Кафедраи технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт

Телефон барои маълумот

вофиқи фармони ректори Донишгоҳ таҳти №154 аз санаи 12 июни соли 2015 оид ба танзими сохтори факултети “Телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ” бо мақсади мувофиқ намудани номгузории кафедраҳо тибқи ихтисосҳои амалкунанда ва ҷобаҷокунии мутахассисони факултет фаъолияти кафедраҳои “Технологияи компютерӣ”, “Технологияи ҳифзи ахбор”, “Кибернетикаи иқтисодӣ”-и факултет боз дошта шуда дар заминаи кафедраҳои барҳам дода шуда, ду кафедраи тахассусӣ таъсис дода шуд, ки яке аз онҳо кафедраи “Технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт” бо ихтисосҳои “Кибернетикаи иқтисодӣ” (мутахассис), “Информатикаи иқтисодӣ” (бакалавр), “Таъминоти математикии низомҳои автоматикунонидашудаи лоиҳакашӣ ва идора” ва “Китобхонашиносӣ ва китобшиносӣ” ба ҳисоб мерафт.

Лаҳзаи таъсис ёфтани кафедраи “Технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт” устодони зерин: Низомиддинов С.Ш., Ваҳобов А.А., Ибрагимова Д.И., Шукуров А.А., Каримова Т.Ҳ., Ҷалилова М.Ғ., Холматова Д. ва коргузор Шарипова М. фаъолият менамуданд.

Айни замон кафедраро тибқи фармони № 68 аз санаи 31 марти соли 2017 н.и.и., дотсент Ахмедов Абдусалом Самадович сарвари карда истодаанд ва дар кафедра нӯҳ нафар устодони пуртаҷриба фаъолияти меҳнатӣ бурда истодаанд, аз он ҷумла: 5 нафар номзадҳои илм (Ахмедов А.С., Узоқова Г.М., Ибрагимова Д.И., Шарипова М.М. ва Ҳомидова И.С.), 1 нафар сармуаллим (Шукуров А.А.) ва 3 нафар муаллим (Ҷалилова М.Ғ., Алиматова У.Н. ва Халилов Қ.Т.) фаъолият мебаранд. Ғайр аз, ин дар кафедра устодони муштараквазифаи соҳибунвон (Раҳимов А.М., Ғаюров Ҳ.Ш., …) низ фаъолият бурда истодаанд.

Устодони кафедра пайваста мекӯшанд, ки ба ғайр аз ба донишҷӯён додани дониши амиқ савияи дониши худро низ ҳамарӯза баланд бардоранд. Самти асосии кафедра оғоз аз тартиб додани нақшаҳои таълимӣ, ташкил ва гузаронидани семинарҳои гуногун оид ба такмили омӯзиши фанҳои ихтисосӣ то ба баланд бардоштани малакаи омӯзгории устодони ҷавон равона карда шудааст.

Дар ду соли охир ду нафар устодони ҷавони кафедра (Шарипова М.М. ва Ҳомидова И.С.) рисолаи номзадии худро ҳимоя намуданд, боз ду нафар устодони кафедра (Шукуров А.А. ва Ҷалилова М.Ғ.) дар арафаи баанҷомрасонии таҳияи рисолаи номзадӣ қарор доранд.

Кафедраи “Технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт” яке аз кафедраҳои ихтисосӣ ба шумор рафта устодони кафедра аз рӯи зиёда аз 32 номгӯи фанҳои ихтисосӣ дарсҳои лексионӣ, амалӣ ва лабораторӣ мегузаронанд.

Ҳамасола донишҷӯёни ихтисосҳои кафедра ба бонкҳои ҷумҳурӣ, корхонаҳои истеҳсолию хизматрасонӣ, муассисаву ташкилотҳои гуногун ба таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ равона карда мешаванд. Айни ҳол кафедраи “Технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт” кафедраи пешбарандаи ихтисосҳои “Кибернетикаи иқтисодӣ (мутахассис)” ва “Автоматикунонии системаҳои ҷамъоварӣ, ҳисоб ва коркарди иттилоотӣ молиявӣ ва тиҷоратӣ (бакалавр)” ба ҳисоб меравад.

Имрӯзҳо, устодони кафедра тибқи барномаи дурнамои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ аз рӯи муаммои илмӣ «Асоснокӣ ва параметризатсияи нишондиҳандаҳои самаранокии татбиқи технологияҳои иттилоотӣ ва системаҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон» корҳои илмӣ-тадқиқотӣ бурда истодаанд. Натиҷаи корҳои илмӣ-тадқиқотию методии устодони кафедра дар шакли асарҳои илмӣ-методӣ, мақолаҳо, китобу дастурҳои таълимию методӣ ва фишурдаи маърӯзаҳо аз чоп бароварда шудаанд.

Мақсади асосӣ ва саъю кӯшиши коллективи омӯзгорони кафедраи мо пурра барои тайёр намудани кадрҳои баландихтисос равона карда шудааст ва кафедра дар навбати худ, магистрантон (бо ихтисоси «Системаҳои компютерӣ ва Интернет технология») ва докторантонро (PhD) низ (аз рӯи ихтисоси 6D070300-«Системаҳои иттилоотӣ») тайёр мекунад. Ҳоло дар соли таҳсили ҷорӣ 2 нафар докторантон таҳсил карда истодаанд.

Бояд қайд кард, ки дар назди кафедра маҳфили илмӣ-амалии донишҷӯён бо номи «Технологияҳои муосири иттилоотӣ» фаъолият дорад. Роҳбарии ин маҳфил ба дӯши муаллимаи кафедра Ҷалилова М.Ғ. мебошад. Маҳфил 20 нафар аъзоёну иштирокчиёни фаъол дорад. Дар маҳфил асосан муаммою навгониҳо ва саҳми технологияҳои муосири иттилоотӣ дар ҷаҳони имрӯза мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Маҳфил барои баланд бардоштани завқи донишҷӯён ба ихтисос ва баланд бардоштани сатҳи азхудкунии фанҳои ихтисосӣ кӯмаки беандоза мерасонад.