​Наврўзи ҷаҳонӣ

Дар ҳақиқат, мо ифтихор дорем, ки Тоҷикистон, барҳақ, ватани Наврўз, аст. Дар арафаи ҷашни 30-солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30-солагии Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии ҶТ, 25-солагии Ваҳдати миллӣ эълон намудани «Солҳои 2022-2026, яъне то ҷашни 35-солагии истиқлолиятидавлатии Тоҷикистон «Солҳои рушди саноат» ва солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” фаъолияти ташаббускорию созандагӣ мардумро тезониданд ва дар ин шароити бунёдкорӣ ҷашн гирифтани иди дўстӣ, ҷавонӣ, зебогӣ, бедоршавии табиат ва ҷамъият Наврўз аҳамияти таърихию умумиҷаҳонӣ, таълимию тарбиявӣ ва илмӣ дорад. Иди қадимаи халқи тоҷик Наврўзи фархундапай бо паёмҳои нек ва қадамҳои хуҷаста фаро мерасад.

Ин ҷашни қадима ва ҳамеша ҷавони аҷдоди мо, ки рамзи муҳаббату зебоӣ, сафову покӣ ва саховату некист, саршавии фаъолияти кишту кору зираоткорон, деҳқонону тамоми кормандони соҳаи аграрӣ, бедоршавии табиату ҷомеа, иди баҳору ҷавонӣ, ишқу муҳаббати мардумон, дўсту рафоқати халқҳои гуногуни ҷаҳони имрўза, дар замони муосир дар сарасари ҷаҳон, бахусус дар Тоҷикистони офтобрў, ҷаннати рўйи замин, ки Ватани Наврўзи хуҷастапай аст. Бо истиқболи густурда ва шукўҳу шаҳомати хоса дар қаламрави кишвари зебоманзарамон таҷлил мегардад.

Дар ин минтақаҳои қадимаи сарзамини тоҷикон аз ҷиҳати мазмун ва моҳият Наврўзи фараҳбахш бо як маросими таърихи ҷашн гирифта шавад ҳам, ҳар яке он бо хусусиятҳояшон аз як дигараш фарқ карда, таърихи Наврўзи фаррухболро бо бойтару пурмазмунтар мегардонад. Наврўз иди қадимаи халқи тоҷик буда, дар баъзе сарчашмаҳои қайд карда шудааст, ки зиёда аз 6 ҳазор сол, дар дигар адабиётҳо 10 ҳазор сол таърих дорад ва имрўзҳо омўзиши таърихи Наврўзи оламафрўз аз тарафи олимони ҷомеашинос, тадқиқотчиёни муаррихон, муҳаққиқони иду айёмшиносон давом дорад.

Шиор ва самти асосии Наврўз шиори қадимаи халқи кўҳанбунёд «пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек» буда, то ҳоло дар ҷаҳон аз ин бузургтарин шиор ёфт нашудааст. Моҳи сентябри соли 2009 бузургтарин ташкилоти байналмилалии фарҳангӣ, ЮНЕСКО иСозмони Милали Муттаҳид Наврўзифархундаро бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, бо пешниҳоди Тоҷикистон ба феҳристи мероси фарҳангии ҷаҳон шомил ва соли 2010 бошад ҷашни байналмилалӣ эълон намуд, ки аз нуфузу эътибор ва арзиши ҷаҳонии он дарак медиҳад. Аз ин лиҳоз. Мо бояд ин ҷашни муқаддасу ҳамеша ҷавонро бо ҳисси ифтихор ва шукўҳи хоса таҷлил меномоем ва ба мардуми дунём муаррифи мекунем.

Дар сарчашмаҳои таърихмаълумоти гуногун баён шудааст. Масалан, Абўбакри Наршахӣ дар «Таърихи Бухоро» Наврўзро ҳамчун оғози соли суғдӣ ва оғози соли деҳқонону кишоварзон меҳисобад.- «Наврўз соли ҷадиди муғон, эҳтимолан дар тақвимҳои форсӣ ва сўғдӣ яке буда, ва баъд ба муддати панҷ рўз тафовут пайдо кардааст, соли ҷадиди даҳоқин рўзи аввали фарвардин ва соли ҷадид муғон рўзи шашум мебошад».Яъне Наврўз дар замони Сомониён ба аввали фарвардин рўзит 21-уми март ҳамчун рўзи оғози соли деҳқонон маънидод мешавад, ки аз наврўзи муғон,киба рўзи шашуми фарвардин рост меомад аз наврўзи аввал бо хусусиятҳои мазҳабиву ақидавии худ фарқ мекард. Наврўзро мизони тарозўи сол меноманд, зеро он ҳангоме фаро мерасад ва замоне ҷашн гирифта мешавад, ки соатҳои шабу рўз баробар мегарданд.

Дар рўзҳои Наврўзи дилрабо тамоми мардуми пиру барно барои таъмин намудани рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсию фарҳангии мамлакат ва бо ҳамин роҳ фароҳам овардани шароити зиндагии шоиста барои ҳар як фарди ҷомеа ҳадафи асосии буда фаъолият мебаранд ва бо як тайёрии бузург ҷашн гирифта меоянд. Дар рўзҳои Наврўзи фархундапай мардуми қадимаи Шарқ давру замонҳои пештар дар давоми як моҳ-30 рўз(дар декадаи якум зираоткарон, чорвадорон, дар декадаи дуюм амалдорон ва дар декадаи сеюмшоҳон) ҷашн гирифта мешуданд ва давраи сеюм ҷашни Наврўзи хотимавӣ буда. ба мардум аз тарафи подшоҳон зиёфат ораста меҳмоннавози мекарданд. Дар рўзҳои Наврўзи Хуршедтарин дар ҳар як хонадон, маҳалла, марказҳо, ташкилотҳо, минтақаҳо аз меваҳои баҳорона, кабудиҳо дасторхону пур аз нозу неъмат, аз он ҷумла

7 шин (шакар, шамъ, шарбат, шароб, шинни, шир, шона),

7 мин (мағз, мурч, мева, моҳи, мавиз, маст-қатиқ, мурғ),

7 син (сирко, сабза, сумоқ-шабит, санҷит-чийда, сир-чиснок, себ, сипанд)

ораста, меҳмонон бо меҳру муҳаббат ва ҳурмату эҳтиром пешвозгирифта меҳмондорӣ менамоянд. Мардум бо мақсади ободу серҳосил шудани ҷомеа дастурхонро чунон серфайзу пурфайз ораста мекунанд, ки дар давоми сол зиндагони оммаи меҳнатқарин ҳамин раванд ҳаёт бос ар баранд. Шоҳтаоми Наврўзи дилдода «Сумалак»-си малак буда, дар замонҳои қадим си малика дар давоми 2 шабу рўз бетанаффус мепуҳтанд. Сумалак аз 7 намуди меваҳо (гандум, майсаи гандум, об, орд, рўған, санги майдаи кулола, чормағз) тайёр карда шуда, ба мардум,меҳмонон, хонаҳо тақсим карда мешаданд ва о хусусияти калони табоботи дошт.

Наврўзи хуҷастапай урфу одатҳо, маросимҳо ва суннатҳои қадимаи таърихи дошта, онҳо аз авлод ба авлодҳо. Аз қарнҳо то замони мо ҳамчун намунаи ҳаёти зинда давом дорад, бо як ҳурмату эҳтиром амалӣ мегардад. Ҳамчун таърихшинос ва историограф солҳои тўлони таърихи Наврўзи хандаву шодист меомўзам, масалан, дар Хуҷанди бостони мардуми бомаърифат аз рўзҳои аввали моҳи март «иди сол», «иди соли нав». «иди баҳор» ро таҷлил карда меоянд ва дар он рўз аҳолии шаҳр дар хонаҳо оши палов пухта, ба ҳамсоягон тақсим карда, ба меҳмонон меҳмонновози менамоянд.Барои ҳамин ҳам дар байни мардум Наврўзи навбаҳор бо номҳои гуногун-Наврўзи Хуҷанд, Наврўзи Саразим, Наврўзи Мастчоҳ, Наврўзи Воруҳи, Наврўзи Самарқанд, Наврўзи Бадахшон, Наврўзи Хатлон, Наврўзи Ҳисор, Наврўзи Чорбоғ, Наврўзи Куркат, Наврўзи Яхтан, Наврўзи Кўлоб ва ғайраҳо номида бо тантанавор ҷашн гирифта мешавад.

Дар замони ҳозир одат шудааст, ки аз рўзҳои аввали моҳи март иди сол сар шуда дар қатори он дар декадаи аввали моҳ Иди Модарон бо муҳаббатҳои модарона ҷашн гирифта шуд ва дар он бо саволу ҷавоб, сўҳбатҳо, лексияҳо, мулоқотҳо, маърўзаҳои пурмазмун дар барои мазмун, моҳият ва таърихи 8 март ва Наврўз мегузаронад. Президенти кишвари дурахшономон дар мулоқотҳояшон бо зиёиёни мамлакат дар арафаи Иди байналмилалӣ Наврўз зикр карда буданд, «зиёиён хазинаи тиллоӣ ва чароғи равшани фардои милатанд» ва ҳар сол дар ҳамин раванд мулоқотҳо баргузор мегардад. Таълиму тарбияи ҷавонон, аҳли ҷомеа ба аҳли маориф, зиёиён, илму фарҳанг низ вабастагӣ дорад.

Инсони солим ва фарҳангдўстро дар бахши маориф асосан омўзгорону устодон, мураббиён ба камол мерасонанд.Ин нуқтаи муҳими давру замонро кормандони муассисаҳои таълиму тарбия дар мадди назар гирифта, фаъолияти ҳаррўзашонро амалӣ мегардонанд. Дар асоси адабиёт ва сарчашмаҳои таърихии нашр шуда, бо воситаи ТВ, Радио ва маълумот, гузориш, маводҳои онҳо, дар асоси маълумотҳои ахборотчиён Наврўзи ҳамаи вилоят, шаҳр, ноҳия, ҷамоат, деҳаҳои ҶТро тамоша кардем, омўхтем, мазмуну моҳияти Наврўзи онҳо шинос шудем. Наврўзи хуҷастапай дар тамоми худуди Тоҷикистони офтобрў бо як қадами шавқовар давом дорад.Барномаҳои таълимию тарбиявӣ «Ассалом Наврўз», «Наврўз муборак», «Иди Наврўз муборак», «Таҷлили тантанаи Идонаи Ниёгон», «Наврўзи дилафрўз муборак», «Суннатҳои Наврўзӣ», «Наврўзи ҷаҳонӣ», «Наврўзатон фирўз бод!» ва ғайраҳо ба таърих, мазмун, моҳияти Наврўз, озмунҳоиоши палов, маликаи Наврўзӣ, шеъру сурудҳо, дастурхон ораиши, гулпарварӣ, ҳунарҳои миллӣ, рақс, либоспўши, варак парронӣ, бозиҳои миллӣ, аспдавонӣ, гўштингирӣ, ободонию озодагӣ, ниҳол шинонӣ,оромию осойиштагӣ, дўстию бародории халқҳо ва миллатҳо, сулҳу салоҳ, меҳру муҳаббат, ишқу висол, хабгириимаюбон, барчамондагон, бепарастон, ҳавасманкунии пешқадамони истеҳсолот ва маориф, бедоршавии табиату ҷомеа, инкишофи ҳаёт бахшида шудааст, аҳамияти калони таърихию умумҷаҳонӣ дорад, онро ҳаматарафа омўхтам, шинос шудам, барои ояндаи ҷомеаи инсоният хулосаҳои лозимиро баровардаам.

Омўзиш, таҳлил ва тадқиқоти таърихи Наврўзи оламофрўз дар омўзиши таърихи халқи тоҷик аҳамияти калони илмию маърифатӣ дорад ва саҳифаҳои заррини Ватанро ташкил менамояд, аз он ҷумла мактаби ҳаёт шуда хизмат мекунад.Шумоён, азизони халқи тоҷикро, дар мсоли шумоён тамоми мардуми кишварро бо иди Наврўз табрик намуда, бу шумоён саломатӣ, бахту саодат, комёбиҳои рўзафзун орзумандам!

ЭРКАЕВ Сафар Абдулхайрович, иширокчии Иҷлосияи тақдирсози миллат ХУ1, дотсенти кафедраи таърихи Ватан ва археологияи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ