Ҷойи ў дар дида буд, акнун ба дилҳо рафтааст

Омили ифтихор аст, ки нақши занону бонувон дар пешбурди фаъолияти МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” аз оғоз муассиру мондагор буд. Занону бонувони донишгоҳ дар пешрафти илму таълим ва тарбияи насли ҷавон саҳми арзанда гузошта, намунаи ибрат ва пайравӣ ҳастанд.

Имрӯзҳо дар раёсат ва ҳам дар факултетҳои донишгоҳ бонувон дар вазифаҳои гуногун сарбаландона фаъолият дошта, ҷиҳати пиёда намудани сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамвора заҳмат мекашанд.

Дилором Ваҳҳобзода яке аз чунин занони сарсупурдаи илму маориф буд, ки наздик бисту панҷ соли умри хешро барои хизмат ба донишгоҳи куҳанбунёдамон сарф намудааст. Муаллима соли 1987 баъд аз хатми шуъбаи ғоибонаи факултети таъриху филологияи ИДПЛ ба номи С. М. Киров (ҳозира МДТ “ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”) фаъолияташро ба сифати нозири факултет оғоз намудааст. Ҳанӯз дар оғози солҳои фаъолият дар донишгоҳ ба кори илмӣ-таҳқиқӣ шавқу рағбати хос пайдо карда, ба омӯзиши сарчашмаҳо оид ба ашъори занони суханвар таваҷҷуҳ дошт.

Бо назардошти фаъолияти хуби корӣ ва масъулиятшиносиаш ӯро ба сифати сарлаборанти кафедраи услубиёт ва маданияти нутқ, ки сарварии онро донишманди фарҳехта, профессор А. Абдуқодиров дар ӯҳда дошт, пазируфтанд. Дар ин вазифаи пурмасъул муаллима шаш сол фаъолият бурда, сарбаландона аз мактаби ин устоди забардаст гузашт ва “чашми кор” аз худ кард. Баробари коромӯзӣ дар кафедра ҳамоно ба омӯзишу таҳқиқи сарчашмаҳо оид ба бонувони сухангӯ шуғл варзид, аз устодони донишманди факултет, мисли докторони илми филология, профессорон А. Насриддин, М. Мирзоюнус, Н. Файзуллоев ва дигарон маслиҳатҳо мегирифт ва дар роҳи пурриёзати илм гом мебардошт. Фаъолияти илмии муаллима дар соҳаи шинохти ҷойгоҳи занони суханвари адабиёти форсу тоҷик тақдири минбаъдаашро ба кафедраи адабиёти классикии тоҷик пайваст. Муаллима таҳти роҳбарии доктори илми филология, профессор Матлубаи Мирзоюнус ҷиддӣ ба пажўҳиши аҳволу осори бонувони сухангӯи тоҷику форс машғул гашта, дар мавзўи “Сарчашмаҳо ва вежагиҳои ғоявию бадеии осори занони суханвари тоҷик дар асри 19” рисолаи номзадиашро дар Шӯрои диссертатсионии назди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (2008) бомуваффақият дифоъ намуд. Баъд аз дифои рисолаи илмӣ боз ҳам ҷиддитар ба тадқиқи рӯзгору осори занони сухангӯ пардохта, перомуни зиндагинома ва осори Нодира, Тоҳираи Қурратулайн, Мастураи Курдистонӣ ва дигарон мақолоти ҷолиби илмӣ ба табъ расонид ва ҳамчунин дар нашри якчанд тазкираҳо оид ба занони суханвар ба роҳнамои илмиаш профессор М. Мирзоюнус ҳамдастӣ намуд. Ба даст овардану расидан ба ин мақсадҳои воло ба осонӣ муяссар нагашта, ба қавли Д. Ваҳҳобзода “барои он ки инсон ҳамчун олим дар ҷомеа мавқеъ пайдо кунад, бояд дар роҳи илм ҷонфидо бошад, тарки роҳату фароғат кунад. Бо интихоби дурусти ҳадафу мақсадҳои муайян, баъд аз заҳмату талошҳои пайгирон метавонад ба фатҳи қуллаи илм расад.”

Мавсуф дар конференсияҳои илмии донишгоҳ, шаҳру вилояту ҷумҳурӣ ва ҳамоишҳои байналмилалӣ бо маърӯзаҳои пурмуҳтавои илмӣ гузоришҳои илмӣ кардааст. Дар радифи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ба кори таълиму тарбия низ беш аз пеш майл зоҳир карда, фанҳои “Таҳлили матни асари бадеӣ”, “Таърихи адабиёти тоҷик”, “Матншиносӣ” ва “Назарияи адабиёт”-ро бо шавқу рағбати беандоза ба толибилмон тадрис карда, сазовори эҳтироми донишҷӯёну омӯзгорон гардида буд.

Меҳнати софдилона, масъулиятшиносиву кордонӣ ва муносибати хуби муаллима бо ҳамкорону донишандӯзонро ба назар гирифта, садорати донишгоҳ ӯро аз оғози соли хониши 2017-2018 ба вазифаи пурмасъули муовини декан оид ба бахши фосилавии факултети филологияи тоҷик таъин кард. Дар ин вазифа муаллима тӯли наздик се сол бо камоли вазифашиносӣ сарбаландона ӯҳдадориҳои хешро анҷом медод.

Мутаассифона, риштаи умри ин инсони муътабару соҳибэҳтиром чанде пеш аз ҳаёт канда шуд ва ба дорулбақо пайваст. Хабари фавти муаллимаи бароямон азизу гаронқадр тамоми кормандони ҳам факултет ва ҳам донишгоҳро моту мабҳут намуд, касе бовар намекард, ки вуҷуди чунин инсони шариф дигар байни мо несту бидуни хайру хуш абадан моро падруд гуфтааст.

Имрӯз ҳарчанд муаллимаи азизу меҳрубон ва хоксору олигуҳар дар байни мо ҷисман вуҷуд надорад, вале номи неку кори неку сиришти нек ва саршор аз меҳру муҳаббаташ ба кори таълиму тарбия, илм, дӯстону ҳамкорон ва аҳли пайвандон абадан дар хотираи ҳамагон боқӣ хоҳад монд.

Мо намегўем, ки ў аз дори дунё рафтааст,

Ҷойи ў дар дида буд, акнун ба дилҳо рафтааст.


Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ