Зи бадзодагон ҳаргиз набандед умед

Зи бадзодагон ҳаргиз набандед умед,

Ки зангӣ ба шустан нагардад сафед.

Ахдшиканӣ ва низоъ иғвои навбатии Кирғизҳо боиси моҷарои дар сарҳади Точикистону Киргизистон гардид. Имрузҳо симои аслии сиёсатмадорони қирғиз маълумшуда истодааст ва мардуми Тоҷикистон сиёсатмадорони қирғизро аҳдшикан мешиносанд. Ҳизбу ҳаракатҳои разолатпарасти қирғиз муддати якчанд сол аст, ки мардуми Тоҷикистонро осуда зиндагӣ кардан намемонад. Чаҳони муосир саршор аз руйдодҳои мухталиф ва зиддияту мухолифатҳост. Ҳар руз дар арсаи олам ҳодисаҳое ба вукуъ мепайванданд, ки нисбат ба онҳо бепарвову бетараф будан харгиз раво нест.

Лозим ба қайд аст, ки низомиëни қирғиз барои амалӣ намудани нақшаҳои пинҳонкоронаи худ тез-тез машқои низомӣ гузаронида истодаанд. Аз ҳамон лаҳзае, ки қарордод имзо намуданд то инҷониб чандин ҳолатҳои ташвишовари онҳо аз ҷумла найрангбозиву нақшаҳои иғвоангезонаашон дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ ба қайд гирифта шудааст.

Пас аз хар музокирот кирғизхо дар минтакаи сархади даст ба иғвои навбати мезананд ва хуни мардуми тоҷикро мерезанд. Муссаламаст, ки ороми нисбии ҳозирадар сарҳадиТоҷикистону Кирғизистон то замони муноқишаи навбатии сокинони Ворух ва Оқсой ва ғайра ки дар ҳарфурсати муносиб ва бо баҳонаҳои гуногун рух медиҳанд,боқӣ мемонад.

Боиси тазаккур аст, ки чанд ҳафта пеш Қамчибек Тошиев раиси КДАМ-и Қирғизистон барои харидории ҳавопаймои бесарнишин ба Туркия сафар карда буд, ин амали ӯ бесабаб нест, шояд барои ҳамлаи навбатӣ омодагӣ мебинад. Доир ба ин масъала фикру мулоҳизаҳои баъд гумонҳои бад зиëд аст, зеро ки ҳар даъфа ин ду роҳбари Қирғизҳо ба Туркия сафар мекунанд амалҳои разолатпарастонаионҳо дар сарҳади мо ба вуқуъ мепайванданд.

Ҳатто Садир Ҷапаров чанд рӯз пеш дар Федератсияи Русия ҳамроҳи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин сари мизи мудаввар оиди мушкилоти марзӣ нишаста буданд ва Валадимир Путин талаб кард, ки мушкилоти марзиро бояд ҳал намоянд. Аммо Садир Ҷапаров дар сухан яку дар амал разолатпешаву аҳдшикан ва ноуҳдабаро мебошад. Бо Садир Ҷапаров ва Қамчибек Тошиев бастани қарордод суде надорад, зеро аз ин ду роҳбари аз зиндон раҳо шуда ҳеҷ умеди сулҳ бастану бартараф намудани мушкилоти марзӣ нест.

Мо бояд ин амалҳои ноҷавонмардонаи Қирғизро ки пайваста барои ноором сохтани вазъи сарҳад нигаронида шудаанд ба инобат гирифта ҳушëриву зиракиро аз даст надиҳем ва нагузорем, ки ягон қатра хуни ноҳақи тоҷик ба замин резад.

Оқибат гургзода гург шавад,Гар чи бо одамӣ бузург шавад.

Гурдофариди Рустам – омӯзгор, таҳлилгар

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ