Кафедраи назария ва амалияи забони англисӣ

Телефон для справки

Кафедраи назария ва амалияи забони англисӣ дар соли таҳсили 1998-1999 ташкил ёфтааст. Аз давраи ташкилёбиаш кафедраи мазкурро дотсент Мулкиджанян А.Г., сармуаллима Пивоварова Н.П., дотсент Абдуллоева М.А. роҳбарӣ намудаанд ва айни ҳол дотсент Юсупова М.А. мудири кафедра мебошад.Ҳоло аъзоёни кафедра дотсентон Юсупова М.А., Бобохоҷаева М.А., Раҷабова М.М., омӯзгорон Ҳайдарова Ф., Сидиқова М.А., Мӯминова Ш.М., Абдукаримова Ф.Ш. бо таълиму тарбияи шогирдон машғуланд.


Дар давоми солҳои охир кафедра ба комёбиҳои назарраси илмию таълимӣ ноил гардид. Аз тарафи устодони кафедра монография, дастурҳои таълимӣ ва методӣ, мақолаву фишурдаҳо ба нашр расонида шуданд. Тӯли ин солҳо омӯзгорони кафедра Ҳайдарова Ф.У. рисолаи номзадии худро таҳти роҳбарии профессор Усмонов К. ва Сидиқова М.А., Орипова М.Ҳ. таҳти роҳбарии профессор Ҷамшедов П. дифоъ намуданд. Унвонҷӯи кафедра Абдукаримова Ф.Ш. айни ҳол ҳимояи пешакии рисолаи диссертатсиониро бомуваффақият гузашта, дар моҳҳои наздик сафи омӯзгорони унвондорро зиёд менамояд. Боиси зикр аст, ки омӯзгорони кафедра дар барномаҳои байналмилалӣ ба монанди “TEMPUS FLEPP” фаъолона иштирок менамоянд. Дотсент Абдуллоева М.А. дар Донишгоҳи Ҷорҷияи ИМА фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ бурда, дар грантҳои сафоратхонаи ИМА ширкат варзида, пойгоҳи кафедраро бо адабиёти дарсӣ ғанӣ гардонид. Аъзои кафедра дар конфронсу ҳамоишҳои донишгоҳӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, бо маърӯза ва гузоришҳои мухталиф баромад мекунанд. Дар кафедра маҳфили «Адабиёти кишварҳои Британия ва Амрико» фаъолият мебарад, ки дар он донишҷӯён бо маърӯзаҳои ҷолиб баромад менамоянд.