Зиёрати оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушти хоки ин фарзандони барӯманди миллат аз шаҳри Москва ба Тоҷикистон оварда шуда, дар пойтахти кишвар бо эҳтироми хоса ба хок супурда шуд. Ин иқдоми таърихӣ ҳамчун нишонаи қадршиносӣ аз хизматҳои шахсиятҳое арзёбӣ мегардад, ки барои бунёд ва таҳкими давлатдории тоҷикон саҳми арзанда гузоштаанд.

Таҳти роҳбарии Раиси вилояти Суғд, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода ректори Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин ва як гурӯҳ устодони Донишгоҳ дар ҳайати намояндагони вилояти Суғд дар маросими зиёрати оромгоҳи Қаҳрамонони Тоҷикистон - Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва ходими намоёни давлатӣ ва ҷамъиятӣ Нисор Муҳаммад иштирок намуданд.

Иштирокчиён бо гузоштани гулчанбар ва гулдастаҳо ба хотираи неки фарзандони содиқи миллат арҷ гузошта, аз саҳми арзишманди онҳо дар ташаккули давлатдории миллӣ, ҳифзи манфиатҳои мардум ва таҳкими пояҳои давлатдории тоҷикон ёдовар шуданд.

Зимни зиёрат таъкид гардид, ки хизматҳои таърихии Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва Нисор Муҳаммад дар роҳи эҳёи давлатдории миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллат барои наслҳои имрӯзаву оянда ҳамчун мактаби бузурги ватандӯстӣ хизмат мекунад.

Ҳузури намояндагони Донишгоҳ дар ин чорабинӣ идомаи тадбирҳои тарбиявию маърифатии ҷомеаи меҳнатии ин боргоҳи илму маърифат дар самти таҳкими худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба мероси таърихии миллат маҳсуб меёбад. Зеро омӯзиш ва тарғиби зиндагиномаву корномаи шахсиятҳои барҷастаи таърихӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти таълимиву тарбиявии Донишгоҳ ба ҳисоб меравад.

Маркази иттилоот

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ