​Қудуми файзбор!

Ҷараёни омодагӣ ба сафари кории Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру навоҳии мамлакатамон ҳатман бунёди иншоотҳои нави таъиноти саноатӣ, таълимӣ, иҷтимоӣ – сиёсӣ ва ҳоказоро дар бар мегирад, ки нишонаи меҳру муҳаббати содиқонаи ҳамаи қишрҳои ҷомеа ба Ватану Пешвои муаззами худ мебошад. Мумфарш кардани роҳҳои солҳо таъмирнодида, гулпӯшу кабудизор кардани майдонҳои васеъ, тармиму таъмири кӯчаҳову маҳаллаҳо ва дигар омилҳо боиси устувории рӯҳияи созандаю бунёдкории мардум мешаваду чун ҳамеша мардум бесаброна интизори сафарҳои навбатии Пешвои муаззами миллат мешаванду тӯҳфаҳои арзанда омода менамоянд.

Сафари навбатии Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғддар миёнаи моҳи апрели соли равон шаҳодати сиёсати муваффақона ва дастгирии комили ҳамаи қишрҳои ҷомеа, яъне организми ягона будани мардум ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро исбот намуд. Ифтитоҳи расмии даҳҳо объектҳои истеҳсолию иҷтимоӣ ба ҳар тоҷикистонӣ рӯҳияи болида мебахшад ва гувоҳӣ аз қадамҳои устуворона ба ояндаи дурахшон мебошад. Баҳри изҳори садоқат ба Ватан ва эҳтиром ба Пешвои хеш соҳибкорони бурунмарзии Тоҷикистон бо харҷи сармояҳои зиёд дар кишварамон корхонаҳои бузург месозанд, зеро дар симои Пешвои муаззами миллат ҳомии боэътимоди соҳибкоронро мебинанд ва баҳри шукуфоии Ватани худ омодаи идомаи тадбирҳои созандагӣ мебошанд.

Шиносоӣ бо ҷараёни сафари кории Пешвои муаззами миллат ба шаҳру навоҳии мамлакат, аз ҷумла вилояти овозадори Суғд тариқи воситаҳои ахбори омма фараҳмандиву шодии касро зиёда мегардонад ва меҳру муҳаббат, садоқат ба Ватану ояндаи он меафзояд. Зеро, тақдими тӯҳфаҳои бебаҳо ба ятимон дар сари дастурхони пуранво, суханҳои падарона, ғамхории пайваста, насиҳатҳои воломақсад ҷузъи муҳиму доимии сиёсати хирадмандонаи Ҳукумати кишвар гаштаасту эътимоди аҳолиро ба ояндаи босаодат қавитар мегардонад. Ятимон қишри осебпазири ҷомеа мебошанд, ки бо амри тақдир бесаробон мондаанд ва дучори мушкилотҳои зиёде шудаанд. Лекин, давлати Тоҷикистон онҳоро бо меҳрубонӣ ва ғамхорӣ фаро гирифта шароити хониш, макони зист, сару либос, хӯроки серғизо, навозишу ғамхориро ба ятимон арзонӣ доштааст, ки маҳз бо шахсияти Пешвои муаззами миллат алоқаманд аст. Мардуми кишвар бо ифтихору эътимоди комил ба ин амалҳои абармардӣ арҷгузорӣ менамоянду шиори ҳамешагии онҳо “Пешвои мо – ифтихори мо” мебошад.

Собиров Мурод Собитҷонович-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатииХуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ