​Тозанашр: Армуғони шоиста ба ифтихори 70-солагии профессор Абдулманнони Насриддин

Ба ифтихори 70-солагии дорандаи Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон дар соҳаи маориф, доктори илмҳои филология, профессор шодравон Абдулманнони Насриддин силсилаи китобҳои тоза интишор ёфтанд. Аз ҷумла, китоби “Ҳафтод мақола” иборат аз ҳафтод мақолаи баргузидаи устод дар 800 саҳифа фароҳам омадааст, ки бо теъдоди 200 нусха дар нашриёти “Ношир”-и шаҳри Хуҷанд чоп шудааст.

Китоби “Хуршедсавор” (арҷномаи профессор Абдулманнони Насриддин), ки маҷмӯаи арҷномаҳо ва хотираҳои дӯстону азизони Устоди равоншод мебошад, иборат аз 474 саҳифа бо теъдоди 200 нусха дар нашриёти “Ношир”-и шаҳри Хуҷанд нашр шудааст.

Таҳиягари китоб доктори илмҳои филологӣ, профессор Фахриддин Насриддинов мебошад.

Китоби “Осори қалам” аз феҳрасти таълифот ва муаррифномаи китобҳои профессор Абдулманнони Насриддин иборат мебошад.

Бахши аввали китоб фарогири санадҳои асосии ҳаёт ва дастовардҳои илмии профессор Абдулманнони Насриддин буда, феҳрасти осори донишманд бо риояи кулли талаботи муосири феҳрастнигорӣ аз рӯи хронология рӯи кор омадааст. Китоб бо теъдоди 200 нусха дар нашриёти “Ношир” чоп шудааст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ