Пешвои миллат: Рӯй овардан ба ҷавонон, рӯй овардан ба оянда аст!

Тоҷикистон дар тӯли 30 соли соҳибистиқлолӣ зери раҳбарӣ ва ҳидоятҳои маъанвибунёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои бузург ва шоёни таҳсин дар заминаҳои мухталиф ноил гашт. Дастуру ҳидоятҳои Президенти кишвар ҳамеша раҳнамову раҳкушои мардум буда, ҳамчун қомуси роҳнамо барои ҳалли мушкилоти кишвар будааст. Сиёсати давлатии ҷавонон яке аз самтҳои муҳими давлати Тоҷикистон аст, ки бо барномаҳои мушаххас ва дурнамои дуруст баҳри пешрафти зиндагии ин қишри ояндасоз нақши муассир гузошта меояд. Президенти мамлакат дар ҳар мулоқоти хеш бо ҷомеа ба нақш ва мақоми ҷавонон дар идоракунии самтҳои фаъолият ишора намуда, баҳри пешрафт, махсусан донишандӯзиву касбазхудкунӣ дастурҳои ояндасоз медиҳанд, ки ин барои ҳар яки мо - ҷавонон мояи ифтихор аст.

Дар замони соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон таваҷҷуҳу ғамхориҳои ҳукумати кишвар ба насли ҷавони мамлакат хеле назаррас аст. Ин аст, ки дар таърихи 21-уми майи соли равон дар Кохи муҳташами Борбад вохӯрии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонон доир гардид. Дар он оид ба таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, сиёсати давлатии ҷавонон ва дастгирҳои рӯзафзуни ҳукумати мамлакат нисбат ба ин қишри муҳими ҷомеа суханронӣ намуда, ҳадафи мулоқотро таҳлили вазъи соҳа, ҳидояти насли ҷавону ояндасози кишвар дар роҳи созандагию ободонӣ ва илму касбомӯзӣ маънидод намуданд.

Ҳамчунин дар ин мулоқот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки ман аз рӯзҳои нахустини ба сари қудрат омаданам ба ҷавонон, ҳамчун нерӯи созандаву бунёдкор ва пешбарандаи ҷомеаи навини кишвар ва ояндаи миллат боварӣ доштам ва дар ҳалли масъалаҳои ҳаёти ҷомеа то имрӯз ба онҳо такя мекунам. Сарвари давлат ҳамчунин иброз доштанд, ки бо мақсади дастгирии ҷавонон, ташаккул ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни онҳо, бо ҷои кори доимӣ таъмин намудани ин қишри фаъоли ҷомеа, дарёфт ва дастгирии истеъдодҳои нав, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои насли ҷавони миллат, моҳи майи соли 1997 қарори Ҳукумати мамлакат доир ба таъсиси Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, ҳамасола санаи 23 майро ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон эълон карда шуд. Ин нуктаи муҳим дар баробари он ки ба нуфузи ҷавонон дар ҷомеаи мо ишорат кунад, аз сӯи дигар тафсиргари эътимод ва боварии бузурги Сарвари давлат ба ин нерӯи фардосози кишвар аст, ки дар воқеъ, имрӯз бо корномаҳои рангини илмиву фарҳангӣ ва варзишии хеш нуфузи Ватани маҳбубамонро боло бурда истодаанд.

Таъкиди Пешвои миллат махсусан ба се соли охир буд, ки бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии мардуми Тоҷикистон ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, эҷоди завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави сухандону суханвар, арҷ гузоштан ба арзишҳои милливу фарҳангӣ, рушди қобилияти эҷодӣ ва густариши эҳсоси худогоҳиву худшиносии аҳли ҷомеа озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст", "Тоҷикистон-Ватани азизи ман" ва ҳамакнун "Илм-фурӯғи маърифат"-ро, ки бевосита бо ибтикороти худи Пешвои миллат рӯи кор омадааст, саривақтӣ ва муҳим арзёбӣ карда, барои ҷалби ҳарчи бештари ҷавонони кишвар супоришҳои мушаххас доданд. Ҳамчунин дар замони истиқлоли миллӣ баҳри баланд бардоштани маърифати ҷомеъа макотибҳои миёнаву олии типи нав, ки бо тамоми таҷҳизотҳои замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст ва баҳри ҳавасманд намудани хонандагону донишҷӯён таъсиси стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, стипендияҳои раисони шаҳру ноҳияҳо, барои донишҷӯёни дар хориҷи кишвар таҳсилкардаистода таъсиси стипенди "Дурахшандагон" ва квотаҳои президентӣ барои хонандагони кӯҳистони кишвар ташкил ва раҳандозӣ шуда истодааст, ки ин ҳама дастгириву ғамхориҳои ҳукумат ва Сарвари мо Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Мавриди зикр аст, ки бо дастури Пешвои миллат аз моҳи сентябри соли ҷорӣ стипендияҳои донишҷӯён то 30 дарсад афзоиш дода мешавад. Боиси қаноатмандист, ки ман низ ҳамчун намояндаи ҷавонони фаъоли мамлакат, ғолиби озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, гирандаи стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, гирандаи стипендияи раиси вилояти Суғд, иштирокчии фаъоли чорабиниҳои сатҳи вилоятиву ҷумҳуриявӣ, пайрави асили Пешвои миллат дар мулоқоти роҳбари давлат бо ҷавонон, ки дар таърихи ҳаёти мо падидаи хушоянд буд, иштирок кардам. Пешвои миллат воқеан ба ҷавонон ва нерӯи бузурги онҳо эътимоду боварӣ дошта, зимни суханронияшон иброз доштанд: "Рӯй овардан ба ҷавонон, рӯй овардан ба оянда аст". Дар замони пуртазоди ҷаҳонишавӣ яке аз муаммоҳои ҷиддӣ масъалаи шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ мебошад, ки боиси нигаронии ҷиддист. Пешвои миллат баён сохтанд, ки ҳадафи мо аз тамоми тадбирҳои амалигардида ин аст, ки насли оянда, яъне фарзандони мо бесавод намонанд. Зеро яке аз сабабҳои асосии майл пайдо кардани одамон ба хурофот, ифротгароӣ ва радикализми динӣ маҳз бесаводист. Чун хурофот ин ҷаҳолат аст ва ҷаҳолат ба инсон ғайр аз бадбахтӣ чизи дигаре оварда наметавонад. Бо дарназардошти ҳамин далел, қайд карданд, мо ба корҳои роҳбарӣ пешбарӣ намудани ҷавонони соҳибмаърифату баландихтитисос, соҳибкасбу забондон ва лаёқатманду ташаббускорро, ки талаботи замони муосир мебошад, аз мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ сар карда то мақоми олии қонунбарор ва сохтору мақомоти марказӣ дар доираи барномаҳои давлатӣ, стратегия ва консепсияҳои мавҷуда амалӣ карда истодаем. Ин нуктаҳои муҳим ва ғамхориҳои ҳукумати кишвар ва Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавононро қадр намуда, дар назди худ мақсад мегузорем, ки боз бо нерӯи дучанд барои ободиву шукуфои ва сазовор истиқбол гирифтани ҷашни бузурги миллиамон 30-солагии Истиқлолият камари ҳиммат бандем.

Мо ҷавонони Ватан созандаем,

Дӯстдори давлати пояндаем.

Шукри Истиқлолу ваҳдат шукри сулҳ,

Шукри Ҳақ, ки бо лаби пурхандаем.

Ҷавоҳир Ашӯров, донишҷӯи соли сеюми факултети филологияи тоҷик

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ