Кафедраи грамматикаи забони арабӣ

Телефон для справки

Кафедраи грамматикаи забони арабӣ бо фармони ректори ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров №65 аз санаи 30.06.2000 таъсис ёфтааст. Вазифаи мудирии кафедраро аз моҳи июни соли 2000 то моҳи январи 2007 дотсент Н. И. Ғиёсов, аз моҳи январи 2007 то моҳи апрели 2008 профессор У. А. Ғаффорова, аз апрели 2008 то моҳи декабр дотсент А. Раупов, аз декабри соли 2008 то моҳи январи соли 2011 дотсент Қ. Б. Додобоев, аз январи соли 2011 то моҳи сентябри соли 2012 дотсент М. И. Ҳасанова, аз моҳи сентябри соли 2012 то моҳи майи соли 2017 дотсент Ф. Н. Ғиёсова ва аз моҳи майи соли 2017 дотсент Б. Х. Эшонқулов бар уҳда дорад.

Кафедра дар зарфи дувоздаҳ соли мавҷудияти худ тавонист, ки ба ҳайси кафедраи пешбар ба муҳимтарини рукни факултет табдил ёбад. Дар ин муддат ҳашт нафар устодони кафедра рисолаҳои номзадии хешро бомуваффақият ҳимоя намуданд. Аз ҷумла, А. Раупов, Ф. Ғиёсова, О. Сулаймонов, И. Болтубоев, М. Ҳасанова, Ф. Салимов ва О. Мирмухамедов.


Кафедра фаъолияти илмии хешро дар мавзуъҳои гуногуни самти “Забоншиносии назариявӣ ва фарҳангнигорӣ” пеш мебарад. Ҳайати устодони кафедра иборат аз дотсентон – Б. Х. Эшонқулов, Н. И. Ғиёсов, Ф. Ғиёсова, О.Мирмухаммедов, М. Ҳасанова, сармуаллима – Н.Қӯзиева ва муаллимон – И.Ҳасанов, А.Болтубоев, С.Низомова, П.Дадохоҷаева мебошанд.