Факултети санъат

Факултети санъати Муассисаи давлатии таълимии "Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров" (ҳамчун муассисаи таълимию илмӣ бо унвони Академияи мусиқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қарори Шўрои вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами № 301 аз 23-юми июни соли 1993) дар шаҳри Хуҷанд ташкил шудааст.

Тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи фарҳангу санъат, таҳқиқоти илмӣ оиди самтҳои гуногуни таърих ва назарияи санъати мусиқӣ, рушди минбаъдаи санъати касбӣ ва идомаи беҳтарин анъанаҳои санъати миллӣ бо ҷалби ҳунармандони варзида ва мутахассисони касбӣ самти афзалиятноки таълимию ҳунаромўзии факултетро дарбар мегирад. Муассисаи таълимию илмии Академияи мусиқии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд АМҶТ) бо ташаббус ва иқдоми мутахассисони варзида - номзади илмҳои санъатшиносӣ, профессор Ҳакимов Наимҷон Ғаниевич, профессор Муродов Рауф Муродович, профессор Алиев Умар Раҷаббоевич дар шаҳри Хуҷанд аз аввалин мактаби олии санъат ба ҳисоб рафта дар давраи навтарини таърихи Точикистони соҳибистиқлол бо ҷалби мутахассисони варзидаи соҳаи санъати мусиқӣ аз пойтахти кишвар ш. Душанбе ва вилояти Суғд ба фаъолият оғоз намудааст. Фаъолияти он бар анъанаҳои таърихии санъати мақомсароӣ дар вилояти Суғд такя намуда бо даъвати устодони беҳтарин - Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Боймуҳаммад Ниёзов, Ҳофизони халқии Тоҷикистон Маъруфхоҷа Баҳодуров, Абдураҳим Шерматов ба омўзиши мероси мусиқии ниёгон ва ба насли навраси ҳунармандон интиқол додани беҳтарин намунаҳои он шурўъ ёфт. Минбаъд олимони шинохта - мусиқишиносон н.и.с. Ўлмасов Ф. А., н.и.с. Абдурашидов А. А., н.и.с. - Худойбердиев С. ва ҳофизони варзидаи диёр Ҳунарпешаи халқии ИҶШС Ҷўрабек Муродов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Даврон Алиматов, оҳангсози маъруф, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Шарофиддин Сайфиддинов, мутрибон-навозандагони чирадаст Ҳунарпешаи шоистаи ҶТ Юсуфҷон Бобоҷонов, Аҳрорҷон Ботиров, Сайдулло Убайдуллоев ва дигарон дар таълиму тарбияи насли ҷавони хунармандон саҳми арзанда доштанд.


Дар ибтидо дар АМҶТ шуъбаҳои зерин амал мекарданд: мусиқишиносӣ-шарқшиносӣ, актёри театри анъанавӣ, санъати навозандагӣ, санъати сарояндагии анъанавӣ. Дар АМҶТ пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ ва Донишкадаи таълимӣ амал мекард, ки дар он олимони намоёни соҳаи санъат ба монанди Абдурашидов А., Тоҷикова З., Раҷабов А., Кароматов Ф., Гейзер Э. Р., Юнусов Р., Ғафурбеков Т., Абдуллоев Р. ва дигарон фаъолият мебурданд. Дар соли аввал ба донишкадаи таълимӣ 36 нафар, соли хониши 1994-1995 35 нафар донишҷў қабул гардид. Соли 1995 шўъбаи рассомӣ бо ташаббуси Ҷўраев Ғ., соли таҳсили 1995-1996 шўъбаи хониши академикӣ бо ташаббуси Юсуфов С., соли 2002 шуъбаи актёри драма ва коргардони театр бо сарварии Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Барзу Абдураззоқов ба фаъолият оғоз намуд.

Дар асоси Қарори Ҳукумати ш. Хуҷанд таҳти рақами 294 аз 17-уми июли соли 1996 муассисаи таълимии АМҶТ барҳам дода шуда, ҳамчун факултети санъат дар назди ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров ва аз соли 2001 ҳамчун факултети санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров фаъолияти таълимиро идома дода истодааст.

Сарварии факултетро аз соли 1993 то 2001 н.и.с., профессор Ҳакимов Н.Ғ., аз соли 2001 то моҳи январи соли 2012 профессор Ҷўраев Ғ.Ҳ. бар уҳда дошта, аз 20 январи соли 2012 ин вазифаро н.и.т., дотсент Аминҷонов Р. Н. ба дӯшдорад.

Дар факултет 4 кафедра амал намуда, дар он устодони варзидаю шинохта фаъолияти таълимӣ ва илмӣ-эҷодӣ мебаранд, аз он ҷумла: - дар кафедраи мусиқии суннатии тоҷик – Ҳофизи халкии Тоҷикистон, профессор Абдурахим Шерматов, Ҳунарпешаи шоистаи ҶТ, дотсент Юсуфҷон Бобоҷонов, дотсентон - Убайдуллоев С., Ботиров А., омўзгорони калон Омонбоева Н., Солиев С., Норбадалов С., Давлатов Б., Икромов А., Шамсиев М., М. Баҳриддин, омузгорон Сатторов А.,Оқулова М. ва дигарон. - дар кафедраи таърих, назария ва методикаи таълими мусиқӣ ба номи профессор Ҳакимов Н. Ғ.,– муҳаққиқон-олимони мусиқии точик н. и. санъатшиносӣ, н.и.с., профессор Худойбердиев С., н.и.т., дотсент Аминчонов Р.Н., н.и.т., дотсент Саидкаримов Б., омўзгорони калон Умарова Х.Ҳ., Ҳамдамова Н. Ғ. ва дигарон. - дар кафедраи санъати тасвирӣ ва маҳорати актёрӣ – профессорон Ҷўраев Ғ. Ҳ., Алиев У.Р., дотсентон, н.и.п. Ашўров М. Ҷ., Ҷабборов А., омўзгорони калон Шарипов Қ., Маҳмудов В., фаъолият доранд. Актёрони ҷавон бо роҳбарии профессор Алиев Умар Раҷаббоевич, маҳорати хешро такмил медиҳанд. - дар кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва китобшиносӣ – н.и.т., дотсент Фармонова Д. Ҷ., омўзгорони калон Манонова М., Солиҷонов Н., омўзгорон ва дигарон кору фаъолият менамоянд. Ҳайати профессорону омўзгорони факултети санъат чунин аст: профессорони кафедра – 4 нафар, дотсентон - 7 нафар, омўзгорони калон - 15 нафар, омўзгорон -20 нафар, аспирант-1 нафар, унвонҷўён-6 нафар.


Омўзгорони факултети санъат, ҳамзамон аъзоёни Иттифоқҳои эҷодӣ мебошанд. Аз ҷумла аъзои Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон 4 нафар ва аъзои Иттифоқи рассомони Тоҷикистон 4 нафар, академики Академияи мусаввирии Тоҷикистон 2 нафар мебошанд. Инчунин дар факултети санъат дастаҳои ҳунарӣ ва маҳфилҳои илмии донишҷўён фаъолият мебаранд. Дар тўли фаъолият факултети санъатро мутрибону сарояндагони мусикии классикии «Шашмақом», рассомон ва актёрон хатм намудаанд, ки имрўз хамчун мутахассисони варзида, на фақат дар ҷумҳурӣ балки берун аз он бо ҳунарашон боиси ифтихор гаштаанд. Дар ин радиф чеҳраҳои зеринро қайд кардан мумкин аст. - дорандагони ҷоизаи байналмиллалии «Грэмми» (2006) ва Гран-прии форуми байналмилалии мақом дар Ҷумҳурии Ўзбекистон (2018), сарояндагон - Насиба Омонбоева, Хуршед Иброҳимов, Зумрад Самиҷонова (шодравон), Камолиддин Ҳамдамов ва дуторнавози мумтоз, ҷоизадори якчанд озмунҳои байналхалқии мутрибон Ҷўраев Сироҷидин (ҳама минбаъд дар Академияи мақоми ҶТ таҳсилро идома додаанд) ва дигаронро қайд кардан ҷоиз аст. - сарояндагони шинохтаи санъати эстрадии вилоят, аз он ҷумла Валиҷон Азизов, Ғолибҷон Юсупов, Анвар Ахмедов ва дигарон. - рассомон ва ҳайкалтарошон дорандаи ҷоизаи намоишгоҳи Россия Абдураҳим Ҷабборов, Даврон Раҳматов – муаллифи пайкараи Темурмалик дар осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии вилояти Суғд ва пайкараи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ; Мўминов Наимҷон ва дигарон. - саркоргардони театри ба номи Камоли Хуҷандӣ Қурбон Бобоҷонов, актёрон Далер Шукуров, Абдуназар Тўрахонов, Сурайё Хўҷаева, Файёз Бойматов, Шукўҳ Иброҳимов, Диловар Султонов ва дигарон…

Факултети санъат бо дигар макотиби олӣ ва миёнаи махсуси санъати ҷумхурӣ, аз он ҷумла Консерваторияи миллии ба номи Т. Сатторов, Академияи мақоми ҶТ, Донишкадаи фарханг ва санъати ба номи М. Турсунзода, Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофиз, Маркази мусиқии тоҷик «Ҳунар» ва ғ. ҳамкориҳои илмию эҷодӣ дошта, пайваста конфронсу консертҳои мусиқии классикӣ ва намоиши асарҳои рассомонро мегузаронад, ки бахри бедор намудани маърифати фарҳангии шаҳрвандон аҳамияти муҳим дорад. Фаъолияти таълимию илмии факултети санъат дар асоси нақшаҳои таълимии макотиби олӣ барои тайёр намудани мутахассисони варзидаи соҳаи санъату фарҳанг равона карда шуда, барои идомаи беҳтарин анъанаҳои санъати мусикии миллӣ ва санъати рассомӣ дар робита ба асосҳои илмӣ нигаронида шудааст.