​Чароғи маърифат: Зиндаву ҷовид монд ҳар ки накӯном зист

Ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз марги Файзиев Исматилло Давлатович, доктори илмҳои педогогӣ, профессори кафедраи методикаи таълими физика андуҳгин буда, дар иртибот ба реҳлати устод ба аҳли пайвандон, дӯстон ва шогирдону наздиконашон ҳамдардӣ баён мекунанд.

Реҳлати устод Файзиев Исматилло барои Донишгоҳ талафоти бузург аст.

Файзиев Исматилло, доктори илмҳои педагогӣ, мутахассиси варзидаи соҳаи услуби таълими физика 10 феврали соли 1950 дар ноҳияи Шаҳристон таваллуд шуда, соли 1975 Донишкадаи омӯзгории Душанбе ба номи Шевченкоро хатм намудаанд.

Фаъолияти омӯзгории худро соли 1974 дар мактаби миёнаи №53 шаҳри Душанбе оғоз намуда, то соли 1981 муассисаҳои миёнаи шаҳри Душанбе фаъолият бурдаанд. Шуруъ аз соли 1981 фаъолияти худро ҳамчун ассистенти кафедраи услуби таълими физикаи Донишкадаи омӯзгории Душанбе ба номи Қ.Ҷӯраев идома додаанд.

Номбурда соли 1985 ба аспирантураи кафедраи услуби таълими физикаи шаҳри Челябински Федератсияи Русия дохил шуда, соли 1988 рисолаи номзадии хешро ҳимоя намудаанд.

Соли 1997 ба вазифаи дотсенти кафедраи услуби таълими физика ва технологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров фаъолиятро оғоз намуда, аз соли 2008 то соли 2014 вазифаи мудири кафедра методикаи таълими физикаи факултети физикаю техникаро дар ӯҳда доштанд.

Рисолаи доктории худро устод Файзиев Исматилло соли 2008 дифоъ намуда, ба дараҷаи илмии доктори илмҳои педагогӣ ноил гардиданд.

Шодравон муаллифи зиёда аз 50 мақолаи илмӣ, 30 адад дастури таълимӣ-методӣ ва китобҳои дарсӣ мебошанд.

Саҳму нақши устод дар тарбияи кадрҳои соҳаи физика назаррас буда, хидмати эшон мондагор сабт хоҳад шуд.

Ҳарчанд риштаи умри устод Файзиев канда шуда, лек ёду номи эшон тавассусти хотироти нек ва хидмати наҷибашон ҳамеша дар дили ҳамкорону шогирдон зинда хоҳад буд.

Зиндаву ҷовид монд ҳар кӣ накӯном зист,

К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.

Ёди устод Файзиев Исматилло шод ва манзили охираташон обод бошад!

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ