Назаре ба сиёсати хориҷии Тоҷикистон

Санаи 21-уми декабри соли 2021 дар таърихи давлатдории навини Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як рӯйдоди таърихӣ-сиёсии фаромӯшнопазир ба вуқӯъ омад. Дар ин рӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вакилони Маҷлиси Олӣ ва ба тамоми халқи Тоҷикистон Паёми хешро ироа намуданд. Дар Паёми худ Сарвари давлат ҳамаи ҷанбаҳои ҳаётан муҳими давлату ҷомеа, аз қабили сиёсӣ-геополитикӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳарбиву низомӣ, фарҳангиву маданӣ ва ғайраро дар риштаи таҳлилу тадқиқ кашида, аҳли ҷомеаро барои ҳалли мушкилоти дарпешистода, бо меҳнати софдилонаву содиқона, бо ҳисси баланди хештаншиносӣ ва меҳандӯстиву ору номуси миллӣ талқин карданд.

Айни ҳол, Ҷумҳурии Тоҷикистон чун актори фаъоли муносибатҳои байналмилалӣ дар арсаи ҷаҳон мақом ва манзалати хосаеро касб намудааст. Тоҷикистон зери сиёсати “дарҳои кушода” робитаҳои бурунмарзиашро рӯз аз рӯз густариш ва ҳамкориву ҳамгироиро бо давлату созмонҳои чӣ минтақавӣ ва чӣ байналмилалӣ вусъат медиҳад. Имрӯз Тоҷикистон бо 180 давлати дунё муносибатҳои дипломатӣ барқарор карда, узви комилҳуқуқ ва фаъоли Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории исломӣ ва дигар сохторҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ маҳсуб мегардад.

Тавре Пешвои миллат дар Паём қайд карданд, ки дар сиёсати хориҷӣ мо ба рушди минбаъдаи муносибатҳо бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, шарикони стратегӣ – Федератсияи Россия, Чин ва дигар шарикони худ, аз қабили Иттиҳоди Аврупо, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, кишварҳои Осиё, Ховари Миёна ва давлатҳои дигар минтақаҳои олам ҳамеша аҳамияти хосса медиҳем.

Бояд тазаккур дод, ки кишвари мо дар ҳалли мушкилоти ҷаҳон ва минтақа, аз ҷумла дар масъалаҳои вобаста ба об ва тағйирёбии иқлим, мубориза бо терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ саҳми арзишманд дорад.

Ташаббусҳои минтақавиву байналмилалии Тоҷикистон, махсусан дар бобати ҳалли мушкилоти об дар ҷаҳон, ки дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун “Раванди оби Душанбе” қабул шудааст, давлати моро дар минбарҳои ҷаҳонӣ ба таври хос муаррифӣ намудааст.

Ба ҳамагон маълум аст, ки ибтикори чоруми Тоҷикистон – Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018-2028 ин ҳам як иқдоми созанда ва дипломатияи муваффақи кишвари мо вобаста ба ҳалли мушкилоти об буда, дар сатҳи милливу минтақавӣ ва ҷаҳонӣ амалӣ шуда истодааст.

Пешвои миллат доир ба масъалаи тағйирёбии умумиҷаҳонии иқлим ва зарурати талошҳои муштарак барои рафъи оқибатҳои он ҳамчун мушкилоти ҷиддии замони муосир изҳори назар намуда, дар идома қайд карданд, ки ин мушкилот мавриди таваҷҷуҳи хоси кишвари мо қарор дорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва халқи заҳматқарини он бо сарварии оқилу сиёсатмадори варзидаи худ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати хориҷии муваффақи хеш – “дарҳои боз”-ро идома дода, ҳамеша ҷонибдори рушди ҳамкориҳои созанда бо шарикони худ дар асоси усули дӯстиву ҳамкорӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва эҳтирому эътимоди тарафайн дар минтақаву ҷаҳон мебошад.

Юсуфзода Ғайрат

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ