон аҳамияти калоти таърихӣ-умумиҷаҳонӣ дорад. Дар асоси таѓйирот ва иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ пешбинӣ шудааст, ки мувофиқи он шаҳрвадони синни даъватӣ ба таври ихтиёрӣ бо гузаштани ҷамъомади якмоҳаи ҳарбӣ ва пардохти маблаѓи муайян, аз хизмати ҳарбӣ озод карда мешаванд.

Дар ҳақиқат, вазъи имрӯзаи ҷаҳон ва минтақа моро водор месозад, ки Артиши миллӣ ҳамчун кафили таҳкими истиқлолияти давлатӣ ба масъалаи таъминоти Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар беш аз ҳар вақти дигар таваҷҷуҳи ҷиддӣ доданро талаб менамоянд. Мардуми шарафманди қадимаи халқи тоҷик дар арафаи 35-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30-солагии таъсиси (1993) Артиши миллиро қайд карда, барои муҳофизатимарзи бумимамлакат эътибори махсус медиҳанд. Аввалин қисмҳои Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистондар асоси ба амал тадбиқ намудани қарорҳои Иҷлосияи тақдирсози миллат-Иҷлосияи ХУ1 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шуда, барои мустаҳкам намуданисохта давлат ва давлатдори,таъмини сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ, мактаби бузурги ватандорӣ, макони таорбияиҳарбӣ-ватандорӣ, таъмини муҳофизаиҳаёти бунёдкоронаю созандагии меҳнаткашоникишвар, ҳифзи Ватан,ҳимояи манфиатҳои давлат,таъмини амният ва иқтидори мудофиавии кишвар Артии миллӣсаҳми беандоза мегузорад.

Таърих гувоҳ аст, ки бо Қарори Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 18 декабри соли 1992 таҳти рақами № 3 «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шуд. Яъне, заминаҳои ҳуқуқии таъсиси Артиши миллӣ аз Иҷлосияи тақдирсози миллат сарчашма мегирад. Бо пешниҳои Пешвои муаззами миллат, мӯхтарам Эмомалӣ Раҳмон 23 феврал Рӯзи Артиши миллӣ дар мамлакат эълон карда шуд. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 1992 ва бо қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ноябри соли 1992 дар пойгоҳи техникими геологӣ коллеҷи олии ҳарбии фармондеҳӣ-мухандисӣ ташкил карда шуд ва гурӯҳи аввалини донишҷӯёни шомил шуда ба коллеҷи мазкур бори нахуст, 23 феврали соли 1993 аввалин паради Артиши миллӣ доир шуд ва нахуст санганди ҳарбӣ ёд намуд.

Нақши Пешвои миллат дар таъсис ва таҳкими Артиши миллӣкалон буда, то соли 1997 Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 қисмат: Қӯшунҳои хушкигард, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва Қӯшунҳои мудофиаи зидди ҳавоӣ иборат буд. ҳоло бо Қӯшунҳои зуд-амал (аз соли2003) (таркибаш- қисмҳои низомии десантӣ, тирандозони кӯҳӣ, қисмҳои таъиноти махсус, полки муҳандисӣ-сапёрӣ ва як қатор ҷузъу томҳои дигар шомил гаштанд), литсейи ҳарбӣ, Донишкадаи ҳарбӣ (2002), полки комендантӣ, қисмҳои ҳарбии таъминоти ва дигар идораҳо фаъолият мебарад.Соли 2023- 105-солагии Артиши Шӯравӣ, 30-солагии Артиши миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар асоси таҳлил ва омӯзиши Паёми навбати (№ 22) Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои милат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 26 январи соли 2021 дар барои самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мутахассиси ин соҳа ва таърихшинос ба чунон хулоса омадан мумкин, ки Паём саодатномаи халқи тоҷик мебошад. Дар солҳои иститқлолият халқамон бо дастоварду пешравиҳо ноил шуд ва ддар ин саҳми Артиши миллӣ беандоза калон аст.

Дар ин шароити таъмини беҳатари мамлакат аз тарафи Артиши милли сайёҳӣ ҳам рушд меёбад. Дар Паём ба соҳаи сайёҳӣ эътибор дода шудааст. Амали гардидани соли аввали “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ - солҳои 2019-2021” пешравиҳо калон аст, дар кишвар зиёда аз 240 ширкатҳои сайёҳӣ фаъолият дошта, 15 лоиҳаи инфрасохтори сайёҳӣ аз имтиёзҳои бархурдар гардидааст, 20% сайёҳ зиёд аст, барои тайёр кардани кадрҳо дар заминаи ДСХ Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат (ДССХ) таъсис додан пешниҳод шуд. Ба соҳибкорони хориҷие, ки ба иқтисодиёти кишвар зиёда аз 1 млн доллар сармоягузорӣ менамоянд раводиди бисёркаратаи 5 сола дода шавад ва дар доираи“Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ваҳунарҳои мардумӣ” бо мақсади ҷалби пештари сайёҳон ба шаҳрвандони хориҷие, ҳуқуқи бо тартиби сода гирифтани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд, раводиди навъи сайёҳии бисёркарата дода, мӯҳлати он то 60 рӯз дароз карда шавад, ҳамватанони бурунмарзие, ки зодагони Тоҷикистон мебошад, раводиди бисёркаратаи 3 сола дода шавадро пешниҳод намуданд Пешвои миллат.

Ҳамчун кафили таҳкими истиқлол давлати Артиши миллии кишвар барои мустаҳкам кардани муносибатҳаи байналмилали эътибори махсус медихад. Дар сиёсати хориҷӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари пешбарандаи сулҳҷӯёнаву созанда эътироф гардида, эътибор пайдо кардааст. Ба шарофати сиёсати “дарҳои кушода”, ки ҷавҳари равобити байналмилалии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Рушди тавсеаи ҳамкориҳои минтақавӣ ва таҳкими амнияту субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ яке аз рукнҳои бунёдии сиёсати хориҷии давлати моро ташкил медиҳад. Тоҷикистон кӯшишҳои ҳукумати Афғонистонро ҷиҳати дарёфти роҳҳои сулҳомези ба эътидол овардани вазъи сиёсиву низомӣ ва таъмини рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии он ҳамаҷониба пуштибонӣ мекунад.

Дар солҳои истиқлолият дар таркиби Артиши милли қисмҳои пиёдагар, сарҳадӣ, артелерӣ, ҳавои - ҳарбӣ ва ғайриҳо ташкил карда шуда, бо яроқу воситаҳои ҳабии замонавӣ таъмин карда шудааст, ки дар он мутахассисҳои касбфаъолият мебаранд, аз ҷиҳати мазмун ва моҳият бо талобати стандардҳои байналмилалӣ ҷавобгар мебошад.

Артиши миллии Тоҷикистон артиши сулҳпарвар мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаҳои муассиру самарабахш ва созандаи худро бо созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, шарикони рушд ва ниҳодҳои бонуфузи молиявие, ки ба онҳо ҳамкориҳои судманд дорем, идома медихем. Душанбе ба маркази баррасии масъалаҳои глобалӣ ва минтақавӣ табдил ёфтааст. Саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ва Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба мубориза бар зидди терроризм ва маблағгузории он доир гардиданд. Соли 2019 Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсати созмонҳои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, Созмони ҳамкории иқтисодӣва Форуми ҳамкории амниятии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупоро ба ӯҳда дошт. Соли 2020 раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хазинаи байналмилалии наҷоти баҳри Арал, СҳШ, СААД ва Раванди Истамбул оид ба Афғонистон оғоз мешавад. Конференсияи байналмилалӣ “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018-2028”, “Соли 2025 –соли байналмилалӣ ҳифзи пиряхҳо” дар Душанбе баргузор мегардад. Дар гузаронидани ин маъракаҳои байналмилалӣ нақши Артиши миллӣ назаррас аст.

Дар ҳақиқат, Паёми Пешвои муаззами миллат (2022) то соли 2040 саодатномаи халқи тоҷик буда, дар он қайд карда шудааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофати заҳмати халқи соҳибмаърифату тамаддунсозаш ба марҳалаи нави рушд ворид шуд, ки дар ин раванд мо ва хизматчиёни ҳарби ҳушёриву зиракии сиёсиро ҳаргиз аз даст надиҳем, ба масъалаи ҳифзи амнияти инфрасохтори низомӣ бисёр ҷиддӣ муносибат намоем.

Боиси таассуф аст, ки имрӯз қисме аз ҷавонон ба синну соли хизмати ҳарбӣ расида, сари вақт ба комиссияҳои даъватӣ ҳозир намешаванд ё худ аз хизмати ҳарбӣ саркаши мекунад. Мутобиқи моддаи 343 Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон “бо ҷарима аз 500 то як ҳазор нишондиҳанда бароиҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то 2 сол ҷазо дода мешавад”. Дар Австралия 1 сол, Олмон, Исроил 5 сол, Кореяи ҷанубӣ, Туркия 3 сол ҷазо муқаррар карда шудааст. Хизмати ҳарбӣ барои занҳо ҳамчун уҳдадории конститутсионии шаҳрвандӣ муқаррар нашуда бошад ҳам, вале рӯз аз рӯз дар таҷрибаи ҷаҳонӣ раванди иштироки занҳо дар мудофиаи ҳарбӣ дар баъзе давлатҳои муосир 15%, дар оянда ба 20%ро ташкил мекунанд. Дар ИМА- 177 000;, Россия- 90 000; Украина- 77 000; Исроил- 36 000; Британиям Кабир-16 4000; Олмон-10 600;Ҷопон- 10 200;Канада-10 800; Испания-9400; Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ-8600; Австралия-7300; Юнон-5500; Ҳолланд-4200; Чехия-4000; Белорусия-4000; Кореяи Ҷанубӣ-2200; Туркия-2000; Қирѓизистон-750; Лаҳистон-500; Молдавия-500; Кипр-350 нафар занҳо дар қувваҳои ҳарбии давлат адои хизмат намуда истодаанд. Дар Исроил хизмати ҳарбӣ барои занҳо баробари мардон ҳамчун уҳдадории конститутсионӣ муқаррар карда шудааст. Тибқи муқаррароти моддаи 29 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” шаҳрвандони ҷинси зани аз 20 то 40 сола метавонанд бо тартиби ихтиёрӣ ба хизмати дохил шаванд. Масъалаҳои ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлоли давлатӣ, уҳдадориҳои ҳарбӣ, хизмати ҳарбӣ, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрвандони кишвар буда, иҷро он барои ҳар як фарзанди фарзонаи миллат шарт мебошад.

Дар асоси пешниҳоди Пешвои муаззами миллат, Сарфармондеҳии олии кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои гуногуни низомӣ вазифадор карда мешаванд, ки риояи низоми ҳарбӣ, низоми тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳо, идоракунии ҷузъи томҳои ҳарбӣ, огоҳсозӣ ва робитаи байниҳамдигариро доир ба вазъи фаврӣ пайваста такмил дода, ба масъалаи ҳифзи амнияти инфрасохтори низомӣ бисёр ҷиддӣ муносибат намоянд. Хизмат кардан дар Артиши миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як фарзанда бонумуси мамлакатамон мебошанд.

Инсоният дар симои терроризми байналмилалӣ бо душмани фарди бераҳму шавқат ва маккоре рӯ ба рӯ омадааст, ки тамоми меъёрҳои ахлоқӣ ва арзишҳои умумиинсониро поймол карда, барои расидан ба ҳадафҳои худ аз ягон ваҳшоният рӯй намегардонад. Шарти муҳими ба даст овардани муваффақият дар мубориза бо терроризм фаъолияти ҳамоҳанг шудаву босамари мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва Артиши миллӣ дар ин самт мебошад. Дар давраи истиқлолият таъмини амнияти марзу буми давлат омили осоиштагӣ ва сарҷамъии миллати тоҷик нақши Артиши миллӣ бузург аст.

Дар арафаи 35-солагииистиқлоли давлатӣ ва 30-солагии таъсиси Артиши миллӣ дар ҳамаи корхоную ташкилотҳои, муассисаҳои маориф, тандурустӣ, маъданӣ-равшанномаи бо иштирокивакилониқисмҳои ҳарбӣ,кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ бо иштироки иштироокчиёни ҶБВ, барқарорсози ҳокимияти қонунӣ, интернатсионалистҳо шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд суҳбатҳо, саволу ҷавобҳо, мулоқотҳо, воҳӯриҳо дар бароимазмун ва моҳияти ҳизмати ҳарбии,иштироки ҷавонон дар ҳизмати ҳарбӣ гузаронидан ба анъана табдил ёфтааст. Ҷиҳати суръат бахшидан ба навсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии Артиши миллӣ, баланд бардоштани омодабошии ҳарбӣ ва тақвияти иқтидории мудофиавии кишвар эътибори махсус додан талоботи замон аст.

Дар солҳои истиқлолият масъалаи тақвияти ҳисси ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳӣ, садоқат ба Ватан-модар ва хизмат дар Артиши миллӣ яке аз мавзӯъҳои муҳим ба ҳисоб рафта, он метавонад дар замири шаҳрвандон, бахусус ҷавонон, дарки молҳияти ҳарчи бештари ҳифзи тамомияти озодиро ба вуҷуд меорад.Масъалаҳои хъизмат дар Артиши миллӣ, ватандӯстӣ ва ватанпарварӣ муҳимтарин маҳаки фаъолияти касбиву ҷамъиятӣ ва омили асосии муттаҳидсозии тамоми неруҳои ҷомеа мебошад. Пешвои миллат таъкид намуданд: “Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби ҷавонмардӣ маҳсуб ёфта, дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, худшиносиву худогоҳӣ тарбия намудани хизматчиёни ҳарбӣ ва барои онҳо муҳайё намудани шароити хуби хизмат, инчунин, риояи талаботи ойинномаҳои ҳарбӣ муҳимтарин самти сиёсати мудофиавии кишвар маҳсуб меёбад”.

Дар сафҳои Артиши миллии давлати бузургамон ҳизмат карда, мардуми бузургмекишварро бо ҷашни Артиши миллӣ табрик намуда, мо 35-солагии Истиқлолияти давлатии азизамонро бо муваффақиятҳои бузург пешвоз гирим. Хизмат дар сафи Артиши миллӣ вазифаи муқаддаси мо, кафили таҳкими истиқлолӣ давлат мебошанд. Мо, шаҳрвандони кишварро зарур аст, ки барои ҳифзи амнияту оромии мамлакати соҳибистиқлол ҳама якдилона талош кунем. Якҷоя Тоҷикистону орому зеборо боз ҳам ба наслҳои оянда орому зеботар ба мерос гузорем!

Эркаев Сафар - дотсенти кафедраи археология, этнография ва диншиносӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ