​Умр чун турнаҳои баҳорӣ мегузарад...

(Сухане чанд аз ҳаёт ва сифоти Арбоби шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмуҳаммад Каримов)

Cаодати баландтарин дар зиндагонии инсон ба муҳаббати умум сазовор гаштан аст. Зеро танҳо ин муҳаббату имон метавонад инсонро зина ба зина ба мақоми баланди маънавӣ бирасонад.

Каримов Саидмуҳаммад Носирович (20.05.1936, шаҳри Истаравшан, 17.01.2012, Хуҷанд) бо соҳибияти ин гуна аъмол миёни мардум сазовори муҳаббати самимӣ гардида, ҳамчун инсони донишманд, хайрхоҳу некандеш, дастгиру ғамхори омӯзгорони ҷавону донишҷӯён шинохта шуда буданд.

Устод Саидмуҳаммад Носирович хайрхоҳи одамон буданд. Кӯшиш менамуданд, то касе хонаду соҳиби маълумот гардад, дигареро китобу мақолааш чоп шавад, саввумӣ рисолаи илмиашро ба итмом расонад, чаҳорумӣ зиндагиашро хуб намояд. Бо тамоми вуҷуд барои ба касе ёрӣ расонидан кӯшиш мекарданд.

Дар тӯли роҳбариашон ба ҳайси ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд худро ҳамчун шахси дорои сифатҳои олии инсонӣ – олимӣ ва одамият муаррифӣ кардаанд.

Ҳамон навъе, ки мебинем, зиндагинома, фаъолияти таълимӣ ва илмиву эҷодии профессор Каримов Саидмуҳаммад Носирович аз ҳар ҷиҳат ибратомӯз ва шоистаи пайравӣ буда, тамоми фазилатҳои шахсӣ ва муҳассаноти таълифоти арзишманди эшон доманадор аст.

Ҳамчун устод ҳама вақт дар вохӯриҳо ва суҳбатҳои хоса таъкид менамуданд, ки омӯзгорӣ касби ниҳоят мураккаб, муфид, заҳматталаб ва баробари он хеле пуршараф ва пурифтихор мебошад, вале омӯзгори асил ҳеч гоҳ заҳматҳои шабонарӯзиашро намешуморад, дилтанг мешавад, шикоят намекунад, барои ҳалли мушкилот талошҳо менамояд ва барои иҷрои он комёб мегардад. Махсусан, омӯзгори мактаби олӣ бояд шахси донишманд, мушкилнописанд, илмдӯст ва олими пурмаҳсул бошад ва дар тарбияи шогирдон тамоми ҳастиашро равона намояд. Дар тайёр кардани кадрҳо барои ояндаи ҷамъият меҳнати худро сарф намуда, бо меҳнати ҳалоли худ гавҳари мақсуд ба даст оварад ва ҳамчун равшангари хиради башар ва афрӯзандаи масъали илму дониш ва намунаи ибрат барои шогирдон бошад.

Умр чун турнаҳои баҳорӣ мегузарад. Танҳо нишони аз худ гузошта боқӣ мемонад. Устод Саидмуҳаммад Носирович аз худ дар баробари кордонию маҳорати баланди пажӯҳишӣ боз сифатҳои олии инсониро ба ояндагон мерос гузоштанд. Китоби умри гузаронидаашро варақ зада, кас ба саҳифаҳое вомехӯрад, ки бо ҳарфҳои зарҳалин аз боби хоксорию мардуми эшон сатрҳои зиёде сабт гардидааст.

Ҳар дафъа, ки бо ҳамкорону дӯстон ва аҳли пайвандонам оид ба хислатҳои волои инсонии устоди шодравонам Саидмуҳаммад Носирович, хайрхоҳию некандешӣ, дастгирию ғамхорӣ сухан меронем, гӯё ба гӯш овозе мерасад:

Дӯстон, вақти гули хор маро ёд кунед,

Чу гули санг зи кӯҳсор маро ёд кунед.

Гар бихоҳед, ки ман хуфта набошам дар хок,

Бо дилу дидаи бедор маро ёд кунед.

Устоди бузургу оқил Каримов Саидмуҳаммад Носирович, имрӯз агар дар қайди ҳаётмебуданд, милоди хуҷастаи 85-солагиашонро таҷлил менамудем. Дареғо...

Мояи ифтихори ман аст, ки ин олимони варзидаи ҷумҳурӣ, инсони донишманду фурӯтан, ҳалиму муаддаб, хушчеҳраву хушсухан, доктори илмҳои химия, профессор, узви вобастаи АУ ҶТ, Арбоби шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримов Саидмуҳаммад Носирович роҳбари илмии рисолаи номзадиам буданд ва ин ба ман имконият дод, ки бо устод аз наздик шинос гардам. Ва дар ин ҷо бо итминони комил гуфта метавонам, ки дар шахсияти мавсуф сифати волои инсонӣ – олимӣ ва одамият басо муваффақона омӯзиш ёфта, мақому эътиборашро миёни аҳли илму адаб ва ҷомеа афзуда буд.

Шамсидинов Мӯминҷон Иномҷонович,

номзади илҳои физика математика, дотсент,

деканаи факултети физикаю техникаи

МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

ба номи академик Б.Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ