​Ояндаи ободи ватан аз сатҳи маърифатнокии мардум вобаста аст

Паёми Сарвари давлат чун пайғом, мужда, нома ба мардуми кишвар, даъвату сафарбарнамоӣ ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва ҳадафу вазифаҳои нав ба ҳисоб рафта, ироаи он дар ҷамъбастӣ сол ба ҳукми анъана даромадааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ваколати конститутсионии худ, тибқи моддаи 70-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи вазъи кишвар дар маҷлиси якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ менамоянд, ки он дар шакли Паём ирсол гардида, аз демокративу соҳибихтиёр будани кишвар шаҳодат медиҳад.

Паёми Пешвои миллат бори аввал санаи 27 апрели соли 2000 ба парлумони кишвар ироа гардида, Паёми имсола (аз санаи 23 декабри соли 2022) 24-умин Паём ба шумор меравад. Ҳар яке аз ин Паёмҳо хусусиятҳои хоси худро дошта, ҳамчун санади муҳими барномавӣ, сиёсати дохиливу хориҷии кишвар, рушду дастовардҳо, ҳадафҳои стратегӣ, амалишавии барномаву стратегияҳои рушдро бо таҳлилҳои амиқи илмӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ ва дурнамои рушди Ватани азизамонро муайян менамояд.

Рушди соҳаи маориф ва илм ҳамчун соҳаи афзалиятнок дар Паёми Сарвари давлат таҳти таваҷҷуҳи хоса қарор дода шуда, насли наврасу ҷавон, ҳамчун захираи тиллоӣ ва ояндасози миллат арҷгузорӣ мегарданд.

Пешвои миллат дар Паёми имсола кормандону масъулини мактабу маориф, волидайн ва аҳли ҷомеаро барои тарбияи сазовори насли ояндасоз ҳидоят намуданд ва мактабро ба ҳайси боргоҳи илму маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас арзёбӣ карданд.

Пешвои муаззами миллат арҷу эҳтиром гузоштан ба омӯзгорро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин дар ин самт таъкид доштанд ва таъкид намуданд, ки: “Агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад”.

Ин суханони дурбинона ва ояндасози Сарвари давлат моро водор месозад, ки ба мақсади ояндаи дурахшони давлату миллат, ба масъалаҳои таълим додану маърифатнок кардани хонандагони ҳамаи зинаҳои таҳсилот якҷоя бо волидайн ва мақомоти масъули давлатӣ саъю кӯшиши зиёд ба харҷ диҳем. Тибқи унсурҳои Консепсияи миллии тарбия, ки ҳамчун санади беҳтарини раҳнамунсоз барои тарбияи насли наврас ва ҷавонон ба шумор меравад, дар ин самт бояд корбарӣ ба роҳ монда шавад.

Сарвари давлат ва Ҳукумати мамлакат барои рушди соҳаи илму маориф ҳамасола барои баланд бардоштани маоши омӯзгорон ва зиёд намудани қисми хароҷоти буҷети давлатӣ ба ин соҳаи афзалиятнок аҳамияти ҷиддӣ зоҳир менамоянд.Дар Паёми навбатӣ Сарвари давлат дастур доданд, ки аз 1 июли соли 2023 маоши кормандони соҳаи маориф ба андозаи 20 фоиз баланд бардошта шавд, ки ин омил барои боз ҳам беҳтар гардидани шароити зиндагии зиёиён ва омӯзгорони кишвар мусоидат менамояд.

Барои рушди илму маориф Пешвои муаззами миллат ба масъулин дастур доданд, ки муассисаҳои илмиву тадқиқотӣ ва таҳсилоти олӣ бояд бо роҳи анҷом додани кашфиёту ихтироот, ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии пешбурди таҳқиқоти илмӣ ва технологияҳои муосир дар рушди минбаъдаи иқтисоди миллиамон саҳми фаъол гузоранд. Инчунин, таъкид намудан, ки вобаста ба вазъияти илмии кишвар, ҷиҳати ба равандҳои ҷаҳони имрӯза мутобиқ гардонидан ва тибқи талаботи замони муосир ба роҳ мондани фаъолияти муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олӣ тадбирҳои муассир андешида шавад.

Дар Паёми имсола Президенти мамлакат ба сифати тайёр намудани мутахассисони касбу кори гуногун, то соли 2026 пурра соҳибӣ касбу ҳунар намудани шаҳрвандони аз 18-сола боло, роҳандозии барномаҳои таълими касбу ҳунарҳои муосир, пайванди илм ва истеҳсолот, баланд бардоштани сатҳу сифати омодасозии мутахассисони соҳаҳои саноат, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, иқтисоди рақамӣ ва таъсиси донишгоҳҳои муштарак бо донишгоҳҳои пешрафтаи дунё оид ба омӯзиши илмҳои муҳандисиву технологӣ таваҷуҳи ҳоса зоҳир намуда, дастуру супоришҳои мушаххас доданд, ки ҷиҳати аз мамлакатиаграрӣ - саноатӣ ба мамлакати саноатӣ – аграрӣ табдил ёфтани Ватани азизамон мусоидат менамояд.

Ҳамин тариқ, Паёми Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саршор аз ҳикматҳои дурандешона, созандагиву бунёдкорӣ, даъват ба некиву нексириштӣ, садоқат ба Ватан, дар руҳияи худшиносиву меҳанпарастӣ тарбия намудани мардуми кишвар, махсусан ҷавонону наврасон иборат мебошад. Ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва дастуру супоришҳои Пешвои миллат мардуми моро ба сӯи музаффариятҳо, рушди босубот, донишу маърифати баланд, хайрхоҳиву саховатмандӣ ва фатҳи қуллаҳои баланд мебарад. Тамоми мардуми кишвар, мақомоти давлативу ҷамъиятӣ, муассисаҳои таълимӣ бояд фаъолияти худро дар доираи дастур ва муқарроти Паём ба роҳ монанд.

Набизода М.С., н.и.т., дотсент, муовини ректор оид ба корҳои тарбияи МДТ “ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ