Ҷавонон дар масири истиқлолият ва ғамхориҳои Пешвои миллат

Ҳар як шахс дар айни ҷавонӣ худро ба мисли парандае дар парвози баланди зиндагӣ хаёл карда, ҳамеша дар ҷустуҷӯ ва дар такопӯ мебошад. Ҳаёти давраи ҷавонӣ ниҳоят давраи ҳассос, ширин ва ҳалкунандаи давоми зиндагист. Маҳз дар синни ҷавонӣ инсон ояндаи дуру наздики худро муайян месозад. Ҳар як амале, ки имрӯз дар овони ҷавонӣ иҷро мешавад, натиҷа ва самараи худро дар оянда ба бор хоҳад овард.

Аз ин лиҳоз, дар ин айём тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандӯстӣ, инсондӯстӣ ва эҳтироми фарҳангу тамаддуни миллӣ ниҳоят манфиатбахш мебошад, ки ин яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар яке аз суханрониҳои худ таъкид кардаанд: «Шумо - ҷавонон - умеду орзуи мо, татбиқкунандагони нақшаву ниятҳои неки насли калонсол ва ормонҳои ҳазорсолаи миллати қадимаи тоҷик мебошед ва вазифадоред, ки ин масъулияти бузургро содиқонаву сарбаландона иҷро намоед. Зеро ояндаи Тоҷикистон шумо ҳастед ва тараққиёти минбаъдаи кишвари маҳбубамон, ки асосҳои мустаҳками он имрӯзҳо гузошта мешаванд ва таҳкими мақоми он дар ҷомеаи мутамаддини башарӣ аз саҳми фаъолонаи шумо дар ҳаёти иқтисодӣ ва сиёсиву ҷамъиятии мамлакат вобаста мебошад.

Ҳукумати Тоҷикистон ҷавононро нерӯи тавонои созанда ва пешбарандаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мамлакат меҳисобад ва ҳалли мушкилоту масъалаҳои вобаста ба зиндагӣ ва таҳсилу фаъолияти онҳоро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии худ эътироф менамояд.

Гузашта аз ин, Ҳукумати Тоҷикистон ҳифзу пойдории истиқлолияти миллӣ, бунёди давлати муосиру пешрафта ва рушди ояндаи онро ба иштироки фаъолона ва саҳми бевоситаи ҷавонон вобаста медонад ва бо истифода аз имконоти мавҷуда кӯшиш мекунад, ки вазъи иҷтимоиву иқтисодии наврасону ҷавонон мунтазам беҳтар гардида, барои рушди ҳамаҷонибаи онҳо ҳамаи шароити зарурӣ фароҳам оварда шавад».

Дар тӯли 30-соли Истиқлолияти давлатӣ тамоми соҳаҳои гуногуни зиндагӣ рӯ ба беҳбудӣ оварда, барои зиндагии осоишта шароит муҳайё гардид. Дар ин замина, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи таълим низ назари махсус зоҳир намуда, сиёсати маорифпарваронаро пеш гирифт. Сохтани садҳо иншоотҳои хурду бузург барои муассисаҳои таълимӣ ва таҷҳизонидани онҳо бо техникаву технологияҳои муосир ва дигар шароитҳои муосири таълимӣ гувоҳи аз ҷониби Пешвои миллат дастгирӣ ёфтан ва рушд кардани нерӯи зеҳниву фикрии ҷавонон ба шумор меравад. Натиҷаи ин ҳама дастгириҳо ва ободкориҳо буд, ки олимони тоҷик дар арсаи байналмилалӣ бо ҷоизаву диплом ва дигар мукофотҳо қадрдонӣ гашта истодаанд.

Таъсису фаъолияти Ташкилоти ҷамъиятии “Пайравони Пешвои миллат” ва намояндагиҳои он, яъне маҳфилҳои “Пайравони Пешвои миллат” дар сатҳи вилояту шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таълимӣ имкон дод, ки ҷавонон ҳамчун пайравони асили Пешвои миллат, зери шиори “Тоҷикистон ба пеш” муттаҳид гарданд, аз корнома ва қаҳрамониҳои сарвари давлат, ҳамчун намунаи олии ҷавонмардӣ, мактаби созандагиву ватандориро омӯзанд ва меҳани худро дӯст дошта, онро ҳифз намоянд.

Омӯзиш ва тарғиби осори пурғановати Пешвои миллат: “Чеҳраҳои мондагор”, “Уфуқҳои истиқлол”, “Забони миллат-ҳастии миллат”, роҳандозӣ гардидани аксияҳо таҳти унвонҳои “Дунёи бе терроризм”, “Замин хонаи мо”, “Роғун-Кохи нур”,“Созандагони Ватан”, “Ободкорӣ мароми мост” ва даҳҳои дигар чорабиниҳои маърифативу фарҳангӣ, варзишӣ ва илмию эҷодӣ аз татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон ба ҳисоб меравад.

Бо дастгирии бевоситаи Пешвои муаззами миллат ҷавонони мамлакат дар муассисаҳои таълимии хориҷа низ таҳсил намуда, сафи онҳо сол аз сол меафзояд. Дар баробари ба таҳсил фаро гирифта шудан, донишҷӯёни дар хориҷи кишвар таҳсилдошта бо стипендия дастгирӣ меёбанд. Ин нукта дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле возеҳу равшан зикр гардид.

Тавре Сарвари давлат иброз доштанд: “Таҳсили ҷавонон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии кишварҳои хориҷӣ яке аз ибтикороти муҳимми Ҳукумати мамлакат дар самти рушди илму маориф маҳсуб меёбад. Ҳоло дар хориҷи кишвар зиёда аз 40000 нафар донишҷӯ, магистр ва аспирантҳои мо ба таълим фаро гирифта шудаанд.

Мо бояд тавассути стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон», барномаҳои байналмилалӣ ва дигар имконоти мавҷуда таҳсили ҷавонони боистеъдодро дар хориҷи мамлакат вусъат бахшем.

Соҳаи варзиш низ имрӯз дар ҷумҳурӣ хеле рушд ёфтааст. Дар ин самт низ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдомоти наҷибе пеш гирифта, дар тамоми гӯшаву канори диёри азизамон толору майдонҳои варзишӣ ва дигар шароити мусоидро барои рушд ва оммавигардонии варзиш фароҳам оварда шудааст. Дар даврони наздик 30-соли Истиқлолияти давлатӣ шумораи иншооти варзишӣ 9 баробар зиёд гардидааст.

Ба таъкиди Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Агар то соли 1991 дар мамлакат ҳамагӣ қариб ҳазор иншооти варзиш фаъолият дошта бошад, пас соли 2020 шумораи онҳо ба 10220 расонида шуд”.

Ҳамин буд, ки имрӯз варзишгарони тоҷик ҳунари волои худро нишон дода, парчами давлати моро дар байни дигар давлатҳо боло бардоштаанд. Иштироки варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ва сазовори ҷойҳои намоён гаштани онҳо нуфузи варзиши тоҷикро боз ҳам баландтар мекунад.

Ғамхориву таваҷҷуҳ ва ҳидоятҳои Сарвари давлат бори дигар моро водор месозад, ки пайваста илмҳои замонаро аз худ намуда, ҷиҳати пешгирии падидаҳои манфӣ, тарбияи ахлоқии ҷавонон, ҳифзи марзу буми кишвар ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳмгузор бошем.

Зеро вазифаи аввалиндараҷаиҷавонон таҳкими сулҳу ваҳдат ва нигоҳдории оромии мамлакатамон ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз, ҳар як ҷавон, ки худро соҳибватан меҳисобад, бояд ҳеҷ гоҳ мафҳумҳои Ватан-модар, истиқлолият ва Ваҳдати миллиро аз мадди аввал дур насозад.

Ҳамаи андешаву кӯшиш ва амали худро ҷиҳати таъмини волоияти қонун, болоравии эҳсоси худшиносию худогоҳӣ, ифтихори миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, таҳкими ваҳдат, ҳифзу гиромидошти дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, таърих ва фарҳанги куҳани аҷдодӣ равона сохтан омили муҳимми расидан ба ҳадафҳои созанда ва муваффақият мебошад. Дар ин росто, омӯзиш ва тарғиби осори пурарзиш, суханрониҳо, рӯзгори ибратпазир ва хизматҳои содиқонаву тақдирсози Пешвои миллат роҳи ояндаи моро боз ҳам мунаввар месозад.

Мо - ҷавонон ваъда медиҳем, ки ба қадри суботи комили кишвар мерасем ва чун пайравони асили Пешвои муаззами миллатамон ба халқ ва Тоҷикистони азиз содиқона, софдилона ва поквиҷдонона хизмат намуда, барои ояндаи неки кишварамон саҳмгузор бошем.

Ҷавонон – пайравони Пешвои миллатем!

Маҳмудов Муталиб, мутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонони МДТ

«Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»,

роҳбари маҳфили «Пайравони Пешвои миллат»

Масудов Фараҳманд, донишҷӯи курси 1-уми факултети филологияи руси

МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»,

аъзои маҳфили «Пайравони Пешвои миллат»

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ