Табиатшиноси сафобахш

Муассисаи давлатии таълимии "Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров" яке аз куҳантарин ва бонуфузтарин муассисаҳои олии кишвар маҳсуб ёфта, дар омода намудани кадрҳои баландихтисосу ҷавобгӯ ба талаботҳои замон саҳми устодони ин боргоҳ хеле назаррас аст.

Яке аз омӯзгорони собиқадор, пуртаҷрибаву кордони ин махзани илму адаб, табиатшиноси варзида Валаматова Саъдинисо Мирзоқосимовнамаҳсуб меёбад, ки наздик ба 50 сол инҷониб дар таълиму тарбияи ҷавонон машғул аст. Дар тӯли солҳо Валаматова С. ба туфайли ҷидду ҷаҳд ва кӯшишу ғайрати зиёд аз дараҷаи лаборанти калони кафедра то ба унвони номзади илмҳо табиатшиносӣ комёб шуд. Қайд кардан ҷоиз аст, ки Валаматова С. дар давоми фаъолияти омӯзгориаш машғулиятҳои назариявию амалиро ба дараҷаи баланди илмию методӣ ва истифодаи аёниятҳои марбути мавзӯъ гузориш медод. Вай аз аввали фаъолияти кориаш дар ин махзани илму ирфон дар баробари таълиму тарбияи ҷавонон дар иҷрои корҳои илмӣ низ рағбат зоҳир менамояд. Номбурда дар баробари фаъолияти педагогӣ дар иҷрои корҳои ҷамъиятии факултет ҳиссагузорӣ менамояд. Аз соли 1996 то 2007 вай ба сифати муовини декан оид ба илми факултети педагогӣ фаъолият бурда, дар ташкилу гузориши конфронсу семинар ва чорабиниҳои мухталифи факултет чун ташаббускор арзёбӣ кардааст. Чанд сол аст, ки роҳбари маҳфили илмии "Табиатшинос" ва сарвари гурӯҳҳои академикиро ба ӯҳда дорад. Аз соли 2007 то соли 2012 дар вазифаи мудири кафедраи табиатшиносӣ ва тарбияи эстетикӣ фаъолият бурда, ҳамеша барои дар сатҳи баланд ташкил намудани корҳои кафедра саъю кӯшиш намудааст.

Устод ҳамчун зани оқила барои иҷрои ҳама корҳо вақт меёбад. Ӯро гоҳ дар синфхонаҳо машғули дарсгӯӣ, гоҳ иштирокчии чорабинӣ, гоҳ дар таҷрибаи саҳроӣ, дар кӯҳу саҳро, гоҳ дар сафарҳои мухталиф мебинем. Вай ҳама супоришҳоро бо як самимият ва дилгармӣ ба ҷо меоварад. Ҳамчунин, муаллима иштирокчии якчанд конфронсу симпозиумҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ дар шаҳрҳои Санкт-Петербург, Тошкент, Қаршӣ, Душанбе ва ғайраҳо мебошад.

Алҳол устод муаллифи як монография, зиёда даз 10 дастури таълимӣ ва беш аз 60 мақолаҳои илмию методӣ мебошад. Имрӯзҳо Валаматова С. дар таълиму тарбияи насли ҷавон ҳиссагузорӣ намуда, байни шогирдон ва устодони факултет мавқеи муҳим дорад. Тарбия намудани насли ҷавонон ,- мегӯяд ӯ,- вазифаи пуршарафи ҳар як омӯзгор аст. Зеро вай роҳбар маслиҳатгар ва тарбиятгари хислатҳои ҳамидаи инсон мебошад.

Фаъолияти меҳнатии ин зани соҳибмаърифат, омӯзгори асил, олимаи варзида хеле рангину ҷолиби диққат аст. Саҳифаҳои зиндагиномаашро варақгардон карда, кас беихтиёр нисбаташ ҳисси таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамояд. Хизматҳои софдилонаи ин зани меҳнатқарин боре чанд бо Ифтихорномаҳои Ҳукумати ҷумҳурию вилоятӣ ва донишгоҳ қадр карда шудааст.

Дар арафаи 90-солагии таъсисёбии Муассисаи давлатии таълимии "Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров" ҷомеаи меҳнатии факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус ба муаллимаи азиз Валаматова Саъдинисо тансиҳатии комилу умри бардавом, хонаи ободу рӯзгори шодро таманно мекунем.

Омӯзгори кафедраи табиӣ-риёзӣ, тарбияи эстетикӣ ва методикаи таълими он Самадов Маҳмуд

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ