​Мард намирад ба марг

Ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз марги доктори илмҳои техникӣ, профессори кафедраи физикаи умумӣ ва ҷисмҳои сахт- Султонов Юсуфхӯҷа андуҳгин буда, ба пайвандону наздикон сабри ҷамил хоҳонанд.

Нақши устод Султонов дар соҳаи физикаи ҷисмҳои сахт муассир буда, саҳми номбурда дар тарбияи шогирдони лаёқатманд муҳим мебошад. Устод Султонов ҳамчун олими нуқтасанҷу фозил, инсони наҷибу олиҳиммат ва ташкилотчии беназир миёни ҳамкорону кормандони донишгоҳ соҳибэҳтирому соҳибиззат буданд.

Аз устод Султонов ҳамчун омӯзгори асил, инсони комил ва марди хирад тавсиф мекунанд. Номи ӯро маҳз аъмоли шоиста ва кору пайкори арзандаашон зинда нигоҳ медорад. Маҳз хидматҳои арзишманди устод буд, ки ҳамакнун ёдашонро гиромӣ ва машъали меҳрашонро дар дилҳо фурӯзон медорад.

Дар бораи хотираи устод Султонов мисраъҳои зер мувофиқ хоҳад буд:

Мард намирад ба марг, марг аз ӯ номҷӯст,

Ном чу ҷовид шуд, мурданаш осон куҷост?

Руҳи устод шод ва манзили охираташон обод бод!

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ