​Истиқлолият – сутуни заррин

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқлолиятро сутуни заррин номида, пойдориву устувории пойдевори давлатдориро аз ин дастоварди арзишманд вобаста унвон мекунанд.

Воқеан истиқлолият волотарин ва олитарин дастоварди давлату давлатдории тоҷикон маҳсуб ёфта, шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри халқи тоҷик ба шумор меравад.

Истиқлолияти давлатӣ дар таърихи навини давлатдории тоҷикон саҳифаи ҷадидеро боз намуд ва бо зуҳури ин рӯйдоди нодири таърихӣ ормони ҳазорсолаи халқи тамаддунофари тоҷик дар амал татбиқ гардид. Ҳарчанд дар назди таърих 29 соли соҳибистиқлолӣ марҳилаи бузург ба шумор намеравад, халқи тоҷик давоми наздик се даҳсола ба дастовардҳои назарраси иҷимоиву иқтисодӣ ва сиёсиву фарҳангӣ ноил гардид.

Таърих гувоҳ аст, ки миллати тоҷик ҳатто баъди суқути давлати Сомониён ва дар давраҳои ҷабру зулми сулолаҳои бегона аз шебу фароз, аз озмоишҳои сахту сангини садсолаҳо бо сарбаландӣ гузашта, забони модарӣ, илму адабиёти оламгир, анъанаву суннатҳои неки таърихиву фарҳангӣ ва муҳимтар аз ҳама ҳуввият, худогоҳӣ ва худшиносии миллиро пос нигоҳ доштааст.

Муборизаву талош ва ҷоннисориву фидокориҳои родмардони миллат давоми садсолаҳо ҷиҳати муаррифии тоҷикон ҳамчун миллати соҳибтаъриху соҳибтамаддун далели равшан аст, ки андешаи истиқлол дар зеҳну шуури халқи тоҷик ҳамчун ормони миллӣ ҳамеша ҷой дошт. Ба таъбири дигар, истиқлолияти давлатӣ натиҷаи мантиқии талошу муборизаҳои фидокоронаи халқи озодихоҳу тамаддунсоз ва бонангу шарафманди тоҷик дар роҳи пуршебу фарози таърихи тӯлонӣ маҳсуб меёбад.

Сафҳаи таърих бозгӯ аст, ки дар фаҳмиши тамоми халқиятҳо истиқлолият дар ҳама давру замон арзиши бузург дошт. Аз ин ҷост, ки миллатҳои гуногун барои даст ёфтан ба мустақилият ҳамеша талош мекунанд.

Мардуми соҳибтамаддуни тоҷик дар таърихи 9 - уми сентябри соли 1991 истиқлолияти комил, давлати миллӣ ва соҳибихтиёрро соҳиб гардид. Тоҷикистон нав соҳибистиқлолии худро эълом намуда, ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои олии миллӣ иқдом мекард, ки аз ҷониби нотавонбинони миллат ҷанги шаҳрвандӣ ба сари миллати тоҷик таҳмил гардид. Ба таъбири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “Дар аввали солҳои 90-уми асри гузашта, вақте ки Тоҷикистон акнун ба Истиқлолият расида буд ва мардуми мо нахустин пояҳои бинои давлатдории муосири худро мегузоштанд, бадхоҳону хоинони миллати тоҷик кишвари моро ба низои дохилӣ, муқовимати сиёсӣ ва мухолифати мусаллаҳона гирифтор карда, дар як муддати кӯтоҳ Тоҷикистони тозаистиқлолро ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд”.

Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон манзили батороҷрафтаву абгоршударо мемонд. Воқеан Пешвои муаззами миллат тавонистанд, ки дар давоми наздик сӣ сол аз ҳеҷ, аз хазинаҳои тиҳӣ, аз хоҷагии валангор, аз саноату корхонаҳои ба яғморафта Тоҷикистони имрўз шукуфоро бунёд кунанд ва сиёсати байналмилалиро дар муҳити душманонаву бадхоҳонаи он замон устувор созанд.

Дар он марҳилаи ҳассос бе ваҳдати миллӣ, бе ягонагии миллату қавмҳои кишвар наҷот додани Тоҷикистон аз вартаи ҳалокат ғайриимкон буд. Маҳз сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат буд, ки миллати тоҷикро оқибат ба ин ваҳдати наҷотбахш расонид. Омили ифтихор аст, ки таҷрибаи оштӣ ва фарҳанги сулҳи тоҷикон дар олам назир ва собиқа надорад ва имрўз мактаби омўзиши оламиён мебошад.

Ба дурустӣ, таҷрибаи сулҳи тоҷикон ба ҷаҳониён собит сохт, ки миллати тоҷик дорои фарҳангу тамаддун ва таърихи бою рангин буда, бо такя ба хиради азалии халқ ба даргириҳои дохилӣ хотима бахшид. Тоҷикистон аз кишвари ҷангзада ва буҳрони шадиди иқтисодии солҳои навадуми қарни гузашта раҳоӣ ёфта, ба кишвари аз нигоҳи иқтисодӣ рушдёбанда табдил гардид.

ДастовардибузургтариниТоҷикистони соҳибистиқлол дартўли29солиистиқлолиятбарқарорнамуданисулҳусуботикомилваваҳдатипойдориимиллӣ мебошад, ки аз заҳмату ҷонбозиҳои Пешвои миллат маншаъ мегирад.

“Ман кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард... Ман тарафдори давлати демократии ҳуқуқбунёд мебошам” - ин паёми умедбахш дар суханронии нахустини Пешвои муаззами миллат садо дод ва татбиқи амалии ин суханони арзишмандро таърих шоҳид аст.

Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин дар мавриди нақши Сарвари давлат дар таъмини суботи сиёсӣ ва сулҳи тоҷикон чунин таъкид намудааст:

“Тамоми таърихи муосири Тоҷикистон бо номи Эмомалӣ Раҳмон комилан алоқаманд аст. Дар тӯли солҳои президентӣ ба ӯ муяссар гардид, ки сулҳу ризоиятро дар кишвар таъмин карда, эҳтироми сазовори ҳамватанон ва нуфузи баланди байналмилалиро пайдо намояд. Таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ҷумҳурӣ дар роҳи рушди иҷтимоию иқтисодӣ устуворона пеш рафта, дар ҳалли масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ фаъолона иштирок мекунад”.

Воқеан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натанҳо ба халқи тоҷик сулҳ овард, балки Тоҷикистонро бо ташаббускорӣ ва дурандешӣ нисбат ба масъалаҳои муҳимтарини сайёра дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намуд.

Эълони соли 2003“Солибайналмиллалии оби тоза”, солҳои2005 – 2015 “Даҳсолаи «Об -барои ҳаёт», «Соли 2013- соли дипломатияи обӣ», солҳои 2018 – 2028“Даҳсолаи об барои рушди устувор” аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид, ки бо пешниҳодоти Сарвари муаззами тоҷикон сурат гирифт, миллати куҳанбунёди тоҷикро ба ҷаҳониён бори дигар ҳамчун халқи инсондӯсту сулҳпарвар ва худшиносу ташаббускор муаррифӣ намуд.

Имрўз истиқлолиятидавлатииҶумҳурии Тоҷикистонробеш аз 193 кишвари ҷаҳон ба расмиятшинохта, Тоҷикистони азизи мо бо 160 давлатҳои ҷаҳон шартномаҳои гуногун ба имзо расонидааст.

Бешубҳа, дар паси ҳама дастоварди мамлакат нақш, саҳм ва заҳмату талошҳои Сарвари кишвар муассиру созанда аст.

Агар ба маълумотҳои оморӣ назар афканем, танҳо дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 45, 6 миллиард сомонӣ ба 78 миллиард афзоиш ёфтааст.

Агар соли 2010 ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ 6 миллиарду 600 миллион сомониро ташкил медод, соли 2019-ум ба 23 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки аз дастоварди олии халқи тоҷик – истиқлолият сарчашма мегирад.

Шоистаи таъкид аст, ки таваҷҷуҳ ва маблағгузорӣ низ ба соҳаи илм ва маориф зиёд шуда, Ҳукумати кишвар барои таъмини рушди ин соҳаҳои афзалиятноки ҷомеа тадбирҳои созанда амалӣ мекунанд.

Мутафаккир Мир Саийд Алӣ Ҳамадонӣ дар китоби “Захират-ул-мулук” оид ба шартҳои сарварӣ чунин менигорад, ки сарвар бояд дар ҷараёни ҳаллу фасли корҳои давлатӣ ҳамеша ба илму маърифат такя намояд.

Намоди ибратбахши сарвари оқилу хирадмандро таърих дар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарёфт, ки аз рӯзҳои нахустини ба сари қудрат омаданашон ба намояндагони илму маориф такя намуда, иқдому ташаббуси арзишмандро ба роҳ монданд. Аз ин ҷост, ки халқи тоҷик аз Пешвои миллии худ ҳамчун сарвари маорифпарвар ном мегиранд.

Аз самараи истиқлолият ва таваҷҷуҳу ғамхориҳои Пешвои маорифпарвару илмдӯсти миллат Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба дастовардҳои муҳим соҳиб гардид. Даврони истиқлол як саҳифаи тоза ва нерӯю тавони нав дар таърихи инкишофи донишгоҳ гардид. Ба мақоми донишгоҳ сазовор гардидани ДДОЛ ба номи С.М.Киров дар соли 1991 марҳилаи сифатан нав дар ҳаёти он гашта, самту доира ва фаъолияти ин маркази илмиву таърихӣ вусъат ёфт, талабот ба раванди таълиму тарбия, илм куллан дигаргун гашт.

Имрӯз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров фаъолияти худро бо шаклҳои наву замонавии системаи муосири таълим, ки дар сатҳи байналмилалӣ эътироф гардидаанд, ба роҳ мондааст. Дар донишгоҳ ҷиҳати омӯзиши технологияҳои инноватсионӣ, ворид намудани таҷҳизотҳои ҳозиразамон, ва ба ин восита, ҷиҳати самаранок ба роҳ мондани сифати таълим тадбирҳои ҷиддӣ ба роҳ монда шудаанд.

Фаъолияти таълимии донишгоҳ дар 18 факултет ва 80 кафедра (аз ҷумла 5 кафедраи умумидонишгоҳӣ) ба роҳ монда шуда, ҳоло дар донишгоҳ аз рӯи 80 ихтисос дар шуъбаи рӯзона ва аз рӯи 31 ихтисос дар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ дар асоси нақшаҳои таълимӣ таҳсил ҷараён дорад. Дар МДТ “ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”47 нафар доктори илм, профессор, 354 нафар номзади илм, дотсент, 200 сармуаллим, 199 муаллим фаъолият менамоянд, ки 50% теъдоди умумии омӯзгоронро устодони соҳибунвон ташкил медиҳанд.

Яке аз муҳимтарин рӯйдодҳо дар соли таҳсили 2019 – 2020 таъсиси 10 ихтисоси нав маҳсуб мешавад, ки дар тарбияи кадрҳои тахассусманд заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард. Ҷиҳати таъсиси ихтисосҳои наву замонавӣ раёсати донишгоҳ боз ҳам корбариро вусъат дода, тасмим гирифтааст, ки дар соли таҳсили 2020-2021 таъсиси 22 ихтисоси наву замионавии дигарро ба роҳ монад.

Ба дурустӣ, Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди тамоми соҳаҳои мамлакатро таъмин намуд. Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки ҳимояи истиқлоли давлатӣ, таҳкими суботи сиёсӣ ва таъмини амнияти давлатиро ҳадафу мароми олии зиндагӣ ва фаъолият қарор дода, ҷиҳати ҳифзи ин дастоварди арзишманди миллӣ нақши созанда гузорем.

Зеро “ба даст овардани истиқлолият кори бисёр душвору заҳматталаб мебошад, вале ҳимояи пирӯзӣ ва дастовардҳои истиқлолият кори аз он ҳам душвортару пурмасъулият аст”.

Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло

ректори МДТ "Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

ба номи академик Бобоҷон Ғафуров", профессор

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ