Миёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ва Донишкадаи забонҳои хориҷии Самарқанд созишномаи ҳамкорӣ имзо шуд

Байни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Донишкадаи забонҳои хориҷии Самарқанд созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

Дар ин бора аз донишгоҳи мазкур хабар дода, афзуданд, ки ҷонибҳо дар асоси созишномаи ҳамкорӣ рушди робитаҳои илмӣ-инноватсионӣ, фарҳангӣ, инчунин таъмини табодули таҷрибаро миёни кормандону донишҷӯён ба роҳ монда, дар самти ташкили чорабиниҳои муштарак иқдом менамоянд.

Маврид ба зикр аст, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров феълан бо 100 муассисаҳои олӣ ва олии касбии ватаниву хориҷӣ ҳамкориҳои илмиву таълимӣ ва мубодилавию фарҳангиро ба роҳ монда, ҳамкориҳои судманд дорад.

Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

http://sugd.tj/news/khabarhoi-ruz/25-ijtimoi/579-d...

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ