Унсури нахустини пояи давлатдорӣ

Сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба самти рушди сиёсати ҷавонон ва ташаккули фарҳанги худшиносии онҳо равона карда шудааст. Президенти кишвар ба неруи созанда, тобовару устувор ва пешбарандаи ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд ва пайваста ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон чораҳои муассир меандешанд.

Раванди ҷаҳонишавӣ дар радифи баъзе омилҳои мусбӣ, инчунин эҷодгари чандин хусусиятҳои манфист, ки метавонад манфиатҳои милливу фарҳангиро таҳти хатарҳои маҳвшавӣ бурда расонад. Таъсири манфии ҷаҳонишавӣ, қабл аз ҳама ба қишри ҷавони кишвар расидагӣ менамояд, зеро ҳама гуна хатарҳо ва падидаҳои манфие, ки сар мезананд, нахуст ба насли наврас ва ҷавонон сироят мекунад. Ин нуктаи ниҳоят муҳимро Пешвои миллат хирадмандона дарк намуда, пайваста ҷавононро аз таҳдидҳои хатарҳои ҷаҳонишавӣ ва оқибатҳои нохуши он ҳушдор дода, ҳуввияти фарҳангиву худшиносиро дар афкори онҳо мепарварад.

Ин мавзӯъ, ба хусус дар асари «Забони миллат – ҳастии миллат»-и Пешвои миллат бештар ба назар мерасад.

Дар асар решаҳои ориёии забони тоҷикӣ бо далелҳои қавии илмӣ ва таърихӣ исбот шудаанд. Ҳамчунин даврабандии таърихии забони тоҷикӣ дар асоси маводи нави илмӣ матраҳ шудааст.

Дар маҷмӯъ асари мазкур фарогири бузургтарин сарчашмаҳои таърихию тамаддуни тоҷикон аст. Хусусан муаллифи асар – Пешвои миллат таърихи пайдоиши забони тоҷикиро дар фасли алоҳидаи китоб таҳти унвони «Забони миллат – ҳастии миллат» гирд овардааст.
Зикр мешавад, ки зодгоҳи асосии забони тоҷикӣ Хуросону Мовароуннаҳр, соҳили чапу рости рӯди Ому, хусусан қаламрави ҳозираи Тоҷикистон аст. Ҳамзамон дар асар доир ба сарнавишти забони тоҷикӣ дар замони истилои араб дар асоси сарчашмаҳои таърихӣ маълумоти илмӣ оварда шудааст, ки он барои пажӯҳиши дурнамои забоншиносӣ дастури муфиди илмӣ маҳсуб мешавад.

Бобҳои алоҳидаи асар дар заминаи осор ва матнҳои илмӣ, таърихӣ ва адабӣ, замина ва омилҳои эҳёи забони тоҷикӣ, ки дар аҳди Тоҳириёну Саффориён ва махсусан дар замони шукуфоии давлатдории тоҷикон -Сомониён ба авҷи олӣ расида буд, махсус зикр гардидааст.
Нашри китобиПешвои миллат дар нашриёти «ЭР-граф»-и пойтахт идомаи мантиқии таҳқиқоти Пешвои миллат дар самти худшиносии миллӣ ва амалӣ намудани ормонҳои миллии тоҷикон арзёбӣ гардида, он дар забоншиносии тоҷик ва илми ҷомеашиносии муосири кишварамон дастоварди муҳим ва нотакрори илмию сиёсӣ маҳсуб мешавад.

Таълифи асари мазкури муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурати воқеии забоншиносии таърихӣ мебошад, зеро масъалаҳои бисёр муҳиме дар масири таърих аз сари забони тоҷикӣ гузаштаанд, ки онҳо ба бозкушоӣ ва таҳқиқи ҳаматарафаи илмӣ ниёз доранд. Муҳимияти тадқиқот қабл аз ҳама дар он аст, ки имрӯз асари нисбатан ҷамъбастӣ буда, дар он ҳаёти забони беш аз сеҳазорсолаи халқи ориёӣ ба риштаи таҳқиқ кашида шудааст ва чунин асари калонҳаҷм то имрӯз вуҷуд надорад. Ин асар дар навбати худ ягона буда, тамоми ҷанбаҳои муҳими давраҳои гуногуни тараққиёти забони тоҷикиро фаро мегирад ва бо забони бисёр хуби илмию оммафаҳми тоҷикӣ навишта шудааст, ки барои ҳамаи мардум дастрас аст.

Омӯзиши ҳамаҷонибаи асари мазкури Пешвои миллат ҳуввияти милливу хештаншиносӣ ва худогоҳиву фарҳангдӯстиро дар замири миллати тоҷик, бахусус ҷавонони миллат парвариш намуда, тамоми нозукиҳои милливу фарҳангӣ ва дӯст доштану ҳифзи забони модариро меомӯзад.

Халқи тоҷик дар ҳама давру замон бо гӯйишу шеваи хоси забони тоҷикӣ кӯшидааст, ки забони гуфторӣ ва навишторӣ бе фосила амалкард дошта бошад.

Бешак, таърихи ҷамъият бо забон алоқаи ногусастанӣ дошта, ҷамъият бе забон ва забон бе ҷамъият арзи вуҷуд карда наметавонад. Аз ин рӯ, муайян кардани вазъи забон дар ҳар давраи таърихӣ дар таҳқиқи таърихи халқ аҳамияти калон дорад.

Ҷавонони моро низ мебояд, ки дар ҳифзи асолати фарҳангӣ ва забони миллӣ саъю талошҳои шабонарӯзӣ намоянд ва нагузоранд, ки дар раванди ҷаҳонишавии муосир зери таъсирҳои манфӣ қарор бигиранд. Аз ин рӯ, омӯзиши асари «Забони миллат – ҳастии миллат»-и Асосгузори сулҳу ваҳадати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тамоми мардуми тоҷик, ба хусус ҷавонон чун обу ҳаво зарур буда, дар рушду ташаккули фарҳанги худшиносӣ ва ҳуввияти миллии онҳо саҳми босазое хоҳад гузошт.

Халқи фарҳангсолору тамаддунофари тоҷик соҳиби бузургтарин сарвати бебаҳо ва ҷавҳари миллат мебошад.

Худойбердиева М. – устоди ДДХ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ