​ҚАБУЛИ ҚАТЪНОМАИ «УСТУВОНИ КУРУШ» ВА АҲАМИЯТИ ТАЪРИХИВУ МАЪНАВИИ ОН

Баъди соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омӯзиши таърихи халқи тоҷик, усули давлатдорӣ, қаҳрамониҳо, мероси таърихиву фарҳангии ниёгонамон, бо диду назари наву объективона тадқиқ намудани саҳифаҳои норавшани таърихи давлатдорӣ ва санадҳои ҳуқуқии эҷодкардаи онҳо шароит муҳайё гардид. Дар саргаҳи омӯзиши таърихи таърихи халқи тоҷик дар даврони истиқлоли давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меистанд. Асарҳои бунёдииэшон аз қабили «Аз Ориён то Сомониён», «Забони миллат-ҳастии миллат», «Истиқлолияти давлатӣ ва эҳёи миллат» (дар 30 ҷилд), «Уфуқҳои истиқлол», «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Чеҳраҳои мондагор» ва ғайраҳонамунаи барҷастаи арҷ гузоштан ва бо диду назари нав омӯхтани саҳифаҳои пурғановати таърихи ниёгонамон мебошад, ки дар замони ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо баҳри ҳифзи таъриху фарҳанги миллати тоҷик, тарбияи насли худогоҳу худшинос аҳаммияти муҳим дорад.

Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, яке аз сарварони ташаббускор дар сатҳи ҷаҳон ба шумор рафта, дар Паёми навбатӣ (соли 2024) ба Маҷлиси Олӣ ба мақсади гиромӣ доштани таъриху фарҳанги миллӣ ва дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ намудани корномаи аҷдодонамон ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Возорати фарҳанг ва дигар сохтору идораҳои дахлдор супориш доданд, ки вобаста ба таҷлили 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир маводҳои заруриро омода ва ба ЮНЕСКО пешниҳод намояд, ки аҳаммияти онро барои ҳуввияти миллӣ ва эътирофи ҷаҳонӣ таъкид мекунанд.

Хушбахтона санаи 6-ноябри соли 2025 дар Иҷлосияи 43-юми ЮНЕСКО ин иқдоми дурбинонаи Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Устувони Куруш: Эломияи ибтидоии ҳуқуқи гуногунрангии фарҳангӣ» қабул карда шуд.

Қатъномаи мазкур, воқеан ҳам, аҳамияти муҳимми таърихӣ ва маънавӣ доштани Эъломияи Куруши Кабирро ҳамчун яке аз аввалин санадҳои ҳуқуқе, ки инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро аз қабили мазҳабу эътиқод, макони зист, эҳтиром ба фарҳангҳои гуногун ва ҳамзистии осоиштаи сокинонро дар мавриди аввал мегузорад, тасдиқ ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд.

Қабул гардидани санади мазкур барои таҳкими арзишҳои умумибашарӣ, ҳамзистиву ҳамдигарфаҳмии одамон, таҳаммулпазирӣ, рафъи мухолифатҳои мазҳабиву фарҳангӣ миёни гурӯҳҳои алоҳида ва барои рушди муколамаи фарҳангҳо дар доираи созмони бонуфузи ЮНЕСКО саҳми арзанда мегузорад.

Боиси ифтихор ва сарфарозии мо тоҷикон аст, ки нахустин санади таърихиву ҳуқуқӣ доир ба озодии виҷдону эътиқод ваҳуқуқҳои фитриву табиии инсон Эъломияи Куруши Кабир «Оид ба озодии виҷдон» ҳанӯз соли 539 пеш аз милод аз ҷониби шоҳаншоҳи империяи Ҳахоманишиён, ки ҳудуди имрӯзаи давлати моро низ фаро мегирифт, намояндаи барҷастаи мардуми тамаддунофари ориёӣ Куруши Кабир офарида шуда буд. Қабули Қатъномаи зикргардида гувоҳи он аст, ки то имрӯз ин санади муҳим мақому манзалати худро гум накарда, муқаррароти он барои эъҷоди санадҳои тақдирсози байналмиллалӣ ва миллӣ оид ба ҳифзу кафолати ҳуқуқи инсон хизмат мекунад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари безаволи худ «Чеҳраҳои мондагор» доир ба шахсияти Куруши Кабир чунин таъкид намудаанд: «Куруш дар таърихи тамаддуни башарӣ бо сиёсати оқилонаи кишваркушоӣ, таъсиси империяи тавоною муттамаркази ориёӣ, усули нави идоракунӣ ва шакли мукаммали давлатдорӣ, ислоҳоти умури сипоҳу низоми лашкар, густариши тиҷорату тадбирҳои роҳсозӣ, алалхусус пойдории адолату пуштибонии ҳуқуқи манзалати ҷумлаи халқиятҳои сокини қаламраваш шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардааст. Эъломияи таърихии Куруш бошад, аз ҷониби олимону муаррихон ҳамчун нахустин эъломияи ҳуқуқи башар эътироф шудааст, ки низоми одилона, инсонпарварона ва дунявии давлатдориро пуштибонӣ кардааст». Ин баҳои баланди Сарвари давлат моро водор месозад, ки аз таъриху тамаддун, санадҳои ҳуқуқии эъҷодкардаи аҷдодонамон огоҳ бошем ва онро мавриди омӯзишу баҳрабардорӣ қарор диҳем.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо, донистани таъриху мероси пурғановати гузаштагонамон ва ҳифзу гиромидошти он амри зарурӣ ба шумор меравад. Муҳаққиқон ва ҳуқуқшиносони Ғарб иброз медоранд, ки сарчашмаи «Эъломияи ҳуқуқи башар»-ро, ки 10 декабри соли 1948 аз ҷониби Ассамбляи Генералии Созмони Миллали Муттаҳид қабул гардидааст, «Хартияи (Эъломияи) бузурги озодиҳо» ташкил медиҳад, ки он 15-уми июни соли 1215 аз ҷониби шоҳи Англия Иоанн Ҷон, ки бо лақаби Иоанни Безамин (1199-1216) машҳур буд, ба тасвиб расида буд. Мо ба ин андеша розӣ буда наметавонем, чунки онҳо таърихи эъҷоди қонунро дар Шарқи Қадим сарфи назар мекунанд.

Аз манбаъ, сарчашмаҳои таърихӣ ва тадқиқотҳои бостоншиносӣ бармеояд, ки Қонуни Ҳамурапи, Қонуни Ману, Эъломияи Куруши Кабир, Қонунномаи Сосониён аз давраҳои қадим эҷоду амал кардаанд ва исботи зодаи Шарқ будани қонуни мазкур мебошанд.

Дар таърихи илми ҳуқуқ, бунёдгузорӣ ва эҷоди қонун саҳми мардуми ориёӣ, ниёгони мо хеле бузург аст. Дар ин радиф «Эъломияи Куруши Кабир оид ба озодии виҷдон» мақоми махсус дошта, муқаррароти он бе ягон шакку шубҳа сарчашмаи «Эъломияи умумии ҳуқуқи башар», ки 10 декабри соли 1948 аз ҷониби СММ қабул гардидааст, маҳсуб меёбанд.

Олимону муаррихони хориҷӣ ба оини давлатдорӣ ва принсипҳои башардӯстонаи Куруши Кабир арҷ гузоштаанд. Файласуфи бузурги Олмон Фридрих Гегел дар асараш «Фалсафаи таърих» баён намудааст, ки «низоми давлатдории мутамаддин ва умуман таърихи тамаддуни умумибашарӣ маҳз аз таърихи пурҷозибаи порсҳо ва ойини давлатдории Куруши Кабир оғоз меёбад».

Эъломияи Куруши Кабир аз 39 банд (ё модда) иборат буда, ҳангоми ҳафриёти обидаҳои Тахти Ҷамшед соли 1879 дар Бобул аз ҷониби бостоншиноси бритониёӣ Хормуз Расам бозёфт шуданд ва аз ҷониби бузургтарин олимони ҳуқуқшиноси ҷаҳон ҳамчуннахустин Эъломияи ҳуқуқи башар дар арсаи таърих эътироф гардидааст. Имрӯз яке аз нусхаҳои нодири он дарОсорхонаи Британия дар Лондон бо номи «Устувони Куруш», дар бахши «Хазинаҳои Сирдарё» нигоҳ дошта шуда, маърази тамошобинон мегардад. Устувон ё Эъломияи Куруши Кабир бо хатти мехӣ ва забони қадими эломӣ навишта шудааст.

Дар Эъломияи Куруши Кабир чунин омадааст: «Ман шоҳаншоҳи бузург ва тавоно Куруш шоҳи Бобул, Ошур, Шушу Аккад шоҳаншоҳи чор қаламрав мебошам. Ман Бобулро бехунрезӣ тасарруф намудам ва тамоми мардум маро бо хушнудӣ истиқбол намуданд. Ман, Куруш ҳоло соҳиби тахту тоҷи подшоҳӣ шудам ва то замоне, ки Аҳурамаздои Бузург лаҷоми идоракуниро ба уҳдаи ман мегузорад, ман дар олам зиндагӣ хоҳам кард. Ман ҳеч гоҳ тавассути зӯрӣ ҳукмронии худро ба мардуми дигар бор нохоҳам кард ва дар қаламрави ман ҳар як халқ озод аст, ки ҳукумати маро қабул ё рад намояд. Агар онҳо ҳукумати маро, ки дар Эрон, Бобулистон ва дигар кишварҳо эътироф шудааст, рад намоянд, ман намегузорам, ки бар зидди ин мардум касе зӯроварӣ намоянд. Агар касе (тоифае) бо сабаби заифӣ, нотавонии худ гирифтори зӯроварӣ гардад, ман ӯро ҳимоя менамоям, ҳаққу ҳуқуқи ӯро барқарор месозам ва гунаҳкоронро ба муҷозот мекашам. То замоне, ки ман соҳиби ин мулк ҳастам, намегузорам, ки касе бо зӯрӣ ё дигар рафтори ғайриқонунӣ сарвати бегонаро азонихуд намояд ва молу мулки ғайрро бидуни пардохти ҳаққи он тасарруф намояд. Ман намегузорам, ки касе шахси дигарро бо зӯрӣ кор фармояд ва ба ӯ музди меҳнат надиҳад. Ман эълон менамоям, ки ҳар кас дар эътиқод ва имон озод аст ва метавонад ба ҳар дину мазҳабе, ки мехоҳад имон ва эътиқод орад, макони зисти худро озодона интихоб намояд ва парастиши худро аз рӯи эътиқодаш ба ҷо орад. ... Фармон додам, ки ҳама мардум дар парастиши Худои худ озод бошанд ва бединонро наёзоранд. ... Фармон додам, ки ҳар кас дар интихоби касбу кораш озод аст, ба шарте, ки ӯ ҳаққу ҳуқуқи дигаронро поймол насозад ва дигаронро зарар наорад. Сулҳу оромӣ ва амниятро ба тамоми мардум ато кардам».

Куруши Кабир ба ҷаҳониён аввалин Эъломияи ҳуқуқи башарро пешниҳод намуд ваӯ барҳақ тарҳи тамаддуни наверо асос гузошт, то кулли қавму қабилаҳо аз зери зулму ситам наҷот ёбанд ва озоду осоишта зиндагӣ намоянд. Аз ин ҷост, ки қавму қабилаҳои қадим Куруши Кабирро наҷотбахши худ хонда, яҳудиён ӯро ба чӯпоне шабоҳат додаанд,киазҷонибиХудовандмаъмуриҳифзи ҳамагондарамну озодӣ фиристода шудааст.

Эъломияи Куруши Кабир бо ҷанба ва шеваи адлу инсоф, башардўстӣ, адолатпарварӣ, эҳтиром ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар таърихи санадҳои байналхалқии ҳуқуқӣ мақоми шоиста дошта, сароғоз ва сарчашмаи ташаккул ва рушди минбаъдаи қонун, ҳуқуқ ва озодиҳои башар ба ҳисоб меравад ва далели раднопазири он аст, ки воқеан, қонун зодаи эҷод ва тафаккури мардуми ориёии тамаддунофар мебошад.

Боиси таваҷҷуҳ аст, ки 2550 сол қабл Куруши Кабир чунин меъёрҳоро муқаррар сохта буд, ки имрӯз чун далел ва нишони тамаддуни пешрафтаи инсоният ба ҳисоб рафта, ба санадҳои ҳуқуқи байналхалқӣ ва конститутсияҳои мамлакатҳои мутамаддин инъикоси худро ёфтаанд.

Мисоли возеҳи онро дар моддаи 16-и Эъломияи умумии ҳуқуқи башар дида метавонем, ки гуфта мешавад: «Ҳар як инсон ба озодии андеша, виҷдон ва дин ҳуқуқ дорад». Ё мутобиқи моддаи 1-уми Конститутсия - Тоҷикистон давлати дунявӣ мебошад ва тибқи моддаи 26-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар як шахс ҳуқуқ дода шудааст, ки муносибати худро ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд. Чунин меъёрҳои дунявиятро дар моддаи чоруми КонститутсияиҶумҳурии Федералии Олмон, моддаи дуюми Конститутсияи Ҷумҳурии Франсия, моддаи 26-и Конститутсияи Федератсияи Русия, моддаи 6-и Конститутсияи ИМА ва конститутсияҳои дигар мамлакатҳо мушоҳида кардан мумкин аст.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки зиёда аз 50 ғояи Куруши Кабир, ки дар Эъломия баён ёфта буданд, имрӯз дар санадҳои байналмиллалӣ, конститутсияи кишварҳои гуногун, аз ҷумла Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои кишвар инъикоси худро ёфтаанд.

Ҳамин тариқ, Куруши Кабир яке аз чеҳраҳои мондагори таърих ва намояндаи мардуми ориёӣ ба шумор рафта, дар Эъломияи худ принсипу ғояҳоеро эълон намудааст, ки онҳо имрӯз низ дар самти ҳифзу кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон, пойдорӣ ва устувории сулҳу субот, оромӣ, ваҳдат, таҳамулпазирӣ дар ҷаҳони муосир, ҳамзистиву ҳамдигарфаҳмии пайравони дину мазҳабҳои гуногун аҳамияти муҳим дорад.

Бо иқдоми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи ташкилоти бонуфузи ЮНЕСКО қабул гардидании Қатномаи «Устувони Куруш: Эломияи ибтидоии ҳуқуқи гуногунрангии фарҳангӣ» моро водор месозад, ки аз кору пайкор, қаҳрамониҳои гузаштагони худ ифтихор намоем, мероси таърихиву фарҳангии миллати худро омӯзем, ҳимоя намоем ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кунем. Вазъи имрӯзаи ҷаҳони муосир, рушди босуръати илму техника ҷавонони кишварро водор менамояд, ки дониши сиёсиву ҳуқуқии худро тақвият бахшида, ҳуқуқу озодиҳои худ ва дигаронро донанд, муқаррароти меъёрҳои қонунгузориро риоя намоянд ва барои ҳифзи Ватан ва манфиатҳои миллии кишвар доимо омода бошанд.

Ҷабборзода Иброҳим Раҳмат,

дотсент, мудири кафедраи ҳуқуқшиносии

Муассисаи давлатии таълимии

«Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи

академик Бобоҷон Ғафуров»

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ