​Ҷойи ў дар дида буд, акнун ба дилҳо рафтааст

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров боз як олими фарҳехтаву марди соҳибхирадро аз даст дод. Қалби устоди соҳибфазилат ва донишманди нуктасанҷ доктори илмҳои физика-математика, профессор Тошхӯҷаев Ҳаким Азимович аз таппиш боз монд, ки барои ҷомеаи меҳнатӣ талафоти бузург аст.

Реҳлати чунин як марди фазилатманд, ки кирдору аъмолаш барои насли ояндасоз намунаи ибрат аст, барои устодону донишҷӯёни донишгоҳ мусибати бузург маҳсуб меёбад.

Марги устод Тошхӯҷаев на танҳо барои ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ, балки барои маорифчиёну аҳли зиё рӯзи мусибат ва ғамгиномез аст. Зеро соҳаи маориф як нафар олим, корманди содиқ, пешсафу пешбар ва омӯзгори ҳирфаиву педагоги асилеро аз даст дод, ки умри худро барои таълиму тарбияи фарзандони миллат сарф намудаанд.

Омӯзгорӣ барои Устод на танҳо касб, балки ишқ буд. Номбурда чунон дилдодаву дилбохтаи касби омӯзгорӣ буданд, ки маънии будан ва зистанро дар тарбияи шогирдон ва ҷавонони ватандӯсту худшиноси Ватан медонистанд.

Профессор Тошхӯҷаев Ҳаким Азимович 17-уми марти соли 1960 дар шаҳри Хуҷанд чашм ба олами ҳастӣ кушода, соли 1982 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро бо ихтисоси физик-математик, муаллими фанни физика ва математика хатм кардаанд.

Пас аз хатми ин боргоҳи илму маърифат шурӯъ аз соли 1982 то инҷониб ба ҳайси муаллими математика ва физикаи мактаби миёнаи № 41 ноњияи Бобоҷон Fафуров, лаборанти кафедраи услуби таълими физика, аспиранти Донишгоњи технологии ба номи Ленсовети шаҳри Санкт-Петербург, сармуаллим, дотсент, мудири кафедраҳои техникаи њисоббарор, электроника ва воситањои техникии таълим ва муовини декан оид ба илм ва инноватсияи факултети физикаю техникаи донишгоҳ кору фаъолият намудаанд.

Шодравон Ҳаким Тошхӯҷаев як омӯзгори навовар ва ташаббускор буданд, ки ҳамеша барои рушд, пешрафт ва тараққиёт дониш, маҳорат ва тавоноии худро масраф менамуданд.

Профессор Ҳаким Тошхӯҷаев муаллифи даҳҳо монографияи илмӣ, китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ-методӣ ва беш аз 100 мақолаи илмӣ ба шумор мераванд.

Дар давраи фаъолияти меҳнативу омӯзгорӣ устод Тошхӯҷаев рисолаҳои номзадиву доктории худро дар бахши фанҳои дақиқ дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия ба дифоъ расонидаанд. Маҳз хидматҳои шоистаи Устод буд, ки бо унвони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз шудаанд.

Ҳамкорону шогирдон аз Ҳаким Тошхӯҷаев ҳамчун устоди соҳибмактаб ва дорои таҷрибаи муваффақ ном мегиранд, ки натиҷаи он ғолибияту дастоварди шогирдони мавсуф дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи гуногун маҳсуб меёбад.

Дар иртибот бо ин талафот ҳамдардии амиқи ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро ба пайвандону дӯстон ва шогирдони марҳум изҳор мекунем.

Равони профессор Ҳаким Тошхӯҷаев шод ва макони охираташон обод бод.

Мо намегўем, ки ў аз дори дунё рафтааст,

Ҷойи ў дар дида буд, акнун ба дилҳо рафтааст.

Ёди Устоди соҳибхирад гиромӣ бод!

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ