Раҷабова Саиднисо

Должность:
Омӯзгор
Ҷои кор:
Мактаби махсус барои кӯдакони қувваи босираашон суст ва нобино.

Ман ҳамчун хатмкунандаи факултети педагогии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд тамоми маҳорату малакае, ки имрӯз дорам, аз устодони факултет аз худ намудаам. Аз ин рӯ, миннатдории кулли хатмкунандагон ва шахсан худамро ба устодоне, ки маро ба чунин мартаба расониданд ва аз илми замони хеш бархурдор намуданд, мерасонам. Тавассути дониш, маҳорату малака ва ҷаҳонбинии устодони ботаҷрибаи ҳамин боргоҳи таълимӣ имрӯз дар тамоми ҷабҳаҳои муассисаҳои таълимии шаҳру вилоят мутахассисон кор ва фаъолият бурда истодаанд, ки ин ифтихори бевоситаи донишгоҳ маҳсуб меёбад.