Заҳр не, ноодамии одамон кушад маро...
Тайи солҳои охир баъзе аз коршиносон нигаронӣ мекунанд, ки сафи онҳое, ки ба хондани рӯзномаҳо майл доранд, торафт кам мешаванд. Худи мардум ба ин ҳол сатҳу сифати матолиби рӯзномаҳоро сабаб мешуморанд. Ин гуфта агарчӣ то ҷое воқеият дорад, омили аслӣ буда наметавонад. Зеро нашрияҳои хонданбоду арзишманди зиёд дорем ва наметавон ба ин мавзуъ баҳои умумӣ дод. Аслан гирем, дар ҷомеаи мо тайи солҳои охир дар умум сатҳи мутолиа паст гардида, хушбахтона давоми чанд сол ин мушкил ислоҳ гардида истодааст.
Агар дур шудан аз мутолиаро аз сатҳу сифати газета вобаста донем, пас, шабакаҳои гуногуни иҷтимоии интернетӣ ҳам наҳама аз сатҳу сифати хуб бархурдоранд, аммо новобаста ба ин хонандаи зиёд дорад. Инҷо хулоса кардан мумкин аст, ки хонанда ҳамеша воситаи иттилоотии қулай ва дастрасро меҷӯяд.
Воқеан, имрўз шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ, ки ба корбаронаш минбари озод фароҳам кардааст, барои табодули афкор, дарёфти маълумот ва иттилои зарур хеле қулай мебошанд. Матбуот низ ҳамчун як рукни муҳими ҷомеаи демократӣ дар ҷомеа фазои гуногунандешиву озодбаёниро эҷод месозад. Баробари ин, он дар як вақт ҳамчун нерўи маънависоз дар баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷомеа саҳми намоён мегузорад, ки аз рисолати муҳими матбуот маҳсуб мешавад.
Вале дар хотир бояд нигоҳ дошт, ки матбуот дар саҳфаи худ маводи ҷолибу санҷидашуда ва асоснокро пешкаши омма месозад, аммо, дар шабакаҳои иҷтимоӣ баробари фаъолияти саҳифаҳои судманди самарбахш ба навор, хабар ва дигар манбаъҳои иттилоърасони бардурӯғ ва пур аз туҳмату иғво ва гурӯҳу созмонҳои экстремистиву террористӣ рӯ ба рӯ шуд, ки хатари бештар ба оила, ҷамъият ва давлат дорад.
Аз ин рӯ, бо муроҷиат ба насли ҷавони имрӯз, ки соатҳо вақти худро дар қафои интернет, фейсбук, ютуб ва дигар манбаъҳои итиллоърасон пайвастаанд, расонида мешаванд, ки аз дидану шунидан, навиштан, паҳн намудани иттилои ғаразнок, беандеша ва низоъангез худдорӣ намоянд. Зеро дурӣ аз ин шабакаҳои иҷтимоӣ ва барномаҳои ифротиён Шуморо ба роҳи илм, хушбахтӣ, ҳаёти осоишта ва саодатмандӣ мерасонад. Ҳайф аст ҳар як лаҳза, ки бо ноодамӣ, маккору фиребгар ва дурӯягон мегузарад...
Гулафзо Ҷӯраева – омӯзгори факултети забонҳои Шарқ