ТОЗАНАШР: АСОСҲОИ ЗАБОНИ БАРНОМАСОЗИИ С#

Китоби дарсии «Асосҳои забони барномасозии С#», ки барои гузаронидани машғулиятҳои назариявӣ, амалӣ ва лабораторӣ аз фанҳои «Асосҳои алгоритмиронӣ ва забонҳои алгоритмӣ», «Барномасозӣ», «Амалияи барномасозӣ» ва «Забонҳои барномасозии ҳозиразамон» ба донишҷӯёни ихтисосҳои «Таъминоти барномавии технологияҳои иттилоотӣ», «Амнияти компютерӣ» ва «Кибернетикаи иқтисодӣ» пешбинӣ шудааст, ба қалами устодони факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотии Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» Низомиддинов Сайфиддин ва Раҳимов Ҷамшед тааллуқ дорад. Китоби дарсии мазкур моҳи сентябри соли 2025 дар нашриёти «Нури маърифат» ба табъ расида, аз 170 саҳифа иборат мебошад.

Китоб фарогири шаш боб, 120 зерфасл, бахшҳои «Асосҳои барномасозӣ дар С#», «Корҳои лабораторӣ аз барномасозӣ», «Барномаҳои хаттӣ», «Барномаҳои шохавӣ» ва «Барномаҳои сиклӣ» буда, ба китоб номзадони илмҳои физика ва математика Мухаммедова Шоира ва Ҳамдамов Шералӣ тақриз навиштаанд.

Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ, омӯзишгоҳҳо, коллеҷу литсейҳо, хонандагон ва омӯзгорони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ тавсия гардидааст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ