​30 соли муваффақият ва дастовардҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи навини давлатдории тоҷикон саҳифаи тозаро ифтитоҳ бахшида, ба рушду пешрафти соҳаҳои гуногун заминаи мусоид фароҳам овард. Мардуми сарбаланди тоҷик баъд аз ҳазор соли бедавлативу тобеият шаҳди истиқлол ва озодиро чашида, ҳамчун ангуштони як даст ва фарзандони як модар аз як гиребон сар бароварда, ҷиҳати расидан ба дастовардҳои арзанда талош намуд. Давоми солҳои истиқлолият дар тамоми самтҳои ҳаёти давлат дигаргуниву навгониҳои муфиде рӯйи кор омаданд, ки ба баланд шудани нуфузи Тоҷикистон ва таъмини тараққиёти соҳаҳои гуногуни ҷумҳурӣ шароити арзанда фароҳам оварданд.

Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз шоҳсутунҳои бузурги давлат ва дастоварди замони истиқлол аст, ки имсол аз таъсисёбии он 30 сол пур мешавад. 30 соли қадамҳои собит дар роҳи рушд ва ба хотири пешрафт...

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои мусаллаҳро яке аз рукнҳои воқеан бунёдӣ ва муҳимтарини давлат унвон намуда, таъкид доштаанд, ки ҳайати шахсии Қувваҳои мусаллаҳ дар ҳимояи истиқлолу озодии Ватан ва дастовардҳои таърихии он – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистон, ҳифзи марзу буми сарзамини аҷдодӣ, таъмини амнияти давлат ва осоиши ҷомеа саҳми басо арзишманд доранд.

Воқеан Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи ҳифзи истиқлолу амният ва озодии мамлакат рисолати сипари боэътимодро бо сарбаландӣ иҷро намуда, новобаста аз он ки бо иқтидору нерӯи камтарин таъсис ёфта буд, имрӯз аз лиҳози техникаву ҳайати шахсӣ ва қудрату имконият торафт ғанӣ мегардад, ки аз таваҷҷуҳи пайваста ва тадбирҳои судманди мақомоти олии мамлакат маншаъ мегирад.

Дар бораи таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сӣ сол муқаддам дар шароити ниҳоят вазнину ҳассоси иқтисодӣ ва ҳарбиву сиёсии кишвар дар таърихи 18-уми декабри соли 1992 фармони Раёсати Шӯрои Олӣ қабул гардида буд. Яъне, Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзҳое, ки кишварро ҷангу хунрезӣ, беқонуниву беҳокимиятӣ ва буҳрони шадиди иқтисодӣ фаро гирифта, ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ фалаҷ ва хатари аз байн рафтани давлати ҷавони Тоҷикистон ба миён омада буд, таъсис ёфт.

Дар ин маврид Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид доштаанд:

  • Рӯзҳои нахустини таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳ барои давлати ҷавони мо давраи ниҳоят душвор буд. Нарасидани техника, силоҳу муҳимоти ҷангӣ ва одитарин ҷузъиёти ҳарбӣ, аз қабили сару либос ва ҷойи хоби афсарону аскарон ҳар лаҳза эҳсос мешуд. Баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар байни понздаҳ ҷумҳурии собиқи он Тоҷикистон ягона давлати соҳибистиқлол ба шумор мерафт, ки аз артиши шӯравӣ чизе мерос нагирифта буд. Дар ҳоле, ки дигар ҷумҳуриҳо қисмҳои ҳарбии дар қаламравашон ҷойгирбударо бо тамоми техникаи ҳарбӣ ва муҳимоту лавозимоти ҷангӣ миллӣ гардонида, соҳиби артиш ва дигар сохторҳои низомӣ шуда буданд.

Дар ҳақиқат ҳам, дар он вазъият таъсис додани Артиши миллӣ кори осон набуд. Ҷойи шубҳа ҳам буд, ки дар чунин шароити вазнин - касодии иқтисодӣ ва вазъи ниҳоят ноороми сиёсӣ таъсиси артиши миллӣ имконпазир бошад. Вале бо талошу тадбирҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як марҳилаи кӯтоҳ бо имкониятҳои арзанда таъмин ва барои ҳифзи марзу буми аҷдодӣ ва дастовардҳои истиқлолияти мамлакатамон омода гардид.

Давоми сӣ сол афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ аз имтиҳони ҷиддии ҳаёт, мактаби мардонагӣ ва муборизаву набардҳои сангин сарбаландона гузашта, барои ҳифзи обу хоки сарзамини аҷдодӣ ва ҳимояи дастовардҳои Истиқлолият хизмати содиқонаву арзандаи худро ба ҷо оварданд. Имрӯз бо итминон метавон гуфт, ки Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи хеле мушкилу сангини таърихиро тай карда, ҳоло қодиранд амнияти давлату миллат ва ҳифзи марзу буми кишварро пурра таъмин намоянд.

Маврид ба зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави ибтикороти Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ ба масоили таҷдиду азнавсозии инфрасохтор ва таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда эътибори махсус дода, дар баробари таъминоти онҳо бо техникаву таҷҳизотҳои муосир, ҷиҳати омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ тадбирҳои зарурӣ анҷом медиҳад.

Мусаллам аст, ки пешрафти тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ дар навбати аввал аз суботи сиёсиву ҷамъиятӣ, сатҳи тартиботи ҳуқуқӣ, таъмини волоияти қонун, пешгирӣ кардани ҷинояткорӣ, муборизаи беамон бар зидди ҷинояткорон ва ҳифзи боэътимоди марзу буми Ватан вобаста мебошад. Ин вазифаи пурмасъул ва рисолати баланд бар уҳдаи хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ вогузор аст. Сутуданист, ки имрӯз Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин масъулиятро дар сатҳи баланд иҷро мекунанд. Имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибихтиёр дар симои хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат фарзандони бонангу номус ва шуҷову далери худро мебинанд, ки ба савганди ҳарбӣ ва халқу Ватани худ ҳамеша вафодор ҳастанд.

Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мактаби шуҷоат, мардонагӣ ва ҷасорат аст, ки ҷавононро дар руҳияи ватандӯстӣ, садоқат ба Ватан, худшиносӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ тарбия мекунад.

Дар моддаи 43 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими Истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд унвон шудааст.

Бахусус, дар шароити феълӣ ва раванди бадалшавии идеологияҳо, ки як қатор таҳдидҳои муосиреро пешорӯи инсоният гузошта, ба амнияти сокинони сайёра хатари ҷиддӣ доранд, нақши хизматчиёни Қувваҳои мусаллаҳ дар таъмини осудагӣ ва оромии давлат бузург аст.

Феълан зери мафҳуми таҳдидҳои муосир зуҳуротҳои номатлуб – терроризму экстремизм дарк мешавад, ки ягон кишваре, нест, ки аз ин хатар дар амн бошад ва худро бетараф гирад. Падидаҳои номатлуби ҷомеаи муосир аз қабили ифротгароӣ, терроризму эстремизм ҳар лаҳза ба амният ва суботи кишварҳо, хостан мамолики рӯ ба рушд таҳдид эҷод карда меистад. Мубориза алайҳи чунин падидаҳо кори якрӯзаву дурӯза набуда, балки амали пайваста ва дастаҷамъонаи ҷомеаи муосир мебошад. Дар ин ҷода ҳифзи истиқлол, таъмини амният ва бехатарӣ, пеш аз ҳама, вазифаи ҳомиёни Ватан аст.

Ҳомии Ватан - шахсест, ки бо ҷону тан ва амалан ба халқ, миллат ва давлати хеш хизмат мекунад. Албатта, пеш аз ҳама ин сарбозону афсароне ҳастанд, ки дар ҳимояи соҳибихтиёрӣ ва ягонагии кишвари азизамон шабонарӯза заҳмат мекашанд. Бе шубҳа заҳмату ҷоннисориҳои родмардони Ватан кафили фазои орому осоиштаи Тоҷикистони биҳиштосо мебошад.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: «Хизмат ба Ватан аслан хизмат кардан ба падару модар ва бародарону хоҳарони машғули меҳнати осоишта аст. Зеро Ватан ва миллат ду рукни муқаддасест, ки бидуни онҳо ҳеҷ фард сари баланду ифтихори инсонӣ дошта наметавонад».

Ҷойи ифтихор аст, ки имрӯзҳо хизматчиёни ҳарбии мо бо садоқати бепоён нисбат ба давлату миллат баҳри таҳкими интизоми ҳарбӣ, таъмини волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ ва баланд гардидани қобилияти ҳарбӣ ва иқтидори мудофиавии кишвар талош менамоянд ва рисолати фарзандии худро дар назди Ватан-Модар, миллат ва давлати Тоҷикистон бо сарбаландӣ иҷро мекунанд.

Ҳарчанд 30 сол дар назди таърих марҳилаи бузург нест, Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин муддати начандон тӯлонӣ дар партави сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист ба як сипари пуриқтидори дифоъи Ватан ва артиши боэътимод табдил ёбад.

Дар маҷмуъ, Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми 30 соли мавҷудият ба дастовардҳои арзандаву шоиста ноил гардид, ки минбаъд низ аз баракоти сулҳу шарофати истиқлол рушд хоҳад ёфт.

Шаҳноза Зарипова, сармуаллимаи кафедраи иттилоот ва технологияҳои робитавии факултети филологияи тоҷик

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ