Сайдулло Абдуллоев: марде намоди ибрат

“Дар зарфи солиёни зиёде, ки дар кафедраи таърихи факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров кор кардам, 35 сол сарвариионро ба ӯҳда дошта, дар сабзонда расонидани мутахассисони ҷавони ҳамаи ноҳияҳои ҷумҳурӣ саҳм гузоштам. Дар ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва доктории даҳҳо олимони Тоҷикистон ва дигар ҷумҳуриҳо ба сифати оппоненти расмӣ ширкат варзидам, ба садҳо дастнависҳои тадқиқотӣ, илмӣ ва асарҳои чопӣ тақризҳо навиштаам. Дар байни онҳо Сайдуллоҷон “Турфа шогирде, ки ба ҳайрат оварад устодро” буд”.

Ин иқтибос аз китоби “Чароғи ирфон”-и профессор Усмонҷон Ғаффоров аст, ки ба устод Ғафур Ҳайдаров мутаалиқ аст.

Ҳамин як андеша “Турфа шогирде, ки ба ҳайрат оварад устодро” кофист, ки ҳайсияту асолати Сайдулло Абдуллоев дарк шавад.

Сайдулло Абдуллоев - собиқ ректори МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”, доктори илмҳои таърих. Аз ӯ ҳамчун олими пуркор, устоди дилсӯз, роҳнамои шогирдон ва инсони нексиришт ёд мекунанд.

Номбурда солҳои 1952-1963 дар мактаби №5-и шаҳри Хуҷанд ва солҳои 1963 – 1967 дар шуъбаи таърихи факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд таҳсил кардааст.

Фаъолияти педагогии Сайдулло Абдуллоев соли 1967 шуруъ шуда, мавсуф соли 1973 дар мавзӯи “Вусъатёбии инқилоби маданӣ дар қишлоқҳои Тоҷикистон дар солҳои 1933-1941” (дар асоси маводи вилояти Ленинобод) дар Шӯрои илмии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст.

Замони фаъолияти Сайдулло Абдуллоев ба ҳайси ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар назди донишгоҳ шўроҳои илмӣ оид ба ҳимояи рисолаҳои номзадӣ аз фанҳои забону адабиёти тоҷик ва таърих ташкил шудааст, ки ин иқдомро аз хидматҳои шоистаи номбурда унвон мекунанд.

Сайдулло Абдуллоев аз ҷумлаи уламои соҳибноми таърихи фарҳанги Тоҷикистон шинохта шудаанд.

Назари ҷомеъву пурғунҷоиш ба сарнавишт ва таҳаввули фарҳанги тоҷикон самтҳои коришҳои илмии С. Абдуллоевро бағоят вусъат бахшидааст. Қисми бештари асарҳои мугааддиди ин олими пуркор дар пайвандгоҳи илмҳои таърих, адабиётшиносӣ ва сиёсатшиносй таълиф шуда, кўшишҳои арзандаи
посух гуфтан ба ниёзҳои ҷомеаи имрўза маҳсуб мешаванд.

Як силсилаи рисолаҳои арзишманду пурмўҳтавои С. Абдуллоев, аз ҷумла, «Марди зарифу шариф», «Ҳамдами халқ», «Фидойи илму маърифат», ки аз рўзгори олимони тоҷик З.Ш. Раҷабов, F.Ҳайдаров ва Ҳ.Очилов баҳс
мекунанд (дар ҳамкорӣ бо У. Ғаффоров), дар баробари қадршиносӣ аз заҳмати сангини устодони номвар иқдоми муҳимест дар ҷамъбасту корбандии таҷрибаи ғании насли калонсоли уламои тоҷик.

Соли 1996Сайдулло Абдуллоев дар мавзӯи “Мактаби олии Тоҷикистон (солҳои 1931-1991)” дар ҷаласаи Шӯрои илмии диссертатсияи Институти таърих, археология ва этнографияи АФ Тоҷикистон рисолаи докториро бомуваффақият ҳимоя намуда, сазовори унвони илмии доктори илмҳои таърих гардид.

Профессор Сайдулло Абдуллоев бо навиштан ва ба табъ расонидани асари «Малики адаб» (ба ҳамқаламии А. Сайфуллоев) ба соҳаи адабиёт ҳам саҳм гузоштааст, ки ин асар дар бораи ҳаёту эҷодиёти Камоли Хуҷандӣ баҳс
менамояд.

Зиёда аз 20 асари илмию тадқиқотӣ ва беш аз 350 мақолаҳои илмию публиcистӣ ба табъ расонидаанд, ки масъалаҳои мухталифи илмҳои гуманитарӣ, проблемаҳои макотиби олӣ таърихи ташаккули инкишофи илму фарҳанги ҷумҳурӣ ва ғайраро дар бар кардаанд.

Муҳимтарин таълифоти олим асарҳои монографии «Аз таърихи ташаккули мактабҳои олии Тоҷикистон», «Рушди фарҳанги Тоҷикистон дар солҳои 30-юм» (ба забони русӣ), «Макотиби олии Тоҷикистон» (ба забони
русӣ), «Инкишофи фарҳанг дар Тоҷикистони Шимолӣ»
ва «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд: таърих, санадҳо ва одамони он» (бо ҳамқаламии Ҳ. Холҷўраев) ба шумор меоянд.

Муаллиф соли 1996 барои «Макотиби олии Тоҷикистон» ва саҳми арзандааш дар инкишофи илму фарҳанги ҷумҳурӣ сазовори Ҷоизаи вилоятии ба номи академик Б. Ғафуров дар соҳаи илм гардид.

Тaи солҳои охир С. Абдуллоев дар ҳамкорӣ бо олими варзида А.Сайфуллоев ду китоби пурарзиш «Малики адаб»» ва «Президент Эмомалӣ Раҳмонов: дирўз, имрўз ва истиқболи Тоҷикистон»-ро таълиф намудаанд, ки ҳар яке дар мақоми худ аз падидаҳои муҳими илмӣ маҳсуб мешаванд.

Асари фундаменталии олим «Амир Исмоили Сомонӣ» дар илми таърихшиносии мамлакат ва ховаршиносии ҷаҳон комёбии бузург мебошад.

Дар бораи ҳаёт ва фаъолияти илмии шодравон С.Абдуллоев аксари олимону адибон ва рўзноманигорон китобу мақолаҳо навиштаанд. Махсусан ба асарҳои доир ба таърихи ахди Сомониён бахшидашудаи устод олимони
номӣ аз қабили академикҳо Р. Масов, М. Шакурӣ, профессорон E. Ҳайдаров, А. Сайфуллоев, М. Ҳоҷаева, Н. Салимов, номзадҳои илм А. Юсуфзод, М. Исоматов, А. Бобокалонов ва дигарон тақризу андешаҳои хешро навиштаанд. Инчунин рисолаи рўзноманигорон Наҷмиддини Шоҳинбод ва Юсуфхўҷа Насрулло бо номи «Академик Сайдулло Абдуллоев»соли 1999 нашр шуда буд.
Зиндагии Сайдулло Абдуллоев намунаи ибрат ва шоистаи пайравист. Ҳарчанд устод Сайдулло Абдуллоев имрӯз дар байни устодону донишҷӯён нестанд, аммо номи эшонро амалҳои нек, пайкори наҷиб ва осори мондагорашон зинда нигоҳ медорад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ