Кафедраи фонетика ва лексикологияи забони англисӣ

Телефон для справки

Кафедраи фонетика ва лексикологияи забони англисӣ соли 1997 дар заминаи кафедраи филологияи англисӣ №1 ташкил ёфтааст. Сарварии онро солҳои қабл дотсент Нематуллоева М.Н., доктори илмҳои филологӣ, профессор Азимова М.Н., дотсент Раҷабова М.М бар уҳда доштанд. Онҳо дар тайёр намудани кадрҳои баландихтисос, таълиму тарбияи ҷавонон саҳми босазо гузоштаанд. Аз моҳи сентябри соли 2016 инҷониб вазифаи мудири кафедраро номзади илмҳои филологӣ Азимова С.Р. бар ӯҳда дорад.


Кафедраи мазкур аз фанҳои "Фонетикаи амалӣ", "Фонетикаи назарӣ", "Лексикологияи забони англисӣ", "Амалияи нутқи шифоҳӣ ва хаттии забони англисӣ", "Фразеологизмҳои забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ” ва ѓайраҳо ба донишҷўёни солҳои I - IV сабақ меомўзонад. Кафедра дар тарбияи омўзгорони забони англисӣ саҳми назаррас дошта, тўли солҳои фаъолият барои таълими забони англисӣ бо истифода аз усулҳои самарабахш ва фаъоли таълим, ѓанӣ гардодани захираи луѓавӣ, фарох сохтани доираи назари донишҷўён ва тарбияи мутахассисони баландихтисоси соҳа кўшиши зиёд ба харҷ дода истодааст. Алҳол устодони кафедра ба монанди профессор Азимова М.Н, номзадони илм Нематуллоева М.Н., Азимова С.Р., Икрамова М.Т., сармуаллимон Исоева Д.Ҳ., Ҷӯраева Н.И., омӯзгорон Набиҷонова З.А., Зоидова Т.А., Раҷабова С.Б., Қӯзиева Ш.К., Бобоҷонова М.Н., Абдуллоев М.М. дар самтҳои гуногуни такомули ҷараёни таълиму тарбия саъй намуда, ҳамзамон корҳои илмию тадқиқотӣ бурда истодаанд.

Барои таъмини мубодилаи байналмиллалӣ чанд нафар омўзгорони кафедра дар семинарҳо барои омӯхтани усулҳои навини таълими забони англисӣ ширкат меварзанд. Аз ҷумла, устодони кафедра Азимова С.Р. Набиҷонова З.А. ва Иброгимова М.Т. иштирокчии барномаи ЕТМ (English Teacher Mentor Programme), ки аз тарафи сафоратхонаи Амрико ташкил карда шудааст, мебошанд. Гузашта аз он, як қатор омӯзгорони кафедра аз рӯи лоиҳаҳои гуногун дар донишгоҳҳои Амрико, Шотландия, Бритониёи Кабир такмили ихтисос гузаштаанд. Умуман, солҳои охир ин кафедра ба комёбҳои назарраси илмию таълимӣ ноил гардидааст. Дар соли таҳсили 2016-2017 5 нафар омўзгорони кафедра рисолаҳои номзадии худро бо муваффақият дифоъ намуда, ба унвони номзади илмҳои филологӣ сазовор гардиданд.